ХАБАРИ ДОҒ

Боғча истироҳату мактаб не?

  • Панҷшанбе, Янв 16 2020

 

Дуруд бар СССР! Имрӯз шанбест ва ман дар балое гирифтор. Сухан сари он аст, ки каме маризаму асабҳо хароб. Бонувони хонадон, ки муаллимаанд, дар ин рӯзи шанбе ба кор рафтаву 3 набераам, ки ба боғча мераванд, дар хона. Зеро боғча истироҳат дорад. Акнун азияти ману МОҳоро дарк кунед! О, мактаб, ки рӯзи шанбе кор кунад, пас чаро боғчаҳо, ақаллан фарзандони омӯзгоронро бар ивази маблағи барзиёдтараке, дар рӯзи шанбе низ фаро нагиранд? Пешниҳод дорам, боғчаҳо рӯзи шанбе низ кор кунанд, то фарзанду набераи онҳоеро, ки дар муассисоти давлатӣ фаолият доранд, нигоҳбин кунанд. Мо Метавонем?...

Гурез Сафар, шоир

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter