ХАБАРИ ДОҒ

Сангак Сафаровро кӣ кушт?

  • Чоршанбе, Янв 08 2020

 

Вақте дар шумораҳои қаблӣ роҷеъ ба Тоҷи Ғармӣ ва дӯстии ӯ бо Сангак Сафарови маъруф навиштем, бисёриҳо тариқи почтаву мактубу смс-паёмаку зангҳо ва сӯҳбатҳо бори дигар роҷеъ ба сарнавишти худи фармондеҳи Фронти халқӣ пурсон шуданд. Ба назар мерасад, ки баъди 27 сол низ мардум ба ин суол посух меҷӯянд:

1.Сангак Сафаров ва асорати ӯ дар Майдони Шаҳидон

Таври маълум, СССР газетаи мардумист ва тамомии матолиби роҷеъ ба ҷанги гражданӣ навиштаи мо бештар аз килки хонанда, узви Ихвон ал СССР ва шоҳидони бевоситаи он ҷанги асароромез мечакад. Ва бо 1 мақсад. Агар мо нанависему нагӯем, фардо аз номи хоҳанд гуфту навишт! 

Ёд доред худораҳматии бобои Гадо Абдаков, муаллифи доимиямонро? Ана ҳамон кас навиштаву пурсида буд:

- Суоле посух мехоҳад, ки агар майдондорони муқобил ҷангро намехостанд, пас чаро Сангак Сафаров-пешвои воқеии ҷониби дигар ва Рустами Абдурраҳим-лидери идеологии кӯлобиҳоро нест накарданд? Охир бо ҳамин кашмакашҳо хотима меёфтанд ва дигар касе садди роҳи қувваҳои демокративу исломӣ намешуд-ку? Вале моҷарои асорати Сангак Сафаров чигуна аст? Чаро сари ин моҷаро ягон нафар, на аз мақомоти расмӣ ва на аз оппозитсияи исломӣ, ки аксарият ҳамин ҳоло ҳам зиндаву саломатанд, чизе намегӯяд?

 СССР дар ин замина лозим донист, ки хотироти Гулҷаҳон Сафарова, духтари Сангак Сафаровро бознашр кунад. Хотиррас мешавем, ки ин хотироти Гулҷаҳон моли редаксия аст ва мо бар он ҳаққи ҳаммуаллифӣ дорем ва чопи он бе иҷозаи СССР ва бе ишора ба редаксияи мо манъ аст!!! Ҳамзамон он шояд фикри якҷиҳата бошад ва мо омодаем андешаи ҷониби дигарро низ нашр созем. Шояд бархе гӯяд, ки ин моҷаро моли таърих шуд? Шояд. Аммо вақте моҷарои кушта шудани Курушу Искандару Гитлеру Наполеон…ро то ҳанӯз меҷӯянд, пас мо-ҳамзамонон чаро сари 1 моҷарои бузурги соли 1993 баҳс накунем? Мекунем. Мо Метавонем!

 

2. Сангак кафили зиндамонии мардум…

Аз хотироти Гулҷаҳон:

Рӯзи 25.04.1992 фавҷи мардуми норизо аз тазоҳуркунандагони оппозитсия аз Кӯлобу, Қӯрғонтеппа ва Ленинобод ба Душанбе рехта буд. Дар Кӯлоб тазоҳурот шуд ва мардум аз падари ман хоҳиш кард, то пешвои онҳо бошад. Чун мардум ба Сангак Сафарови маъруф бовар дошт ва медонист, ки ӯ маҳз ба хотири Миллати Шарифи Тоҷик маҳбасӣ шудааст (осетинҳои Душанберо барои таҳқири Тоҷикон кӯфта буд!), ӯро пешво хонданд. Дигар падари ман наметавонист ба ин мардум не гӯяд ва аз паси онҳо ба пойтахт омад. Вале бо гузашти вақт, авоили моҳи май вазъият сангин шуд ва хатари кушта шудани мардуми омада ҷой дошт. Ҷониби оппозитсия ултиматум гузошт, ки Сангак Сафаров ба нишони кафолат-залог дар майдони Озодӣ монад ва танҳо дар ин сурат онҳо мардуми Кӯлобу Қӯрғонтеппаро роҳ медиҳанд, ки ба ҷои зисташон баргарданд.

Сангак Сафаров низ метавонист дар баробари Қурбон Зардак, Мулло Ҳайдар ва дигар пешвоҳои мардумӣ ба Кӯлоб баргардад, вале он гоҳ хатари дар Кофарниҳону ноҳияи Ленин кушта шудани одамони бегуноҳ ҷой дошт. Ин аст, ки падари ман бо Рустами Абдурраҳим дар майдон монданд.

Мулло Ҳайдар, ки худро пешвои мардум медонист, дар навбати аввал ба Кӯлоб фирор кард. Қурбони Зардак бошад, дар миёни занҳо даромада, бо мошини занҳои кӯлобӣ баргашт…

 

3. Сангак дар подвали қозиёт 

Падарам баъдан дар Кӯлоб қисса мекард, ки ба 3 зани рус, ки бо рӯбучин машғул буданд, 150 рубл-ба ҳар яке 50 рублӣ дода, хоҳиш мекунад, ки нонпораҳоро ҷамъ карда, аз майдони Озодӣ гиранд, ки вубол аст. Ин вақт худи падарам низ бо Рустами Абдурраҳим аз замин нон мечиданд, ки мошине омада, онҳоро дастгир кардаву бо худ мебарад. Дар ин миён Давлаталӣ Сафаров-бародарзодаи падарам бо ӯ буд ва як қадам аз ӯ дур намешуд. Падарамро ба такхонаи Қозиёти Тоҷикистон бурданд. Аммо то расидан ба ин зиндон ҳодисаеро бояд нақл кунам. Баъдан ба ман як шоҳиди ҳол қисса кард, ки вақте падарамро аз миёни майдони Шаҳидон мегузарониданд, ҷонибдорони оппозитсия сӯи падарам дашному ҳақорат мефиристоданду ӯ хомӯш буд. Ин ҳин кадом 1 ҷавони ҳузарбе бо муштҳои гирдкарда ва дашном сӯи Сангак Сафаров медавад ва мехоҳад, ки падарамро кӯбад. Шоҳиди ҳол гуфт, ки ин ҳангом Сангак қоматашро рост кардаву чунон мушти обдоре ба гардани он муддаӣ фуровард, ки ҷавон ягон 4-5 метр парида рафта, дар байни издиҳом афтод-беёду беҳуш. Садои тараққаси мушти Сангак онгуна баланд садо дода буд, ки тамоми майдони Шаҳидон хапп мекунад…

Сангак Сафаров аз хомӯшӣ истифода карда, ба намояндаи оппозитсия мегӯяд, ки ин ҷавон-Давлаталӣ бо мо нест ва меафзояд: Ӯ местный аст, ҳамту аз роҳ гузашта, бо ман сӯҳбат дошт. Бегуноҳ аст, раҳояш кунед…

Шоҳидон мегӯянд, ки ҳамин иддаоро дар баробари Рустами Абдурраҳим низ гуфта, хоҳиш мекунад, ки ӯро низ озод кунанд ва худаш ба ҷои ҳама ҷавоб мегӯяд. Вале Давлаталиро раҳо карда, Сангаку Рустами Абдурраҳимро гирифта мебаранд. Баъд аз 5 рӯз ҳар дуро озод мекунанд.

 

4. Асорати Сангак Сафаров дар Кӯлоб

Вале асорат дар қозиёт охири кор нест. Шоҳидон қисса мекунанд, ки Сангак Сафаровро дар Кӯлоб ҳам қаппида, мавриди истинтоқ қарор дода, маҷбур кардаанд, ки ҷанг кун; пешвои ҷангиёни маҳаллӣ шав!

Гулҷаҳон Сафарова ин моҷароро ингуна шарҳ медиҳад:

«Кӯлоб омада, падарам аз мардум хоҳиш кард, ки силоҳҳояшонро бурда ба ШКД супоранд. Вале чанд нафар аз размандагони маҳаллӣ бо номҳои Умед, Шӯҳрат ва Одинамад падарамро дошта, ба масҷиди Мулло Абдурраҳим, ки штаби бачаҳои кӯчаи Куйбышев буд, бурданд». 

Дар ин масҷид ба Сангак Сафаров ултиматум гузоштанд:

-Ё ҷанг мекунӣ ё мо туро ба қатл мерасонем!!!

Умед аз болои сари Сангак 2 магазин автомат холӣ мекунад. Сангак Сафаров танҳо ин замон дарк мекунад, ки агар силоҳ нагирад, кушта мешавад. Дар ин росто бояд андешид, ки чаро оппозитсия ӯро боздошт кардаву боз ба Кӯлоб фиристод ва дар Кӯлоб ӯро зери тирборон маҷбур карданд, ки ба ҷанг равад?!

