Принт

ММТ: Диск насӯхтааст! Овозаҳо асос надоранд!

Маркази миллии тести назди Президенти ҶТ дар ҷавоб ба мақолаи «Диск сӯхт!? Фармони №622: Маркази миллии тестӣ посух мегӯяд?», ки дар ҳафтаномаи «СССР», таҳти №48 (585) аз 28.11.2019 нашршуда буд, ба самъи шумо мерасонад, ки ин овозаҳо асоси воқеӣ надошта, серверҳои Марказ, ки тамоми иттиллооти марбут ба ИМД-аз бақайдгирӣ то коркард, хол, балгузории корҳои довталабон ва натиҷаҳои озмуни тақсимот дар пойгоҳи дар онҳо насбшуда нигоҳ дошта мешаванд, насӯхтаанд. Дар авҷи имтиҳонот ва замони баъди он бо ҳеҷ яке аз серверҳо мушкили фаннӣ рух надодааст. Бояд гуфт, ки ҳамеша нусхаи захиравӣ ё эҳтиётии додаҳо ҳифз карда мешавад ва сервери эҳтиётии дигар низ мавҷуд аст, ки дар зарурат истифодаи онҳо ба осонӣ ба роҳ монда шуда, кори бетанаффуси низоми иттилоотии «Довталаб» таъмин карда мешавад. Зимнан, бояд таъкид дорем, ки дар 6 соли фаъолияти Марказ боре ҳам чунин ҳодиса рух надода, ҳамасола имтиҳонҳо тибқи тартиби муқарраркардашудаи Ҳукумати ҶТ баргузор карда мешаванд.

   Дигар нукта он аст, ки тамомии компютерҳои Марказ бо таҷҳизоти ҳифзкунанда ва таҷҳизоти танзимкунандаи барқ, нармафзору сахтафзорҳо таъмин буда, ба технологияҳои таъмини бехатарии иттиллоот аз ҷониби мутахассисони Марказ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дода мешавад. Бояд таъкид кард, ки дар феҳрист на беш аз 40 000 нафар, балки маълумоти гуногун-аз бақайдгирӣ то коркард, хол ва балгузории довталабон ва натиҷаҳои озмуни тақсимот барои 103 916 довталаб мавҷуд аст, ки ҳаҷми он ба якчанд терабайт мерасад. Шумораи умумии довталабон дар ИМД-2019 комёбгардида 69 912 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 47 772 нафарашон ба донишгоҳу донишкадаҳо ва 22 140 нафарашон ба коллеҷҳо дохил шуданд. Маълумот дар бораи ҳар як довталаб дар сервери марказӣ мавҷуд аст.

Боз ҳам ба маълумоти шумо мерасонем, ки шумораи умумии довталабони барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ номнависшуда дар ИМД-2019 на 102 000, балки 88 237 нафарро ташкил медиҳад ва аз ин шумора 28 882 нафарашон дар баробари мактабҳои олӣ колеҷҳоро низ интихоб кардаанд. Аз шумораи умумии довталабони номнависшуда, ки беш аз 103 000 нафаранд, боқимондаи довталабон хатмкардагони синфи 9-уманд, ки ба колеҷҳо дохил шудан мехоҳанд.

Зимнан мо ба ҳафтаномаи «СССР» барои фароҳам овардани шароит барои робитаи бештар бо мардум изҳори сипос намуда, аз мухбирони газета даъват ба амал меорем, ки ба хабару овозаҳои дуруғу беасос бовар накарда, барои наздиктар ошно шудан бо фаъолияти Маркази миллии тестӣ бо мо ҳамкорӣ намоянд.

Хуршед Икромӣ, директори ММТ назди Президенти ҶТ

 

Матлабҳои дигар