ХАБАРИ ДОҒ

Рақамҳои (Вайберат) чанд аст?

  • Чоршанбе, Фев 05 2020

  Муҳаммадбек Сироҷов, сокини ш.Душанбе (тел: 988 60 45 50) занг зада, гуфт, ки ман мухлиси доимии газетаи шуҳратёри СССР мебошам. Мо пештар бо Шаҳрзоди Амин ҳамкорӣ доштем ва матлабҳоямонро тариқи Вайбер равон мекардем. Акнун чӣ тавр равон кунем? 

Аз редаксия. Хонандагони азиз! Шумо ҳар дархосту матлабу пешниҳод доред, бо дилхоҳ воситае, ки ба шумо осонтару фаҳмотар аст ба мо фиристед. Якчанд рақами телефонӣ дорем, ки шабонарузӣ фаъоланду дар саҳифаҳои газета пайваста нашр мешаванд ва почтаҳои электоронии фаъол дорем ва ё метавонед тариқи Вайбер, ИМО, СМС-паёмак ва дигар чатҳо бо мо пайваст шавед. Мо Метавонем!

 

1 Паём

  • Шарҳр додан Маҳмадулло Сироҷӣ * Душанбе, 17 Феврал 2020 08:34 Паём аз Маҳмадулло Сироҷӣ *

    Рӯзномаи хубу хонданӣ СССР,
    Хушрангу базебу диданӣ СССР.
    Дарди ҳамаро ба дида мебардорад,
    Бар дарди ҳама расиданӣ СССР.

    Як СССР аз бадани олам рафт,
    Гӯё зи ҷаҳон Таҳамтани олам рафт.
    Имрӯз чӣ хуш, Рӯинтане омад боз,
    Боке набувад, агар "ман"-и олам рафт.

    Дар СССР бародарӣ тарғиб аст,
    Дар СССР баробарӣ тарғиб аст.
    Марду зани неки Тоҷикистони азиз,
    Дар ҳар нафасаш саросарӣ тарғиб аст.
    М. Сироҷӣ
    Шарҳ:
    1.СССР - номи рӯзнома
    2. рӯинтан - рӯзномаи СССР
    3. ман(-и дар нохунак) номи давлати барҳамхӯрда
    4. дар ҳар нафасаш - дар ҳар чопу бароришаш
    5. саросар(-ӣ) - аз сар то по

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter