ХАБАРИ ДОҒ

Додоҷони Атовулло: Б А Р Ф А К Б О З И И Х У Н И Н

  • Чоршанбе, Янв 22 2020

 

 

Чӣ сарнавишти талхе! Онҳо аз ҷабри охундҳо рӯ ба ғурбат оварданд, боз бо дасти охундҳо кушта гаштанд. Яке аз ононро, ки писари даҳсолааш бо завҷааш дар ин рейси марговар буд, сарвазири Канада Ҷастин Трюдо ба қабул мепазирад ва мепурсад:

- Писараки шумо чӣ орзу дошт?

- Мехост мисли шумо шавад...

Аз чашмони падари хонавайронгашта ашк равон мешавад ва сарвазир ӯро ба оӯғш мегираду бо ӯ мегиряд...

Режими охундии Эрон барои худаш боз 1 сияҳнома навишт. Баъди "мушакбозӣ" - и онҳо ҳатто 1 амрикоӣ захмӣ нашуд. Калламушу кӯрмушҳои дастордор ончунон тарсидаанд, ки самолёти мусофирбари Украинаро "гурбаи Трамп" гуморида, бо ракета заданд.

176 нафар инсони бегуноҳ кушта гашт, ки дар байни онҳо тифлакон низ буданд. Қисми зиёди ҷонбохтагон эрониҳое буданд, ки аз зулму истибдоди ҳукумати ба ном исломӣ Ватани худро тарк карда буданд ва ба зиёрати хонаводаҳо ва хешу ақрабояшон баргашта буданд.

Ҳамаи он тоҷиконе, ки дар барфакбозии Хоманаӣ ва Трамп пушти охундҳоро мегирифтанд, пироҳан медарриданд, ҳамшарики ҷиноятҳои зидди башарии ин режиманд. Ончунон бархе аз онҳо гулӯ медарониданд,ки гӯё Хумайнӣ падарбузургашон ва Хоманаӣ шавҳари ниҳонии модарашон буду Қосим Сулаймонӣ язнаи дӯстдоштаашон. Имрӯз ин булбулакони доначини дастурхони охундӣ боз лаб во мекунанд. Мисли 1 ҳавуч пистаи хандоне, ки дар сафоратхонаҳои ҶИЭ ба ҷайби ҳамеша холии онон меандозанд. Ва ҳатман боз ягон фарту парт мегӯянд. Хайрият, ки гапи ин бадбахтакон ҳатто пеши охундон қадре надорад ва онҳо бармаҳал нархгузорӣ шудаанд: ЯК КИСА ПИСТА!

 

Аз редаксия: Пуштибонони наҳзатии ҷинояти низомӣ дар Аврупо

Воқеан ҳам, вақте дар пасманзари ҳамин террори даҳшатбор, ки сипаҳпосдорони исломӣ қасди генерали шаҳидашонро аз «аврупоиву амрикоӣ»-ҳо ситонида, ба самолёти ҳомили 176 бегуноҳ мушак андохтанд, охундакҳои шиъашудаи тоҷикистонӣ, бо сарварии Саидюнуси Истаравшанӣ дар шабакаҳои интернетӣ ба ҳифозати ишон барҷастанд. Ин булбулакони охундҳо бо 1001 савганд мегуфтанд, ки садамаи Боинг техникист, на ҷинояти низомӣ. Истаравшанӣ, ки садқаи номи ин шаҳр шавад, ҳатто баъди эътирофи президенти ҶИЭ аз ин катастрофа кафк бар лаб ин ҷинояти низомиро рӯпӯш мекард. Шаурмахӯракони тоҷикистонии Аврупо, ки низ бар ҳимояти ҳифозати ин террористон ҷаста буданд, симои аслии худро бар нонтеякони Ғарбӣ фош карданд:

-Инҳо дар 1000 сол аврупоӣ намешаванд, инҳо, ки имрӯз террори сипаҳпосдоронро ҳимояти иттилоотӣ доранд, фардо террористони аслӣ гаштаву Аврупоро ба хоку хун мекашанд. Брусселу Порис, Бонну Лондон, Варшававу Прага дар домон мор мепарваранд, ки ҳатман рӯзе ба соҳибонашон заҳр хоҳанд зад. Мунтазир бошед…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter