Принт

Элис Уэллс: «ИМА тарафдори ҷанг бо Эрон нест!»

 

   Элис Уэллс, муовини аввали ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба масоли Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ зимни мулоқоти хеш бо намояндагони воситаҳои ахбори омма шоми рӯзи 7.01.2020 дар Душанбе таъкид дошт, ки ИМА тарафдори ҷанг бо Эрон набуда, кишвараш ҳамеша нисбат ба Эрон муносибати худдорӣ карданро дошту хоҳад дошт. 

   - Мо на тарафдори ҷангем ва омодагии он бо Эрон ҳастем. Инчунин, мо на тарафдори зӯриву шиканҷа ва хушунат дар минтақабуда, мақсади мо пешгирӣ намудани зӯриву хушунати эрониҳо дар минтақаи Ховари Миёна мебошаду халос. Шумо бубинед, ҳамин ҳоло дар Лубнон, Сурия, Ироқ ва Афғонистон вазъ чӣ гуна аст-дар ҳамаи ин беназмиву бетартибиҳо Эрон даст дорад. Ин хаос ва бенизомӣ ба кишвари шумо, ки ҳамсарҳад аст, низ таъсири хешро хоҳад расонид. Аз ин лиҳоз мо вазифадорем баҳри субботи минтақа кӯшиш ба харҷ бидиҳем ва нагузорем, ки ин танишҳо то ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ омада бирасанд, афзуд хонум Элис Уэллс. 

   Сафари расмии хонум Элис Уэллс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 6-7 январи соли ҷорӣ сурат гирифт, дар ҳоле анҷом ёфт, ки танишҳо байни ИМА-у ҶИЭ пас аз куштори генерал-полковник Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои «Қудс» бо дастури Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи 3.01.2020 дар назди фурудгоҳи Бағдод ҷиддитар гашта, бо эълони ҷанги Амрикову Эрон расидааст. Бояд гуфт, ки Қосим Сулаймонӣ, яке аз фармондеҳони калидии нерӯҳои «Қудс»-и ҶИЭ буда, нақш ва саҳми ӯ дар баргузории амалиётҳои вежаи ҷангии қушунҳои рус дар Сурия  барҷаста аст.

   Тавре дар баёнияи Сафорати ҶИЭ дар ҶТ, ки рӯзи 7.01.2020 паҳн гашт, омадааст, нақши беназири сардори шаҳид генерал-полковник Қосим Сулаймонӣ дар масири мубориза ва нобудии ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ва такфирӣ дар Ироқу Сурия, ки бо даъвати расмии давлатҳои ин кишварҳо сурат гирифт, он чунон муҳиму барҷаста буд, ки маҳкумияти ин ҷиноят тавассути давлатмардони ироқӣ ва шахсиятҳои барҷастаи мазҳабӣ ва миллии ин кишвар ва баъдан видои бо шукӯҳи пайкари он шаҳиди бузургвор дар шаҳрҳои кишвари дӯсту бародари Ироқ ва низ тасвиби қонуни хуруҷи сарбозони амрикоӣ дар парламенти ин кишвар дар вокуниш ба ин террори ноҷавонмардона, гувоҳи мусаллам бар дурӯғ будани тамомии иддаоҳои қаблии режими Амрико алайҳи нақшу ҷойгоҳи ҶИЭ дар Ироқ буда ва посухи маҳкаме ба талошҳои тафриқаафканонаи бадхоҳони ин 2 миллати бузургу ҳамсоя мебошад.

    Шояд ҳамин аст, ки ба маросими дафти генерал-полковник Қосим Сулаймонӣ, ки қарор буд рӯзи душанбеи 6.01.2020 баргузор гардад, миллионҳо нафар эрониён ба кӯча баромада, дар ш.Кирмон, зодгоҳи фармондеҳи шаҳид дастикам 56 нафар зери по монда, кушта шуданд.

 

Ҷамилаи Мақсуд, СССР

 

Матлабҳои дигар