Принт

Ба дарс дер кардӣ-5 сомонӣ…

   

1 нафар дӯстам моҳҳои зиёд аст, ки ба касалӣ гирифтор гаштааст. Ман ба дидани дӯстам ба н.Балҷувон ба деҳаи Қаҷтут сафар кардам. Пас аз аёдати ӯ ба сӯҳбати пирони барнодил шитофтам. Ҳамсояҳо аз гӯшаи ҳаёти имрӯза сухан мегуфтанд. Яке аз вазъияти бади таълиму тарбия ҳарф зад, кӯдакон дар оянда чӣ мешуда бошад. Марди дигаре афзуд, ки дар мактабҳо омӯзгорони бесавод таълиму тарбия  медиҳанд. Дар 2 мактабе, ки ман медонам занҳои бе маълумот ва аз шавҳар ҷудошуда дарс мегӯянд. Ин омӯзгорон худашон тарбия надоранд, чӣ хел фарзандони моро таълиму тарбия медиҳанд? Ман пурсидам, ки фарзандони шумо роҳи дурру дарозро тай мекунанд. Имконият нест, ки ақалан мактаби 9-сола созанд, гуфтанд, ҳаст, вале намехоҳанд. Гуфтам, ки ба Ҳукумат муроҷиат кунед. Гуфтанд, борҳо муроҷиат кардем! Ҷавоби раиси Ҳукумат ин аст, замин ёбед мо месозем. Аҷоибаш ин аст, ки замин дар ихтиёри мардуми деҳа бошад ё дар ихтиёри Ҳукумати ноҳия? Шумо намедонед, ки кӯдакони мо ба балои дигар гирифторанд: роҳи хоку обу лойро тай карда мераванду 5 дақиқа дер монанд 5-сомонӣ ҷарима медиҳанд! Надиҳанд ба дарс иҷозат нест. Ба кӯдакон раҳму шавқат кунед. Аз ин ҳолати бад калоншавандагони ноҳия хабар дошта бошанд?

Аҳтам Одинаев, 

Сокини н.Ховалинг

 

Матлабҳои дигар