Принт

Аз Сол ба Сол

Салом хонанда, дӯст, бародар ва узви Ихвон ал СССР! Шодем, ки бо моӣ, ҳамонгуна, ки мо бо туем. Сӯҳбати имрӯзаи мо солинавист.

Бо акси Шогуна Собир!

Шогуна Собир, духтари дӯсти газетаи мо-Бозор Собири раҳматӣ, аҷаб сӯҳбатеро дар саҳфааш нигошта:

 -Оё шумо дар хонаатон арчаи солинавӣ насб кардед?

- Мо соли навро ҷашн намегирем.

- Чаро?

- Мусулмонон онро ҷашн гирифта наметавонанд. Зеро, аз аввал, ин ҷашн, аз они мо набуд.

- Ислом низ аз аввал аз мо набуд…

Медонед чӣ қадар умқтар меандешем, ҷавонони мо ҳамон миқдор ба коми ҷаҳл, торикӣ, мракобесие меғӯтанд. Зеро қобилияти омӯзиш аз даст додаву думболаи дилхоҳ мавъизаи муллои чаласавод медаванд. Саъдии Маҳдӣ, декани факултаи журналистика, муроҷеъ ба ишон гуфтааст, ки ниёи мо, дар даврони исломи ноб, низ Арчаи солинавӣ меорост ва аз Соиби Исфаҳонӣ мисол меорад:

Сарв аз бесамарӣ ҷомаи наврӯзӣ ёфт,

Ҷигари хеш махӯр, гар самаре  нест  туро!!!

Ва аз ҳама муҳим. Агар сахт ба дин часпонем  низ, оё таҷлили таваллуди Исо-пайғамбари мурсали Худои таъоло магар гуноҳ аст? О, эмон, ин бовар ба ҳама кутуб ва расулони Ӯст-ку? Ё не?

Шаби ялдо, аз вожаи суриёнӣ гирифта шуда, маънии таваллудро дорад: Таваллуди Митра-худои Офтоб дар овони қабл аз Зардуштия ва динҳои Худо. Ситорапарастон, ки Худо ишонро дар Қуръон ваъдаи ворастагӣ додааст (китоб хонед!), ҳазорон сол пеш аз мавлуди Исо медонистанд, ки дар ҳамин шаб ин пайғомбари Худо ба дунё меояд ва пас аз таваллудаш Волхвҳо (Волх ё Влх, ки имрӯз дар лаҳҷа чун Флх корбаст аст), аз миёни Тоҷикон бархеставу ба табрикаш рафта буданд!

 Рӯиҳамрафта, бидуни сиёсат низ, 1 январ оғози Тақвими Расмӣ дар ҶТ аст. Соли Наватон муборак! Мо Метавонем!

 

Матлабҳои дигар