Ин як сенарияи махсус буд, зеро ҷангхоҳон медонистанд, «Кӯлоб танҳо аз пушти Сангак мехезад!» ва барои дар додани оташи ҷанги гражданӣ будани Сангак Сафаров дар Кӯлоб лозим аст! Сангак ҳам бисёр чиро медонист…

 

Қатли Сангак Сафаров; эҳёи соатҳои охирини умри қумондон

Усулан пурсарусадотарин марг дар таърихи 17 соли ахири Тоҷик ин маҳз куштори Сангаку Файзалист, ки атрофи он то ҳанӯз андешаҳои мухталиф дар гардишанд. Мо кӯшиш мекунем, соатҳои охирини умри Сафаровро ба риштаи андеша бикашем ва онҳоро барқарор намоем…

Рӯзи маргаш Сангак Сафаров дар Панҷи Поён бо ҳамроҳии Абдулмаҷид Достиев бо гурезаҳо мулоқот дошт. Онҳоро даъват кард, ки ба Ватан баргарданд. Шоҳидон қисса мекунанд, ки он рӯз падарам аҳволи муҳоҷиринро дида, мегирист; сари кӯдаконро силла менамуд ва хоҳиш мекард, ки баргарданд ва Ватанро обод кунанд, нагузоранд, ки дигар миллатҳо мавзеъро пахш карда гиранд. Ахиран мардум ба Сангак бовар кард. Ваъда доданд, ки ҳама бармегарданд!

Мувофиқи ваъда баъди 3 рӯз дар он тарафи дарё бояд ягон гуреза намемонд. Вале афсӯс, банди аҷал гиребонаш дошту падарҷонамро аз мо ҷудо кард...

 

Куштори 70 муҳоҷири баргашта бо дасти Файзалӣ

Шояд хонанда фикр кунад, ки мани кӯдак он рӯзҳоро чигуна дар хотир дорам ва ин ҳама бофтаи ман аст?! Бовар кунед, ман он шабу рӯз паҳлӯи падарҷонам будам ва як қадам бе ман намеканд ва шоҳиди ҳама он ҳодисот будам. Гузашта аз ин ман 13 сол доштам ва аз ин миён 3 соли он дар майдонҳои тазоҳуроту ҷангу кашмакашҳои миллӣ сарф шудаву маро бавақт «болиғ» карда буданд.

Баҳманмоҳи соли 1993 нахустин гурезаҳо, сокинони ноҳияи Панҷро Сангак Сафаров ба Қӯрғонтеппа овард. Пас аз рафтани падарам Файзалӣ Саидов ба назди гурезаҳо омада, ҳамаро қатор мекунад ва 70 мардро аз саф бароварда, сари зону мешинонад ва бо дасти худ ин 70 танро мепарронад!

Сипас ба гурезаҳои зиндамонда мухотаб мегӯяд, ки навбати шумо ҳам наздик аст ва аз ҷои ҳодиса меравад.

Пас аз рафтани Файзалӣ падарам бо ҷангиёнаш боз дубора пеши гурезаҳо бармегарданд ва ин манзараи хунинро бо чашми сар мебинад. Сангак Сафаров гурезаҳоро дилбардорӣ карда мегӯяд, ки ман ин ҷиноятро бе ҷазо намемонам ва аз ин соат ба баъд касе ба шумо ситам нахоҳад кард ва бадқаҳр савори мошини Ниссан Патрул-Ҷип шуда, аз паси одамкушон мебарояд.

Корвони мошинҳои ҷангиёни Сангак аз паси Файзалӣ расида, онҳоро манъ мекунанд. Файзалӣ ба ғазаби Сангак Сафаров бо табассум мегӯяд: «Падарҷон (онҳо дасти падару писарӣ дода буданд!), ин ҳама вовчиканд. Бовар кун, ки то як вовчик зинда аст, Тоҷикистон тинҷ намешавад. Наход барои ҳамин 70 вовчик ману ту ҷангӣ шавем».

