Принт

МОМАҶАВОБАК

Мушкили миллӣ-9

Нафаре бо номи Сафарр (маҳз бо 2 ҳарфи р), ки худро шаҳрванди шаҳри Норак (???) муаррифӣ намудааст, бар 1 матлаби мо эрод гирифтаву ш.Норакро чун маркази тамаддунофар муаррифӣ кардааст. Сӯҳбат сари матлабе меравад, ки омӯзгоре дар ин шаҳрак ба бачаҳо дарси ғусл меомӯхт (Мушкили миллӣ-4: Вақте муаллими физик ғусл меомӯзонад). Матлаби ин «шаҳрванди шаҳри Норак», ки ҳатто намедонад, Норак давлати алоҳида несту ӯ наметавонад гражданин-шаҳрванди он бошад (мо ҳама шаҳрванди ҶТ мебошему бас!), ҷоиз ба посух намебуд, агар пайваста ба ман занг намезаду пофишорӣ намекард, ки ин «шедевр»-ашро ҳатман нашр кунем!!! Ва боз аксашро низ агар намефиристод…

Подхалимизм! Ин зуҳуроти навро бештар аз ин вожа наметавон шарҳ дод. Шаҳрванди ш. Норак мӯҳтарам Сафарр шояд ин рисолаи илмияшро (бовар дорам) аз мадди назари раиси Норак гузаронидаасту «добро» ҳам гирифтааст, ки мехоҳад он ҳатман нашр шавад! 

Ва ана акнун шаҳрванди ш.Норакро 1 сӯ гузошта, роҷеъ ба «беку хон»-ҳои маҳаллӣ сӯҳбат мекунем. Маҳз беку хонҳо…, зеро раисон дар музофот мутаассуф мисле, ки худро беку хон тасаввур мекунанду ҳар танқиду таъкиду ҳушдоре, ки дар нисбат ба бекигарӣ, хонда шавад, шаҳраку навоҳии зертобеяшон навишта шуд, чун таҳқиру таҳдид қабул мекунанду подхалимҳояшонро «фас» медиҳанд! Ва ахириҳо шуруъ мекунанд, ки «журналист ғараз дорад, заказ гирифтааст, тӯҳмату бӯҳтон мерезад»… Аз барои савоб, мо-журналистон чӣ заказу ғараз дорем, агар ҳаққро менависем?! Магар ҷои раисро мегирем? Шунидаед, ки журналисти ҳақгӯе раис шуда бошад??? Заказу ғараз мисли шумо-подхалим-шаҳрвандон мегиранд, ки ҷои ислоҳи вазъ раисони худро сафед мекунанд! 

Журналистон проблема, мушкилро мебардоранд, то кор ислоҳ шавад. Норак 1 шаҳри саноатӣ, фарҳангӣ, аврупоӣ, дур аз таассуб, пешрафта ва рушдкардае буд. Ва аммо раиси кунунии Норак бояд аз мо бештару беҳтар донад, ки 1 нафар бо исми А.Норакӣ (исмашро пурра намеорем, то таблиғи сиёҳ-«черный пиар» нашавад), ки мубаллиғи  ДИИШ аст, обрӯву мартабаи бештаре аз дастгоҳи идеологии ӯ касб кардааст. Далел мехоҳед? Марҳамат! Террори велосипедсаворонро, ки ба имиҷи давлати мо зарбаи мӯҳлик овард, кӣ кард? Магар на норакиҳое, ки ба А.Норакӣ байъат бастанд? Куҷо буд, дар ин вақт раиси шаҳру «шаҳрванди ш.Норак-Сафарр»… бо 2 ҳарфи р??? Чаро дастгоҳи идеологии 1 шаҳр натавонист аз ин террор садд гузорад? Агар чунин амал дар даврони Сталин ҷой медошт, ҳам Сафарри пуштибони раис ва ҳам худи раис аз Сибир нома менавиштанд…

Мо дар он матлаб гуфтем, ки чаро ҳукумат дар ш.Норак чорабиниҳои фарҳангӣ намегузаронаду шоири муваффақи ҳамин шаҳрак Низом Қосимро бештар бар мардум муаррифӣ намекунад. Обсофкунаки раис, «шаҳрванди шаҳри Норак», мӯҳтарам Сафарр (бо 2 р) бошад…моро санги маломат мезанад, барои ҳамин иддао низ. Магар таблиғу ташвиқи Айниву Лоҳутиву Турсунзодаву Лоиқу Қаноату Бозору Вализодаву Қутбиву А.Сафар кори хато буд? Пас ба чӣ кор оянд шуарои мо, агар ба таъбири С.Табаров, ки шаҳрванди ш.Норак-Сафарр (бо 2 р), худро шогирди он кас медонад, «чархчаву винтчаи механизми бузурги идеологии давлат набошанд»?!

Дастгоҳи идеологӣ на танҳо дар Норак, ки шаҳрванди алоҳидае дораду журналистонро санги маломат мезанад, мелангад. Куллан мо заъиф шудаем дар баробари таблиғу ташвиқи рӯзафзуни олами нано… Гуфтаам ва боз мегӯям, воқеоти шаби 6 ноябри соли равон-ҳуҷум бар дидбонгоҳи Ишқободи н.Рӯдакӣ ва хомӯшии баъдинаи расонаҳои дохилӣ собит сохтанд, ки мо дар ҷанги иттилоотӣ варшикастаем! Вагарна 1 изҳороти расмӣ, 1 сӯҳбат бо террористони боздоштшуда кофӣ буд, то даҳони бадхоҳони миллату давлати Тоҷикон дар Аврупо ва Русия баста шавад! На-кар-деммм! Зеро наметавонем!!! Ва имиҷи давлатро зери хатар гузоштем. Ва медонед чаро? Зеро чун шаҳрванди шаҳри Норак, мӯҳтарам Сафарр (бо 2 ҳарфи р), ҳар чиновник, мансабдор, раис, саис, хон, бек… обсофкунанке дорад, ки танҳову танҳо дар фикри сапедсозии «патрон»-ШЕФ ва ҳифзи курсии 1 нафараке ҳаст. Обрӯву имиҷи давлат барои ин обсофкунакҳо амалкарди 10-11-ум аст, агар 1000-у миллиардум набошад. Боқӣ, худо ҳофиз, шаҳрвандони шаҳру навоҳии алоҳида…

PS: Ва ахиран дар бораи муаллими физик-шизики норакӣ, ки ба атфол дарси ғусл меомӯхт: Ин нукта дар маҷлиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон садо дода буд ва агар «шаҳрванди шаҳри Норак- Сафарр» (бо 2 ҳарфи р) ва раиси МИҲД дар ш.Норак дар он иҷлосия иштирок мекарданд, ин нуктаро бо 2 гӯши хеш мешуниданд! Стенограмма ҳам дорему шоҳид ҳам. Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар