Принт

Коронавируси хитоӣ ва маорифи тоҷик

Мушкили миллӣ-7

Боре дар бораи 1 муаллими шизик-физике навишта будам, ки тарғиби фанатизм мекардааст. Чанд шизик-омӯзгор то ҳанӯз дар кашмакашам қарор додаанд. 1 шизик-юристи дигар бошад, ҳатто маро говсуд низ карданӣ шуд (воқеан ун ҳуқуқшиноси номӣ аз ҳисоби грантҳои хориҷиён ва барои ҳифзи озодии баён маош мегирад!). Зеро барои бархеи инҳо дифоъ аз ҳамкасби бе фаҳму бе идрок «корпоративный интерес» шудааст:

Диҳанд аҳли ситам, эй Саййидо, бар якдигар ёрӣ,

Камон афтад зи по, тир аз пайи имдод бархезад!

Дар ин шоҳбайт вожаи «камон»-ро ба таъбири дӯстдори Аҳмади Иброҳим, ба калимаи «тупой» метавон иваз кард. 

Дар нишасти матуботии ахирии вазири маориф ва илм бошад, бонги изтироб ҳам зада шуд, ки Ихвониҳо бар макотиби олӣ ва миёна даст бурданианд. Коре, ки Фатҳулло Гюлен дар литсейҳояш мекард. Яъне, соате фаро расида, ки дар мактабҳои мо реформаи вежа рӯи даст гирифта шавад. Тарбияту таълим бояд бештар сари илму маърифати дунявӣ, нано-техноложӣ, замонавӣ тамаркуз хӯрад. Писари ман Мубориз, дар синфи 7 ва дар мактаби англисӣ мехонад. Барномаи таълимии онҳо, ки бар тибқи барномаи Гарвард роҳандозӣ шудааст, ба шаҳодати доктор Раҳмонов Ҳусейн Эмомович, дар аксари маворид, мукаммалтар аз барномаҳои донишгоҳу донишкадаҳои химияву биологияву тиббу физикаи мост! Писарамро таъриф намекунам. Методи тадриси хориҷиёнро мегӯям, ки «арӯсро дар арӯсӣ ва кучукро дар кучукӣ» тарбият мекунанд. Ва акнун бинед, ки онҳо куҷоянду мо дар куҷо!!!

Ва акнун баргардем сари коронавирус ва маърифат. Имрӯз дар аксари макотиби оливу миёна 1 гап меравад: -Хитойро барои ҳаққи мусалмононро поймол кардану қадри Қуръонро надонистан Худо задааст… Тавассути фейсу мессенҷеру вайберу твиттеру инстаграмму имо бошад, ба ман афроде, дар бастагӣ ба вазъ, «амри маъруф» равон мекунанд, ки мӯйи баданат мехезад:

-Наход мо мардуми то ин ҳад тупой бошему ман бехабар?

Ҳой мардум! Худо мезанад, касеро хоҳад, вале дар навбати аввал бесаводу бедонишу бехирадонро! 1 бор ба мавқеи худамон, ҳамчун мусалмон назар куне(м)д ва баъд бар ҷаҳониён. О, ин чи хел аст, ки калтаки Худо 700-800 сол аз сари худамон дур намеравад? Зеро мо хираду саводу дониш, сарчашмаҳои асливу усулии маърифатро, ки ҳама фармудаҳои Худои Бузурганд, канора гузоштаву думболаи фитнаву фанатизму таассуб меравем…Бузургтарин давлатҳои исломӣ тобеи кистанд? Шайхҳои араб лагандбардори Амрикову охундони иронӣ к…леси аврупоиён (кашф-лес гуфтаниям!). Ё не мӣ?

Ун демократияи афғоние, ки бархе аз тоҷикакони хориҷпараст тариқи ТВ-ҳои ҳамсоякишвар дидаву меболанд, ҳама зодаи тахайюули Аврупову Амрикост! Худам дар радиои амрикоӣ кор кардаам ва медонам, ки ин демократияро кӣ ва чигуна зодаву ба сари Кобул кашидааст. Дар бораи Афғонистон умуман гап зиёд аст. Кишваре, ки даъвои ислом дорад, магар президенташро иҷборан насрониҳо оварда мегузоранд?...

Дирӯз дар дорухонае навбат меситодам, ки духтарчае ба дугонааш мегуфт:

-Коронавирус аз калимаи Коран, яъне Қуръон гирифта шудаасту онро Худо барои сӯзонидини Қуръон ба сари мардуми Чин зада будааст… Дигарӣ пурсид, ки «кӣ гуфт?», аввалӣ посух дод «муаллим». Ба умеде, ки ӯ дар ягон ПэТэУ мехонад пурсидам, духтарҷон куҷо мехонӣ? Ва ҳуш аз сарам парид, ки бепарво гуфт…тиббӣ…

Омӯзгори тибб ба ин бечораҳо сафсатта гуфтааст, ки коронавирусро Худо барои ҷазои хитоиҳо баровардааст, ки Қуръон сӯхтаанд…Расидем!

Ҳоло дар сартосари олам сиёсати хитойситезӣ шуруъ шудааст, ки дар саргаҳи он абарқудратҳои Ғарб меистанд. Ва он танқиди чиноиҳо, ки мусалмононро  табъизу тазйиқ мекунанд, кори дастгоҳҳои насронияву яҳудист, ки конкуренти худро аз олами ислом ронданиянд. Вагарна ҳанӯз дар авоили асри ХХ аз мусалмонони Уйғуру Шинҷон пуштибонӣ мекарданд. Намегӯям ситам сари мусалмонон умуман нест. Ҳаст, вале на ба ҳадде, ки дар қабл буд. Вале чун Чин абарқудрат шудаву  ҷои пои олами насронияро гирифтан дорад, Амрикову Аврупо ба хотир оварданд, ки «мусалмонон дар Хитой истисмор мешаванд!». Эй, мардум, ба таблиғи хориҷиҳо дода нашавед. Имрӯз Хитой бо ҳама бадиву хубияш ЯГОНА иттифоқчии воқеии мост. Ояндаро намедонам (касе онро намедонад!). Вале онгуна, ки Пекин ба иқтисоди мо сармоягузорӣ мекунад, ягон кишвари олам на мекунад ва на хоҳад кард. Ва ҳамингуна моҷаро дар аксари кишварҳои пасошӯравии мусалмонист. Акнун фаҳмидӣ, ки дар саргаҳи вируси корона, яъне вируси тоҷдор кӣ меистад? Сармоя ва сиёсат!

Дар охир, барои тупойтарин мусалмони тупой 1 чӣ гуфтаниям:

-Агар ин вирусро Худо барои истисморгарони мусалмонон «сохта» бошад, таҳорат кардаву такбиргӯён Хитой рав. Агар ин вирус асарат накард, бовар мекунам, ки он вируси антимусалмонист ва дар назди ту, бо шоҳидии хонандаи ин сутур, ман пӯзиш мепурсам. Мо Метавонем! 

Слабо???

 

Матлабҳои дигар