ХАБАРИ ДОҒ

АГАР ШАРИФ НАЗАРОВ НАМЕБУД…

  • Чоршанбе, Дек 11 2019

 

   Охири  моҳи апрели соли 1972 писархолаам Каримов Худодод 2 имтиҳони давлатиро дар факултети химияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) бомуваффақият супурду барои «шустан» ба қаҳвахонаи он вақтҳо номдору овозадори «Лола» даромадем. 2 линги мурғу хлеби ройгон (ҳоло  ҳам мазааш аз комамон нарафтааст) ва 200 гр. албатта на оне, ки баъзе бародарон аз лавҳи хотир гузарониданд, компот гирифтем ва нӯши ҷон кардем. Дар рафти сӯҳбат Худодод иброз дошт, ки  2 рӯз  пас дар шаҳри Фрунзе (ҳоло Бишкек) командаи «Помир» бо «Олға» бозии навбатии худро дар чемпионати лигаи якуми СССР доир мекунад. Банда ки «пусташро дар чармгар мешинохтам» мақсади ӯро дарк карда гуфтам, ки ҳатман ба тамошои ин бозӣ меравем. Ҳамин тавр ба майдони ҳавоӣ рафтему бо 17 сумӣ  чипта гирифта, бо тайёраи «ЯК-40» ба Фрунзе паридем. 

 

Чигуна ману Худодод бозигари Помир шудем!

Дар меҳмонхонаи «Қирғизистон» назди Владимир Fуломҳайдаров, ки моро хуб мешинохт (чанд маротиб дар хонаи Худододу манзили Володя дами беғам зада будем) рафтем ва самимона вохӯрдем. Fуломҳайдаров чун  аз будубоши мо хабар ёфт, аз Шариф Назаров, ки  сармаъмурии дастаро  ба уҳда дошт, хоҳиш намуд, ки барои шароити беҳтар ба мо кӯмаки амалии худро расонад. Ҳамин шуд, ки баъди лаҳзае Худодод чун ниммуҳофизатгар ва банда чун ҳуҷумкунанда ба рӯйхати футболбозон номнавис шудем ва дар меҳмонхонаи «Қирғизистон» ҳуҷраи 2 нафарае насибамон гашт. Давоми 2 рӯз  даста машғули машқу мо бошад фориғ аз ҳама доругири зиндагӣ ба тамошои шаҳр мерафтем. 28  апрели соли 1972 дар стадиони «Спартак»-и Фрунзе бо иштирок 4500 нафар мухлис, дар 13 дараҷа гармӣ довар О.Ревзин аз Москва ҳуштак кашиду бозӣ шурӯъ гардид. Сартренери командаи «Помир» Ахмед Алекперов бозингарон С.Карасёв, В.Fуломҳайдаров, М.Салихов, В.Макаров, О.Хаби, Г.Черевченко, Л.Кириленко, М. Христич, И.Гурман ва дигаронро ба майдон баровард. Бозӣ ҳарчанд бо шуру шавқ давом карда бошад ҳам, он мусовӣ бе задани гол анҷом ёфт, ки барои дастаи «Помир» айни муддао буд. Пеш аз ба стадион рафтан мо дар назди меҳмонхона бо 8 нафар бозингарони «Помир» барои хотира расм гирифтем, ки айни замон ҳамчун ёдоварӣ аз давраи зеботарину ширинтарини зиндагиямон дар албоми Худодод маҳфуз аст «дар расм аз тарафи чап ба рост 1 М.Христич, 2 Қ.Абдуллоев, 4 Х.Каримов, 5 В.Fуломҳайдаров, 6 Г.Черевченко, 9 М.Салихов ва дигарон.

 Машғули хушиҳои рӯзгори ҷавонӣ бехабар мондем, ки барои бозгашт ба Душанбе маблағамон кифоят намекунад. Ҳайрону саргардон роҳи ҳалли масъала меҷустем, ки аз сари роҳамон Шариф Назаров баромад. «Саша»  (футболбозон бо Ш.Назаров ҳамин тавр муроҷиат мекарданд) намешавад, ки  ба мо каме рубл қарз диҳӣ, то ин ки чиптаи ҳавопаймо бихарем. Саша низ бечуну чаро маблағи заруриро ба мо дод ва ҳамроҳи командаи «Помир» ба Душанбе бозгаштем.  Баъди чанд рӯз дар бозии навбатии хонагӣ мо маблағи қарзро ба Саша баргардонидем ва изҳори сипос кардем. 

Саша, яъне Шариф Назаров

Бо гузашти солҳо дар дафтари кории корманди масъули федератсияи футболи Тоҷикистон Шавкат Ахмедов бо Шариф Назаров вохӯрдем ва ин қиссаро ёдрасаш кардем. «Вохӯриямонро дар шаҳри Бишкек дар ёд дорам, аммо ба шумо қарз доданро дар хотир надорам»-изҳор дошт Саша. Шояд ӯ фаромуш карда бошад, аммо  мо хубиҳо ва касбияти баланди тренерии Сашаро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накардаему намекунем. Маҳз дар замони сартренери команда будани ӯ дастаи «Помир» ба лигаи олӣ баромад ва дастаи овозадори «Спартак»-и Маскавро бо ҳисоби 5:1варшикаста кард. Ҳанӯз ҳам садои ширадори Ҷамшеди Исмоил «Помир, Помир…» аз лавҳи хотираи мухлисони охири солҳои 80 нарафтаасту намеравад. 

Фанати футбол

Ана ҳамин дӯст доштан буд, ки мани фарзанди Абдулло аз 13 июн то 13 июли соли 2010 беш аз 10 бозии чемпионати ҷаҳонро (бо шумули нимниҳоию финал) дар шаҳрҳои Ҷоханесбург, Кейптаун ва Дурбани Африқои Ҷанубӣ ва ҳамроҳ бо Худодод 2 бозии нимниҳоӣ ва финалии чемпионати Аврупоро соли 2012 дар шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина тамошо кардем. Ҳарчанд умри мо ба ҷое расидаву «офтоби сари дарахт шудаем» футболро дӯст медоштем, медорем ва хоҳем дошт. Мо метавонем. 

Худодод Каримов

Қиёмуддин Абдуллоев

шаҳри Ваҳдат, махсус барои СССР

 

Дастоварди Миллат

Аз редаксия: Шариф Назарович Назаров аз корифейҳои футболи советӣ ва маэстрои футболи Тоҷиканд, ки номашон бо пирӯзӣ дар Лигаи 1 ва баромади хубашон дар Лигаи Олии СССР ҳич фаромӯш намешавад. То ҳанӯз футболдонҳо мегӯянд, агар «союз барҳам намехӯрд», Помир дар соли 1992 ё 1993 ҳатман чемпиони Лигаи олии СССР мешуд. Чӣ ҷои баҳс, ки имрӯз дастпарварони Шариф Назарович аз ситораҳои тобони дастгоҳи мураббиягии Русияанд, ба мисли Черефченко, Рашид Раҳимов, Батурин…

Имрӯз ҳам Шариф Назаров ба 73-солагияш нигоҳ накарда, бо мошини худ дар кӯчаҳо мегардад, бачаҳои бозии хонагӣ (дворовой футбол)-ро ҷамъ меорад ва аз беҳтаринҳои онҳо даста месозад. Бовар намекунед? Далел орем?  Ӯ писари Шоираи Раҳимҷони мо-Умедро маҳз аз кӯчаи Профсоюз дарёфтаву ба машқи касбӣ бурд…

Ингуна инсонҳо дастоварди миллатанд ва бояд ҳифз шаванд!                                                    

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter