ХАБАРИ ДОҒ

Косаи шӯрботон гӯшт дорад?

  • Панҷшанбе, Янв 02 2020

 

Аҳлиддин Давлатов (тел: 988813131), аз н.Темурмалик занг зада перомуни нархи гӯшт ибрози назар кард: 

   - Вақтҳои охир дар дохили косаи шӯрбои хонаамон гӯштро пайдо кардан ғайриимкон аст, зеро нархи гӯшт хело гарон шудааст. Мегӯянд болоравии нарх дар музофот ба болобардории қимати гӯшт дар Душанбе бастагӣ дорад! Шояд шароити баъзеҳо барои харидани гӯшт бошад, аммо қисми зиёди мардум ин имкониятро надоранд. Аз ҳама масъалаи муҳим, ки ҷомеаро сахт ба ташвиш овардааст ин баланд шудани нархи орд ва тухм аст. Шӯрбои бе гӯштро метавон хӯрд, аммо шӯрбои бе нонро не! Мо умед доштем, ки сафедаҳоеро, ки аз таркиби гӯшт организмамон гирифта наметавонад, аз таркиби тухм мегирем, аммо ин умедамон низ ба бод рафт. Чаро нархи 1 халта орд то 235 сомонӣ расидааст ва 1  дона тухм 1 сомонӣ? Агар нархи сӯзишвориро гӯем, мегӯянд сӯзишворӣ маҳсулоти воридотист, лекин тухм маҳсулотӣ дохилӣ аст-ку! Чаро касе нархро назорат намекунад? Агар нархҳо ҳамин тавр гарон шудан гиранд, ба фикри ман оҳиста-оҳиста дар дастархони мардуми оддӣ ғайр аз 1 пиёлаи чой дигар чизе намемонад, агар чойи хушк низ гарон нашавад!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter