ХАБАРИ ДОҒ

Мардумро таҳқир мекунанд!

  • Чоршанбе, Дек 18 2019

   

Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба наздикӣ дар вохӯрӣ  бо кормандони мақомотҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, прократура ва амният чунин иброз карданд: «Бо мардум бо чеҳраи торик, бо қошу қавоқ ва дағалона сухан накунед. Бо чеҳраи кушод, бо сухани нарм ва муомилаи хуб рафтор кунед. Рафтори дағалона ва таҳқир мардумро аз давлату ҳукумат дилхунук мекунад». Зиҳӣ, фарзанди фарзонаи миллат, дуруду сано ба пешвои муаззами миллат!

    Рӯзи 1.10.2019 барои гирифтани шиноснома ба ШКД-и ш.Панҷакент ба шуъбаи шиносномадиҳӣ рафтам. Сардори шуъба 1 ҷавони хело бофарҳанг, хушмуомила бо 1 одоби баланди инсонӣ шиносномаамро ба ман супурду то дари даромад  гусел кард. Аз шуъбаи шиносномадиҳӣ аз чунин рафтори сардор хело хурсанд баромадам, аммо афсӯс, ки шодиям дер давом накард. Ҳангоми аз дарвозаи калон баромаданам, 1 нафар милитсионери ҷавон, ки тахминан 20-25 сола буд, маро боздошт карду ба сину солам, на ба мӯйсафедиам, на ба риши сафедам эҳтиром ба ҷо наоварда, бо суханони «уй шумо паспорт доред-мӣ? Ба хоначаи дарун дароед, ман шумоя протокол карда, ҷарима кунам» гуфт. Ҳатто аз китфи ман гирифта ба дарун, ба хоначаи ҷаримабандак кашид. Азбаски вақтам танг буду дар берун бемор доштам, худамро аз чанголаш раҳо карда, фақат гуфтам, ки ҳоло ист бо ту дар назди сардорат суҳбат мекунам. 

    Вақте ки корманди ШКД-и ноҳия ба мани омӯзгор, рӯзноманигор, се даъват вакили маҷлиси ҷамоат чунин муомила мекунад, вой бар ҳоли коргару деҳқон, вой бар ҳоли беваю бечорагон, ки ба ин даргоҳ бо мушкил меоянд! 

Иброҳим Аминзода, д.Ғезани Боло, ш.Панҷакент 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter