Принт

Чингизхон, Ланг ва Д’Артанян

Дар ҳоле, ки миллати мо тайи 2 садсола бо нобиғаҳои фарҳангиш Ифтихор дорад, халқу ақвоми олам барои худ фарзандони Шуҷоъ, Сарбоз, Каллабур, Ҷаллод ва Оламфатҳро қаҳрамон интихоб кардаву мекунанд. Фарқият? Онҳо оламгиртар мегарданду мо…бефарҳангтар! Сари ин мавзуъ баҳс мекунем. Мо метавонем!!!

Насими истиқлолият барои мардуми пасошӯравӣ қаҳрамонҳои нав оварид. Украинҳо бо Бэндер, ӯзбекҳо бо Темури Ланг, Қазоқҳо бо Чингизхон, Прибалтҳо бо «Бародарони ҷангалӣ», русҳо бо Колчаку Деникинҳо ба ҷилва даромаданд. Воқеан ҳам 2-тани ахирӣ тӯли 70 соли шӯравӣ қаҳрамони манфӣ буданду антиЧапаеву антиСталину антиЛенинӣ. Ҳоло ҳама кор баракс шудааст. Вале миллати мо ҳамоно бе қаҳрамон монд, ки монд…

Темури Ланг вақте дар маркази Ӯзбекистон қомат афрохт, Тоҷикони фарҳангӣ ангушти ҳайрат газиданд. Қазоқҳо онгуна Чингизпараст гаштанд, ки дур нест соате бо қирғизҳо, ки низ мехоҳанд Темурчин (он же Чингиз)-ро қаҳрамони хеш шуморанд, дастобагиребон гарданд. Ҳоло сари қавми муғул хомӯшӣ ихтиёр мекунем, ки кайҳо Пайкараи хунхортарин фарди таърих-Чингизро дар Улан Батор гузоштаанд!!!

Ва аммо пурсида мешавад, раванди қаҳрамонсозии фарди сарбозу диловару шуҷоъ, шамшерзану гарданкашу ёғӣ… ҳаминрӯзист? Аслан на! Ва агар ба таърих назар дӯзем, мебинем, ки франсузҳо бо килки сеҳромези Александр Дюма ҳанӯз 14.03.1844 қаҳрамони рӯинатани сарбози сарафганда ва ёғӣ- Д’Артанян-ро офаридаанд. Испаниҳо, итолиёиҳо, англисҳо, амрикоиҳо… садсолаҳо муқаддам Фигарову Дон Кихоту Робен Гуду «Шпион»…доштанд. Габриэл Гарсиа Маркес полковникҳои нестандарҷаҳон меофарид, Ҷек Лондон Мартин Идени афсонавӣ… Яъне чӣ? Яъне ҳама адабиёт барои эҳёи рӯҳи миллии худ қаҳрамон месохт. Илло мо-Тоҷикон, ки на Робин Гуд кашф кардему на Д’Артанян сохтем  (Исмоили Сомонӣ асосгузори давлати Тоҷикон аст, на қаҳрамони адабӣ ва ё устуравӣ!!! Вале дар тӯли 100 соли ахир асаре арзанда ҳам барои ӯ наофаридаем, ки ба 1 қасидаи «Бӯи чӯи Мӯлиёни Рӯдакӣ» ақаллан посухгӯй бошад!)…

Ин дар ҳолест, ки адабиёти клоссикии мо бо чеҳрасозии қаҳрамонҳо барои рушду устувории рӯҳи ғолиби миллӣ пойбанд буд. 1 Шоҳнома чӣ миқдор қаҳрамоне дораду 1 нидои Фирдавсӣ чӣ қадар ҳушдоре:

-Манат кардамаш Рустами Достон,

Вагарна яле буд, дар Систон!!!

(Воқеан ҳам миёни авом варианти …вагарна ХАРе буд дар Систон…корбаст аст, ки ҳич ба сатҳи Фирдавсӣ рост намеояд, ки қаҳрамонашро ба маркаб баробар кунад; ӯ чеҳрасозии худро мадҳ карда, мегӯяд, Рустам 1 ял, 1 паҳлавон буду ман чунинаш аз нав зодам!!! Ин мавзуъи баҳси дигар аст!).

Ҳамин субҳ, 13.01.2020 қиссаи оламшумули «Самаки Айёр»-ро варақ задам (1 нерӯи таккондиҳандаи навишти ин матлаб низ он шуд!) ва бо Робин Гуду Д’Артанян-ҳои миллӣ вар хӯрдам: Самаки Айёр, Рӯзафзун, Гулбӯй, Дабури Девгир, Қассоби Ҷангҷӯй, роҳзану авбошони дарёӣ (пиратҳо), айёрон, шабравҳо, мардони майдондор, гурзу шамшеру табарзину найзазанҳои миллӣ. Образҳое, ки таккондиҳандаи нирӯи ватанпарастӣ, энергияи миллатдӯстдорӣ ва фахр аз Тоҷик будананд! Пурсида мешавад, канӣ ин чеҳраҳо дар адабиёти муосир? Нест! Ва мо боз ҳайронем, ки чаро Тоҷикон китоб намехонанд.  О, чиро хонанд??? 

Ҳамин ҳафта, бо кӯмаки шоир Давлат Сафар 30 дона китоб гирифтам ва аксарият дар мавзуъи ба таъбири Бобои Ғуломи таърихӣ «ҳамон Аҳмади порина». Ва ҳамаи онҳоро аз ҳисоби буҷҷа нашр кардаанд: Ҳаминҳоро миллати фарҳангии мо, ки дар пояи ғурури персонажҳои Шоҳномаву Ғурғӯливу Самаки Айёру Бадоеъу Наводир-ул вақоеъу Чордарвеш тарбият ёфтаанд, БОЯД хонад??? Хестем(д), ки хобед(м)! Миллати бузургро бо образҳои тарсу, персонажҳои гирёнчак, ғамномаи беваву сағераву саргузашти гадову талбанда ва бечоранолии заъифмизоҷон наметавон сохт.

Ба миллати Тоҷик, ба адабиёти Тоҷик, ба фарҳанги Тоҷик медонед чӣ намерасад? Д’Артаняни Тоҷик!!!

Дорем, доштем, ҳаст! Кобед, меёбед. Набошад таваллуд кунед! Мисле, ки Дюма Д’Артанян зод, мисле, ки Доминик Мингелла Робин Гуд зод…мисле, ки Фирдавсӣ Рустам зод… Шумо ҳам зоед, таваллуд кунед, офаред, оваред ва баъд мебинед, ки ин миллат китоб ме-хо-над!!!

Мо Метавонем!

 

 

 

 

Матлабҳои дигар