Принт

Роғун тағийр ёфт!

Наҷмиддин Худоиев, сокини ш.Роғун ба телефони идораи газета-238 55 56 занг зада, гуфт, ки бо  омадани раиси тозаинтихоб Музаффар Сулаймонзода ба ҳайси раиси ш.Роғун дар 1 муддати кӯтоҳ дар рӯ ба рӯи бинои Ҳукумат муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Нишони давлатӣ ва Парчам ниҳоят зебо қомат афрохта, ҷолибу диданӣ шуд. Бояд гуфт, ки раис худ зодаи ҳамин диёр асту ҳамеша бо мардум. Ҳафтае нест, ки ӯро зимни мулоқоту вохӯрӣ дар ин ё он деҳаву ҷамоат бо мардум набинӣ. Дар яке аз вохӯриҳо дар деҳаи дурдаст, ки банда ҳам иштирок доштам, сокинон раисро хуш истиқбол карданд ва чанд нафар соҳибкорони маҳаллӣ ваъдаи амалӣ доданд, ки дар муддати 7-8 моҳ ҳаммом, сехи дузандагӣ, бунгоҳи тиббӣ, чойхона, сартарошхона сохта ба истифода хоҳанд дод. Раис мардумро ба ободкорӣ даъват карда, таъкид ҳам намуд, ки дар ин амали нек онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ хоҳад кард. 

 

Матлабҳои дигар