Принт

Нафақа тибқи реҷаи маблағгузорӣ!

вокуниш ба мақолаи шаҳрванд Исмоил Зарифӣ таҳти унвони «То ҳол нафақаи сентябрро нагирифтаем» (аз 22.10.2019)

Дар миқёси  вил.Суғд маблағгузории нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ тибқи реҷаи тасдиқгардида амалӣ гардида, ба ҳолати 11.11.2019 талаботи нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ барои 9 моҳи соли ҷорӣ ба таври пурра амалӣ карда шудаанд. Ин нишондод барои моҳи октябри соли ҷорӣ ба қадри 36,3 млн. сомонӣ ё худ  53,8 фоиз таъмин карда шуда бошад ҳам, лекин дар ин ҷода мушкилиҳо низ ба назар расида истодаанд, зеро ба ғайр аз 6  шаҳру ноҳия, аз ҷумла Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Мастчоҳ ва Айнӣ, дар шаҳру ноҳияҳои боқимонда дар масъалаи воридоти маблағи андози иҷтимоӣ норасоӣ нисбат ба талаботи нафақа ба назар мерасад, ки он бо назардошти хароҷотҳо аз ҳисоби андози иҷтимоӣ дар ш.Панҷакент-95,9 фоиз ҷамъоварӣ гардида, пардохти норасоии маблағи талаботи нафақа аз ҳисоби маблағҳои вилоят ва ҷумҳурӣ сурат гирифта истодааст.

Гарчанде, воридоти маблағи андози иҷтимоӣ бо назардошти хароҷотҳои нақшавӣ аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вил.Суғд дар ш. Панҷакент ба ҳолати 1.11.2019 68,3 млн. сомониро ташкил намуда бошад ҳам, лекин ин нишондод ҳамагӣ ба 97,2 фоизи нақша баробар гардида, норасоӣ нисбати таъмини нақшаи андози иҷтимоӣ 1,9 млн.  сомониро ташкил намуда бошад ҳам, маблағгузории талаботи нафақаи моҳи сентябри соли 2019 дар ш.Панҷакент санаҳои 15 октябр ва 24 октябри соли 2019 (бинобар дар ду марҳила сурат гирифтани маблағгузории нафақа) амалӣ карда шуда, ҳамзамон қисми аввали маблағгузории нафақа дар ш.Панҷакент санаи 11.11.2019 ҷараён гирифтааст.

Ҷоиз ба қайд аст, ки нишондоди болозикр боиси нигаронӣ буда, ба раванди маблағгузории талаботи нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ таъсири манфии хешро расонида истода, бақияи қарз аз ҳсиоби андози иҷтимоӣ дар шаҳри Панҷакент, мутобиқ ба иттилои Раёсати андоз дар вил.Суғд давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 3,9 млн. сомониро ташкил намуда, мутобиқ ба банди 155 Дастурамал оиди «Тартиби таъин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», ки аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ бо Фармоиши дахлдор аз 5.02.2016, №11 тасдиқ гардидааст, реҷаи маблағгузории нафақа барои моҳи гузашта, то санаи 20-уми моҳи навбатӣ пешбинӣ гардидааст. 

Пӯлодӣ У. сардори Раёсат    

 

Матлабҳои дигар