Сангак Сафаров бо қаҳр гиребони Файзалиро гирифта, мегӯяд: «Ту, шакал! Медонӣ, ки ман кафили онҳо будам. Слово Сангака стоит многое! Ман ба онҳо ваъда додам, ки касе кордорашон намешавад, вале ту онҳоро куштӣ! Ту обрӯи сухани ҷавонмардии Сангакро резондӣ ва Сангак ҳатто дар зона ҳам сухани худро ҳифз мекард ва барои ин ҷавоб мегӯӣ!!!».

Силоҳбадастони ду ҷониб ба миён даромада, Сангаку Файзалиро ором мекунанд. Он гоҳ тақрибан падарам Файзалиро мепарронд, вале онҳоро аз ҳам ҷудо карданд.

Дар ин миён Файзалӣ чун дид, ки Сангак Сафаров сахт дар ғазаб асту дигар ба гурезагон ситам кардани ӯ бе ҷазо намемонад, роҳи Душанбеву Кофарниҳонро пеш гирифт ва дар ин мавзеъ чандин нафари бегуноҳро кушт…

 

Ёқуб Салимов ва Сангак Сафаров

Як навори телевизионӣ бо иштироки Ёқуб Салимовро дар хотир дорам, ки ҳамон шабу рӯз мухотаб ба ҷонибдорони оппозитсия мегуфт: «Шумо куштед, мо куштан омӯхтем, шумо сӯхтед, мо сӯхтан омӯхтем».

Сангак Сафаров, падари азизи ман, на мансабталаб буд, на ба табораш мансаб тақсим кард. Ӯ ҳатто Файзалӣ Саидовро, ки яроқҳои вазнинтарин дар штаби ӯ буд, ба ягон вазифаи давлатӣ пешниҳод накарда буд. Ку, ягон хеши Сангакро ном биоред, ки мансаб гирифтааст. Падари ман (Сангак дар назар аст-муаллиф), ҳич гоҳ ба ин пастӣ роҳ намедиҳад…».

Ёқуб Салимов то мурдан ва ҳатто баъди марг низ падарамро отахон мехонд ва ба аҳли оилаву ӯ содиқ монд. Ин ҷавонмарде буд, ки Сангак Сафаровро фаромӯш ва хор накард. Ёқуб ангуштшумор нафарест, ки рӯҳи падари ман бояд аз ӯ розӣ бошад. Дигар ҳама ҷангиён, атрофи падарам будаҳо, ки бо фахр Медалҳои Тилоии бо тарсими Сангак Сафаровро дар сандуқи сина доштанд. Генералҳое, ки ангуштарини тилоӣ бо акси Сангак Сафаров дар ангушт доштанду бо фахр онҳоро намоишкорона-ҳини зинда будани падарам намоиш медоданд, ӯро фаромӯш карданд.

Ва маҳз ҳамин Ёқуб буд, ки дар лаҳзаи аввалин кушта шудани падарам мову бародаронамро аз Қӯрғонтеппа тавассути чархбол гурезонд, то тӯъмаи қотилони хунгизала нашавем. Ёқуб буд, ки ба мани кӯчак телефонӣ сӯҳбат намудаву дилбардорӣ намуд ва гуфт, ки «Падарамон (Сангак Сафаров-ред) тир хӯрда аст, вале зинда аст. Ӯ дар Тошканд аст. Шумо Кӯлоб равед, ӯ шифо ёфта бармегардад». Бо амри Ёқуб фарзандони кӯчаки Сангак Сафаров, мани 13-сола ва 2 бародари хурдсолам-Саймуҳаммад ва Назриро наҷот доданд. Ҳол он ки хатари ба хонаи мо, воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа дарафтодани ҷангиёни Файзалӣ ва кушта шудани аҳли байти Сангак Сафаров ҷой дошт…

 

Соати охирини умри қумондон

Аслан он чизе, ки имрӯз хонанда мехонад, оварданаш барои ман-фарзанди нафаре, ки бо ситам кушта шудааст, хеле дардманд ва нороҳат мушкил аст. Вале чӣ илоҷ! Ба хотири ҳифзи Шарафи падар ман ин матлабро пешкаши хонанда мекунам. Бихонед ва бидонед, ки ин информатсияро ман 16 сол гирд овардаву ҳифз карда будам ва ҳамакнун ба шумо пешкаш менамоям!

 

Шоми наҳси сешанбеи 29.03.1993

Ин шом ҳич аз хотирам намебарояд. Зеро он рӯз бе ҳеч ваҷҳе табъам хира буд. Ман, ки барои падару бародаронам хӯрок тайёр кардаву хонаро тамиз мекардам, дастам ба кор намепечид.

