Принт

Путин мавқеъ иваз мекунад ё курсӣ???

Ба истеъфо равон кардани кабинети вазирон бо сарварии шогирди содиқтарини ВВП-Дмитрий Медведев манёври навбатии Кремл аст ва ё талаботи давру замон???

Истеъфои девони вазирони ФР чун тундар дар рӯзи офтобӣ садо дод. Баъди Паёми навбатии ВВП Дмитрий Медведев иброз дошт, ки барои расидан бар аҳдофи стротегии сарвари кишвар, тасмим гирифт, аз кор равад ва ҷумла вузароро низ бо худ барад! Тасмими ғайриинтизор. Вале 1 чиз шубҳаовар намуд, ки ин истеъфои билотасвир дар таърихи давлатдории Русия, на танҳо Путин, ки аҳли кабинеташро низ ғофилгир накард. Дида мешуд, ки ҳатто рӯзноманигорони наздик ба Кремл низ ҳайратӣ набуданд, ҳарчанд вонамуд мекарданд, ки «чӣ гап шуда бошад-а???». Баракс, истеъфои Медведев ва кабинеташ Аврупо ва Амрикоро саргаранг кард. Дида мешуд, ки ин амалкарди Медведев танҳо барои онҳо ғайриинтизор буду бас. Олами Ғарб ва НАТО ба зарбу тақсиму ҷамъу тарҳи сиёсӣ ва дипломатӣ шуруъ карданд, ки «Чӣ? Кай? Дар куҷо? Чаро? Ва муҳимтараш, Барои Чӣ???»...ин истеъфо садо дод?!

Газетаи мардумии СССР таври маълум таърихчаи сиёсиву дипломатии 15 Республикаи собиқ бародариро пайваста мавриди пажӯҳиш қарор додаву медиҳад. Зимнан, истеъфои Медведев, манёври ВВП ва тағйироти навбатӣ дар Сарқонуни ФР барои мо, албатта, чизи нав буд, вале амали пешбининашуда! Путин мехоҳад, Шӯрои давлатӣ таъсис дода шавад, то усулан зимоми ҳукм дар дасти он бошад. Хотиррас мешавем, ки соли 2024 даврони ҳукуматдории худи ВВП ба ҳайси президент тамом мешавад ва тибқи Сарқонуни ФР ӯ дигар имкони раиси ҷумҳур интихоб шуданро надорад. Дуруст? Дуруст. Вале метавонад ба ҳайси Раис ё Дабири Шӯрои давлатӣ барои бемаҳдудият ҳукмрони кишвар боқӣ монад. 

Ҳамааш аз Ден Сяопин сар шуд ё Хумайнӣ???

Дэн Сяншэн, ки баъдан ном-унвони Сяопин (сарвар)-ро гирифт, тӯли умр ҳич гоҳ вазифаи давлатӣ надошт. Аммо роҳбари воқеии Хитой маҳз ӯ буд! Ин технократ, баъди сари Маои бузург, дар солҳои 70-и асри гузашта, сарварии Чини касодгардидаро бар дӯш гирифт. Нахуст ба ҳайси сарвари Шӯрои Давлатии Ҷумҳурии халқии Хитой  ва баъдан ҳамчун раиси Шӯрои низомӣ (монандии вазъ бо Русияро худ ҳис кун хонанда). ВВП низ Шӯрои давлатӣ ё Шӯрои амниятии Русияро таъсис доданист!!! Яъне ин пайраҳаест, ки кайҳо рафиқон коммунистони чиноӣ тай кардаанд. Воқеан ҳам инқилоби фарҳангӣ, инқилоби иқтисодӣ ва инқилоби ғасби хазанда (ползучая политика) аз шоҳкориҳои Ден аст, ки ҳалолаш бод. Зеро Хитойро дар тӯли ҳамагӣ 13 сол (07.11.1976 — 24.06.1989) ӯ бар абарқудрати олам мубаддал сохт!

Ҷои зикр аст, ки Сайид Руҳуллоҳ Оятуллоҳ Хомайнӣ низ ягон вазифаи расмии давлатӣ надошт. Ӯ пешвои инқилоби исломӣ ва баъдан Раҳбари Олии Эрон буд (03.12.1979-03.06.1989). Кишвар президент ва девони вазирон дошт. Аммо амалан маҳз ӯ Ҷумҳуриро идора мекард. Воқеияти дигари ин 2 раҳбари олирутбаи олами саввуми Шарқ ин ҳам ҳаст, ки ҳам Хомайнӣ, ҳам Сяопин ва ҳам (мутаваҷҷеҳ бош, хонанда!!!) Хо Ши Мин (инқилобчии Ветнам), Чжоу Энлай (инқилобчии Чин) ва Пол Пот (инқилобчии Камбоҷа) ҳамаашон дар Фаронса кор, таҳсил ва омодагӣ гирифтаанд! Ун тарафаш хулоса аз туст. Мо Метавонем!

Нурсултон Назарбоев ва проекти ӯ

Дарозумртарин президенти қораи пасошӯравӣ, Нурсултон Абишевич Назарбоев, ки аз 24.04.1990 (даврони шӯравӣ!) то 20.03.2019 президенти Қазоқистон-кишвари бо мо дӯсту бародар буд, соле муқаддам низ чун тундар дар ҳавои офтобӣ аз истеъфош садо дардоду ҷояшро ба Қосим-Жомарт Тоқаев супурд. Аммо худаш ба ҳайси Раҳбари Шӯрои амният, лидери ҳизби ҳокими «Нур Отан» ва узви Шӯрои конститусионӣ фаолият бурда, расман ҳокими мутлақи ҶҚ боқӣ монд. 

Вале агар умқтар сари ин мушкил андеша ронем, усулан ҳамааш аз Ленин сар шуда буд. Оё фаромӯш кардае(д)м, ки Ленин расман раҳбари давлати советӣ набуд? Ӯ доҳии пролетариат, сарвари Шӯрои амният ва сарвари Шӯрои комиссарони халқӣ буд, вале амалан то марг ва ҳатто 63 соли пас мавт низ роҳбари воқеии абарқудрате бо номи СССР буд…

Яъне чӣ? Яъне проекти нави ВВП идомаи ҳамон нақша-чорбаиниҳоест, ки дар кишварҳои пасосотсиалистиву пасокоммунистӣ роҳандозӣ шудаанд ва бар тибқи аксиомаи «бо ивазшавии ҷои зарбшаванда ҳосил тағйир намеёбад», дар сиёсати калидии Кремлин низ чизе иваз нахоҳад шуд!

  Ин назари сирф фардии каминаи камтарин ба моҷарои истеъфои кабинети вазирон ва тағийрот дар Конститусияи ФР буд, ки метавонад куллан ва ё қисман ғалат бошад. Мо Метавонем!

 

 

Матлабҳои дигар