Принт

Таърихро набояд фаромӯш кард

 

 

Баъзе «СССР»- хонҳои ҳамдиёрамон ба газетаи мазкур мактубе навишта ё ба воситаи телефон хабаре дода, таклифҳо пешниҳод менамоянд, ки дар бораи ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1992-1997-и тоҷикон: дар бораи босмачизм, дар масъалаи Партияи коммунистӣ (болшевикон), Ҳокимияти Советӣ…мақолаҳо навиштану дар газета чоп кардани онҳо бас карда шавад, гӯё ин мавзӯъҳо дилбазан шудаанд. 

 

Ҷанги шаҳрвандиро аз куҷо хонем?

Газетаи «СССР» ин газетаи мардумӣ аст, одамон гузаштаю ҳозираи худро ба ёд меоранду менависанд, то ки мардуми бефаҳмамон дониста монанд, ки дар 100 соли охир аз сарамон чи гузаштаю чиҳо мондааст. Мо чи гуна фарҳангу мафкура доштему дорем. Онҳое чунин таклифу пешниҳодҳо медиҳанд, ба боварӣ метавон гуфт, душманони Ҳокимияти Советӣ ва Тоҷикистонанд. Аз соли 1992 то ба ин вақт 27 сол гузашт. Онҳое, ки то соли 1992-юм 14-16 сола буданд, ё онҳое, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зода шудаанд ё пас аз он, аз хусуси ин ҷанги хонумонсӯз чизеро надидаанд ва намедонанд, ҳатто бисёр калонсолони вилояти Суғд, водиҳои Ғарму Вахё, Дарвозу Помир маълумоти ночизе доранд, пас онҳо аз куҷо бояд оиди ин ҷанг бидонанд?

Газетаҳои марказиамон, нашриётҳоямон худро асосан дар канора гирифта, намехоҳанд ба ин ҳодисаҳои пур аз нангу номус баҳо дода, моҳияти онро ошкор созанд, бисёр газетаҳои хусусӣ бошанд, аз рӯи талабу дархост ва маблағгузории ташкилотҳо ва давлатҳои хориҷӣ амал намуда, ҳодисаҳоро яктарафа, бар зидди тарафдорони сохти конститутсионӣ, менависанд. Ягона газетае, ки ҳолатҳои аслии воқеаҳоро инъикос менамояд, ин газетаи «СССР» аст ва бояд чунин бошад, газетаи мардумӣ чунин аст. 

 

Нохуну дандонҳои падари Файзалиро кӣ канд?

Аз рӯи моҳият, мақсад, амал ва оқибатҳояш ин ҷанг ҷанге буд, ки ваҳҳобиҳои лаънатшуда мехостанд аз рӯи амри хоҷагони хориҷии худ дар Тоҷикистон давлати Исломӣ барпо кунанд. Дар ҷанги Германияи фашистӣ ва Иттифоқи Советӣ асиронро намекуштанд, онҳоро дар корҳои гуногун истифода мебурданд, вале ваҳҳобиҳо-исломиёни ғаддор бошанд, ҳар ҳимоятгари сохти конститутсиониро, ки асир меафтид, бо азоб мекуштанд. Онҳо мисли гургону сагони ваҳшӣ буданд. Оё мусулмон-ваҳҳобиҳои девонагашта ҳақ доштанд, ки нохунҳои дасту пой, дандонҳои мусулмони дигар-бобои Қурбон Саиди падари Файзалиро, ки ба касе кору бор надошту дар бозорчае барои таъмини рӯзгор мева мефурӯхт бо амбур канда гиранд? 

Ё ки нафтро ҷӯшонда, онро ба гулуи баъзе эътирозгарони мухолиф бирезанд. 

Ё ки мардону ҷавононро мисли буққаю такка ахта кунанд???

 

Қатли Рустами Абдурраҳим, ки асир буд!

Рустами Абдураҳимро бошад, исломиҳо дар назди автобазаи 3 шаҳри Душанбе дар гарданаш сим баста, ба қафои автомашинае пайваста, дар кӯчаҳои шаҳр намоишкорона кашола карданд, то оне, ки каллааш аз тан ҷудо шуд. 

Гитлер ягон асири совеитро чунин накушта буд, ки ин мусуламонон карданд! Қатли асир-ҷинояти низомист ва бояд онҳо, ки имрӯз дар Аврупо сарпаноҳ ёфтаанд, барои ин кушторҳо дар суди Гаага посух гӯянд!!!

Магар ин ва дигар ваҳшониятҳои ваҳҳобиҳои исломӣ ва муборизаи тарафдорони сохти конститутсиониро нанавиштан ва фаромӯш сохтан мумкин аст?

 Магар саркардагони ин ҷангро-Акбари Тураҷонзода, Мулло Абдуллои Нурӣ, Давлати Усмон, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Шодмон Юсуф, Тоҳири Абдуҷаббор, Эшони Қиёмиддин, Мулло Маҳмадҷон, мулло Абдуғаффор ва дигаронро фаромӯш намудан мумкин аст?

Онҳое, ки талабгори бас кардани ёдоварии ҳодисаҳои солҳои 90-уманд, худ иштирокчии ин ҷанг буданд ва ҳоло аз кардаи худ шарм доштаю пушаймон гашта, худро мисли харгуши дар қафас мешуморанд. Онҳо ҳар вақте дар кӯчаҳо ё ҷои дигар бо халқи оддӣ вомехӯранд, аз шарму ҳаё намедонанд чӣ тавр гап бизананду чи кор кунанд. 

 

Босмачиҳо хунхору сакалту буданд!

Гурӯҳи дигаре мунтазам дар бораи ҳимоя аз босмачиҳо, ки душманони мардуми деҳқони камбағал ва барқарорсозии Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон буданд, ба газета навишта, пешниҳод менамоянд, ки нисбаташон дигар маводе чоп карда нашавад. Агар гунбази болои китфу гардани чунинҳо каме фикру андеша дошта бошад, оё метавон босмачиҳои хунхору сакалтуро ба мисли кури Шермат, Фузайл Махсум, Давлатманбегӣ, Иброҳимбеки Шағол ва мисли онҳоро, ки хонаи бечораю бенавоёнро ғорату хароб месохтанд, фаромӯш сохт? Бисёриҳо барғалат андешаҳо ронда, босмачиҳоро ватандӯсту озодандеш, ҳомиёни Ватан мешуморанд, ки ин ба ҳақиқати воқеӣ тамоман туғрӣ намеояд. Онҳо сакалтуҳо, хунхори камбағалон, душманони ашадии ба озодӣ баромадан ва озодона нафас кашидани бебизоатҳо буданд.

  Ман чанд боре навишта будам, ки бобои модариам агарчанде бои калон набошад ҳам, аз миёнаҳо буд. 2 язнаи падарам муллоҳои баобрӯи ҷамоат аз  ноҳияи Балҷувон буданд, аммо мақомотҳои дахлдор онҳоро на ҷазо доданду на ҳабс  ва на бадарға, чунки онҳо бар зидди ҳокимияти Советӣ на тарғибот бурданду на мубориза. Ай бародаронам, магар шумо  филмҳои «Ашк ва шамшер», «Дохунда» ва дигар кинофилмҳоро тамошо накардаед ва китобҳоро нахондаед, ки ба сафсатаю дурӯғ ва васвоси баъзеҳо, ки душманони халқанд, бовар мекунеду менависед. Ҳайф ва сад ҳайф бар шумо.

 Ба рӯзноманигорон, шоирон, нависандагон, рӯҳониён-умуман мусулмонони кишвар, ки худашонро дар як паллаи тарозу ҷой дода, зидди Ҳокимияти дирӯзаву имрӯзаи Тоҷикистон бо ҳар гуна роҳҳо мубориза мебаранд, аз таърихи ҳаётамон моро мехоҳанд ҷудо созанд, ба таври васеъ ва муташаккил зарба задан лозим аст. Агар мо хоҳем, метавонем!

 

Комрони Далер, ш.Бохтар

 

 

Матлабҳои дигар