Падарам ин бегоҳи рӯзи душанбе барвақттар баргаштанд. Ҳамроҳ ғизо хӯрдем. Хеле бо мо-фарзандон меҳрубон буд. Соати 23:00 дақиқа Ғулом Бобоев, ки дар штаб бо падарам фаолият дошт, ба хона омад ва аз ӯ даъват кард, ки ҳамроҳ ба аёдати падари охирӣ раванд, ки дар беморхонаи Қарияи Болои Қӯрғонтеппа бистарист.

Роҷеъ ба ин шахс ҳаминро гуфтаниам, ки ӯ шахсан ба ман писанд набуд. Падарам низ ӯро хуш надошт. Ҳатто 4 моҳ пеш аз ин шоҳид будам, ки падарам ба сари ӯ бо чойники чой зада, сарашро кафонд ва ӯро аз хона бо ин суханон, ки «ҳамматон барои мансаб меҷангед, на Ватан» пеш карда буд. 

Хулласи калом, он шаби наҳс, соати 23:00 дақиқа Сангак Сафаров бо Ғулом Бобоев аввал ба сӯи беморхонаи марказии Қӯрғонтеппа рафтанд. 

Баъдан дар роҳ ин нафар ғайб мезанад. Дар сӯҳбат ба ман, пасон гуфта буд, ки ману Сангак Сафаров дар чорроҳа ҷудо шудем ва ӯ дар мошини дигар, танҳо бо Давлат Сафаров ва ронандааш Саймуъмин, маъруфтар бо исми «Саймуъмини ӯзбак» сӯи хонаи Файзалӣ рафтаанд…

Он шаб маро ҳич хоб намебурд. Ёд дорам, ки як соати тилои электроник доштам ва онро гирифта, вақт мешумурдам. То соати 1:48 дақиқа роҳ поидам. Ва ҳамин вақту соат банди дилам ларзид ва мушаввашие эҳсос кардаму хоб бар ман ғалаба кард. Баъдтар ҷое хондам, ки марги наздикон бар одам хобро пирӯз мекунад.

Ин ҷо мехоҳам ба тафсилоти ҳодиса пардозам, ки баъдтар муайян кардаам.

Соат тахминан яки шаб Сангак Сафаров ба хонаи Файзалӣ Саидов меояд. Онҳо бо ҳам нишаста, сӯҳбат мекунанд ва кадом як сирру асрори ҷангиро матраҳ менамоянд.

Сипас соатҳои тахминан якуним то дуи шаб берун баромада, сӯҳбаткунон мераванд. Файзалӣ барои гусели меҳмон баромада буд. Ҳар ду қумондон ҳамдигарро оғӯш мекашанд ва хайру хуш мекунанд. Хеле аҷиб аст, ки ин вақт барқ дар мавзеъ набуд. Бедодгарии Файзалиро ҳама медонист ва бе свет гузоштани хонаву штаби ӯ ба марг баробар буд. Вале чӣ шуду чӣ не, ки он шаб барқро хомӯш карданд!

Дар торикӣ, замоне ки ҳар 2 қумондон худоҳофизӣ мекарданд, банохост садои тир баланд мешаваду Файзалӣ оҳ кашида, меафтад. Ман ҳич бовар надорам, ки падарам ӯро парронда бошад. Зеро ӯ ҳич гоҳ ноҷавонмардона тир намекушод. Шоҳидони ҳол қисса мекунанд, ки ҳатто Ҷонхон Ризоеву Аслоновро аввал ҳукм карда, баъд паррондааст. Беспределшикҳое, ки олам аз онҳо меларзид, ҳамаро аввал ҳукм мекарду баъд мепарронд. Дар табиати Сангак Сафаров набуд, ки новоқифона касеро тир кушояд. Ин аст, ки ман бовар надорам, ки Сангак писархондашро оғӯш кашидаву баъд парронида бошад. Агар парронда бошад ҳам, ҳатман ҳукмашро ба ӯ рӯирост гуфтааст…

Ҷондорони Файзалӣ даступохӯрда мешаванд. Ин замон-соати тахминан 2-и шаб аз болохона Азим-саруқи ӯзбектабор, ки ҳамроҳи Файзалӣ будаву дар қатлу куштори тоҷикон бераҳмтарин буд, тири нахустинро ба Сангак Сафаров зада, намегузорад, ки ӯ гап занад ва вазъиятро фаҳмонад. Воқеан ҳам баъдтар мо худ дидем, ки аз таппончаи падари ман он шаб тир кушода нашуда буд!

Азим-саруқи ӯзбек нафаре буд, ки дар он шабу рӯзҳо аллакай, нақшаи аз Тоҷикистон гурехтанро кашида буд: ӯ сароғоз зану кӯдаки худро гирифта, ба Ленинобод бурдаву сипас онҳоро ба Ӯзбекистон гурезонида буд ва баъд аз қатли Сангак ба Ӯзбекистон фирор кард. Лозим ба ёдоварист, ки ин нафар дар гуфтугузорҳои падарам бо ҷониби Ӯзбекистон бевосита саҳм дошт. Зеро аҳли оила-зан ва фарзандаш дар Кӯлоб, дар ҳавлии мо-хонаи Сангак Сафаров пинҳон буданд. Онҳо дар соли 1992 аз Қӯрғонтеппа фирор карда, дар хонаи мо менишастанд ва падарам бо ин Азим-саруқ аз наздик ошно буд ва ӯ ҳама сирру асрори Сангак Сафаровро медонист… Ва маҳз ҳамин нафар ба падарам имкони сухангӯӣ надодаву тири аввалро мекушояд. Сипас чанд тири дигар бар бадани Сангак Сафаров мезананд…

Амакам Давлат Сафаров имкони тиркушоӣ намеёбад. Ӯро низ захмӣ мекунанд. Ин ҳама гирудор дар мавриде мегузашт, ки касе сӯи ҷангии дигари падари ман-Саймуъмини ӯзбак на тир мекушояд ва на муште мебардорад. Ӯ сип-сиҳҳат ва бегазанд мемонад…

 

Шиканҷа, қатл ва таҳқири ҷасади Сангак Сафаров

Аз тиркушоӣ 3 соат мегузарад. Дар ин ҳангом падари ман дар хоку хун ҷӯлида, хуншор буду касе ба ӯ раҳм намекард. Боевикҳои девонагашта атрофи ӯ давида, қумондонро ҳақорат мекарданд, шиканҷа медоданд. Акнун Сангаки номӣ Шери пири захмиро ба хотир меовард, ки рӯбоҳу шағолон ба рӯш давидаву ӯро мегазанд ва интизори маргаш нишастаанд. Сангак Сафаров, ки дар умраш зиёд ранҷ бурдаву шиканҷаҳои гӯшношунидро дар зиндонҳо дида буд, боре ҳам аз ин тӯда хоҳиши раҳму шафқат намекард ва узру баҳона намекофт, «маро зинда монед; накушед» намегуфт. Ин ҳамаро баъдан шоҳидон тасдиқ кардаанд.

Дар ин миён Файзалӣ намурда буд ва ӯро табибон медиданд. Вале соатҳои 5-и субҳи 30.05.1992 Файзалӣ аз олам даргузашт.

Ин замон ҷондорони беимони Файзалӣ Саидов поин омада, Давлат Сафаров-бародарзодаи падарамро кашида, пеши Сангак оварда, ба қатл мерасонанд. Сангак Сафаровро маҷбур мекунанд, ки ин манзараро бо чашм бинад. Танҳо тасаввур кардан метавон, ки он лаҳзаҳо падарам чӣ азоби рӯҳӣ мекашид, вале бо ин ҳама боре аз он қотилон авф нахост!

 

2 тири тифли бегуноҳ

Баъдан қотилони бераҳм ба бадани падарам 34 тир мезананд. 32 тири автомат ба бадани Сангак Сафаров омадааст ва 2 тири туфангча ба рӯи ӯ.

Ин 2 тир қиссаи дигар аст. Қотилон баъди куштани падарам, рафта писари Файзалиро, ки хеле хурд буд, меоранд ва туфанги Файзалиро ба дасти ӯ қаппонда, маҷбур мекунанд, ки кӯдак мурдаро тир занад. Тифл на мехост ва на метавонист, ба ҷасаде тир кушояд. Сипас Юнус-ӯзбек, қотили дигари падарам дасти кӯдакро зери ангуштон фишурда, ба рӯи Сангак Сафаров тир мезанад. Яъне бо дасти тифл ба ҷасад тир мекушояд…ва бо ҳамин кӯдакро қотил мекунад ва тақдири ӯро ҳал.

Баъди ин чанд нафаре, ки ҳатто овардани номи онҳо дар ин пора варақ арзанда нест, зеро ҳайвон низ аз будани онҳо ор дорад, мурдаи Сангак Сафаровро таҳқир мекунанд. Рӯи ҷасад мешошанд ва ғ. ва ҳ.

 

Сангак Сафаровро тоҷик накушта буд

Дар ин куштор тоҷике иштирок надоштааст, ки муҳимияти шахсияти Сангак Сафаров ва бунёдгузори ватани Тоҷикон будани ӯро сабт месозад. Ҳама қотилони падари ман афроде буданд, ки бо Ӯзбекистон равуо доштанд ва аз нақшаҳои пасипардагии Тошканд ва ғасби Шаҳритусу Турсунзода ва заводи алюминиум бохабар буданд…

Бо куштани Сангак Сафаров ин афрод охирон садди чиноиро дар раҳи ҳадафҳои пурғарази худ дур карданд… Ҳамакнун нафаре намонда будӣ, ки ҳадафҳои Тошканд; ба Ӯзбекистон додани Шаҳритусу Регарро зери суол гузорад. Зеро Сангаки саркашро онҳо аз майдони сиёсат берун карда буданд!

Ин ҳодиса як вежагии дигар ҳам дорад. Дар он шаби наҳс Мурод-ронандаи аслии падарам бо ӯ набуд ва мошинро Саймуъмини ӯзбак меронд. Аҷобатро бинед, ки Саймуъмин зинда монду барои рӯпӯш кардани ҳодиса, ҷангиён ба шаҳр омада, Муродро аз хонааш гирифта мебаранд ва дар паҳлӯи Сангак Сафаров мепарронанд!!!

Дар бораи Саймуъмини ӯзбек ҳаминро гуфтаниам, ки ӯ соқу саломат буд ва дар «асорат»-и бачаҳои турктабори Файзалӣ, ки баъдтар ӯро Шералӣ Сабзов озод кард. Вале суоле посух мехоҳад, ки чигуна ҷангиёни ваҳшишудаи Файзалӣ, ки барои қумондони худ ҳатто Сангак Сафарови афсонавиро, ки аз шунидани номаш Тоҷикистон меларзид, куштанду ба Саймуъмин коре накарданд? Оё ӯ дар ин ҷиноят даст надошт ва ё танҳо ӯзбек будан ӯро аз чанголи ҳамтаборони тоҷиккушаш раҳонид? Ҳаволаи бадон ба Худои Азза ва Ҷалла!...

 

Пинҳонӣ кӯчонидани авлоди Сангак

Субҳи содиқ гурӯҳи размандагон омада, ману 2 додарамро гирифта, пинҳонӣ ба милисахонаи Қӯрғонтеппа бурданд. Он ҷо чанд соат истодем. Ин замон Ёқуб Салимов занг зада, шахсан бо ман сӯҳбат кард. Ман ба ӯ гуфтам, ки «акаи Ёқуб, падари ман куҷост?». Ӯ маро дилбардорӣ карда, гуфт: «Падарамон захмӣ шудааст. Ба наздикӣ ӯро мебинӣ. Ҳоло барои шифо ба Ӯзбекистон рафтааст ва шумо бояд Кӯлоб равед». Як соат баъд аз ин сӯҳбат моро гирифта, зери посбонии шадид ба қисми ҳарбии СНГ-полки Русия бурданд. Дар ин ҷо моро афсарони рус пешвоз гирифта, савори чархбол ба Кӯлоб бурданд. Баъдан ба ман маълум гашт, ки размандагони Файзалӣ барои боз ҳам вазъиятро буғранҷ кардан, мехостанд ба хонаи Сангак ҳамла карда, кӯдакони қумондон-ману 2 додари хурдсоламро низ ба қатл расонанд.

Соате баъд аз расидани мо ба ҳавлии бобоӣ, ҷасади падарамро тавассути чархболи дигар ба Кӯлоб оварданд.

 

Достиев, Иззат Куганов ва Ёқуб ба майдон меоянд

Аз чанги қотилон кашида гирифтани ҷасади Сангак Сафаров моҷарои дигар аст. Он чанд ғайритоҷике, ки пешвои Фронти Халқиро куштаву ҷасадашро таҳқир карда буданд, намехостанд, ки мурдаро баргардонанд. Онҳо нек медонистанд, ки аз байн чанд соат гузарад, Кӯлоби бостонӣ аз ҳодиса воқиф мешавад ва шербачаҳои кӯлобӣ ҳатман барои қасосгирӣ ба Қӯрғонтеппа меоянд. Қурбони Чол, Султони Чол, Шер Сафаров ва садҳо ҷангиёни варзидаи Фронти Халқӣ ин ҳодисаро бе посух намегузоштанд. 

Воқеан ҳам субҳи 30.05.1993 хабари қатли Сангак ба Кӯлоб расида буд. Овозаи куштор мардумро ба шӯр овард. Ҳазорон размандагони маҳаллӣ омода ба ҷанг буданд. Шербачаҳои Қурбони Чол аллакай аз шаҳр бадар шудаву сӯи Калининобод раҳсипор буданд, то штаби Файзалиро ба замин яксон кунанд. Хурду бузург, боевику шахсони оддӣ мехостанд тавассути дилхоҳ нақлиёт то Қӯрғонтеппа расида, қасди хун ба хуни Сангак Сафаровро ситонанд. Он соат Кӯлобро бо чашми сар дидан лозим буд, то муҳимияти ҳодисаро дарк мекардед!

Ҳама аз рӯи сенарияи махсус мерафт. Ва агар сенарияи ин қотилон то охир нақш мебозид, миёни Фронти Халқӣ задухӯрди сахте мешуд, ки бидуни полки Маҳмуд Худойбердиев, ки онҳо гурехта, дар он пинҳон шуданӣ буданд, дар Қӯрғонтеппа ягон нафар ҷангӣ зинда намемонд. Дар ин сурат Тоҷик пурра маҳв мешуд. Зеро агар ба маҳаллаҳои бузургтари ғармиву кӯлобӣ тақсим шудаву то ин рӯз бо худ меҷангид, пас худи Кӯлоб низ ба чанд маҳаллача тақсим шудаву ба ҳам дармеомехт. Он соат Кӯлоб мисли замбӯрхона меҷӯшид!

Наққошони пасипардагии марги Сангаку Файзалӣ ин ҳамаро хуб ба тарозуи ақл баркашида буданд ва интизори набарди хунини вопасин дар миёни тоҷикон менишастанд.

Вале дар ин маврид 3 нафари бохирад, ки зодагони водии Вахш буданд, зуҳур карданд.

Ёқуб Салимов, Абдумаҷид Достиев ва Иззат Куганов омада, ҷангиёнро ба муросо даъват кардаву ҷасади Сангаку Давлат Сафаровҳоро гирифта, ба Кӯлоб интиқол карданд. Воқеан ҳам хизмати бузурги ин 3 тан будӣ, ки мардуми Кӯлоб сари Қӯрғонтеппа ошӯб накард ва Тоҷикистонро боз ҳам дар хатар нагузошт.

 

Салоти ҷанозаи Сангак Сафаров

Ҷанозаи Сангак Сафаров дар майдони назди ҳавлиаш, деҳаи Хирмани Кӯлоб  баргузор шуд ва онро Эшони Саидҷон, муфтии вилояти Хатлон хонд. Мулло Ҳайдарро ба ҷаноза роҳ надоданд.

Фавҷи одамон роҳҳоро мебаст ва ҷанозаро аз даст ба даст то Майдони Сурхи маркази шаҳр бурданд. Дар тӯли 7 км роҳ даҳҳо ҳазор одам саф кашидаву аз паси тобут мерафт. Кӯлоб бо пешвои идеалии худ, қаҳрамони афсонаҳои даврони СССР ва муҳофизаш падруд мегуфт.

Дар Майдони Сурх митинг ташкил шуд, ки дар он сарварони кишвар қайд карданд, ки 2 фармондеҳро душманони Миллат куштаанд. Тавассути ТВ Кӯлоб ва ТВ марказӣ аз ин ҷаноза гузоришҳо пахш шуд ва масъулин тавонистанд фитнаро поин шинонанд.

Ҷанозаи Сангак Сафаров пас аз зуҳр дар қабристони Хоҷа Ғоиби диёраш ба дасти хок рафт ва бо ҳамин қиссаи пурфасонаи Сангаки маъруф ба охир расид. Қиссае, ки то ҳанӯз аз сӯи афроди зиёд мавриди таҳқир, танқид ва таърифу муҳаббати фарогир қарор дорад…

Шукурҷон Маҳмадаминов

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter