ХАБАРИ ДОҒ

Коронавирус: 935 нафар дар Харангону 7 Тоҷик дар Ухан хоб...

  • Панҷшанбе, Фев 13 2020

 

(Посухи расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба дархости газетаи мардумии СССР роҷеъ ба коронавирус ва чораҳои пешгирӣ аз он дар кишвар)

 

Ҳамзамон 7 нафар донишҷӯи Тоҷик бо сабаби доштани табби баланд аз сафар боздошта шуда, мавриди ташхис қарор дода шудаанд. Бояд қайд намуд, тибқи талаботи карантинӣ, ки дар шаҳри Ухан ҷорӣ аст, нафароне, ки табби баланд доранд, дар ҳолати карантинӣ қарор дода мешаванд, вале ин маънои гирифтори бемории коронавирус будани ин нафаронро надорад.

Тибқи маълумоти муттасили расмии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз моҳи декабри соли 2019 то инҷониб дар як қатор музофотҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой вазъи эпидемиологии сирояти коронавирус номусоид гардида, ба ҳолати 13 феврали соли 2020 дар умум дар ин кишвар 59833 ҳодисаҳои сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 1368 нафар фавтидаанд. Беморӣ асосан дар музофотҳои  Хубей (Ухан), Гуандун, Чжэтсзян, Хэнан, Чунтсин, Хунан, Анхой, Шанси, Шандун, Хэбей, Ляонин, Юннан, Сичуан, ва шаҳрҳои Пекину Шанхай мушоҳида гардида, ҳамзамон паҳншавии ҳодисаҳои вируси мазкур дар 24 кишварҳои дунё, аз ҷумла Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Таиланд, Австралия, Ветнам, Канада, Непал, Тайван, Сингапур, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Франсия, Олмон, Финляндия, Италия, Британияи Кабир, Шветсия, Федератсияи Россия, Белгия, Канада, Филиппин, Ҳиндустон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Малайзия низ дида мешавад. Айни замон дар тамоми ҷаҳон аз манбаҳои расмии тавассути Ташкилоти умумиҷаҳонӣ дастрасшуда дар бораи 60276 ҳодисаҳои тасдиқшуда маълумот дода, берун аз Ҷумҳурии Халқии Хитой расман 443 ҳолатҳои сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудаанд. Дар байни сайёҳон ва ҳайати хизматрасони лайнери «Diamond Princess» дар соҳили Япония 174 ҳолати сироят ба қайд гирифта шудааст.   

Тавре иттилоъ дода будем, тибқи таҳлилҳо хурӯҷи сирояти коронавирус  асосан дар шаҳри Ухани музофоти  Хубей оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ ба дигар музофотҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой паҳн гардид. Айни замон аз 59833 ҳодисаҳои сирояти коронавирус, ки  дар 34 музофоти Ҷумҳурии Халқии Хитой мушоҳида гардидаанд, 48206 ҳодисаро маҳз гирифторшудагони музофоти Хубей ташкил дода, шумораи ҳалокшудагон дар ин музофот 1310 ҳолатро дарбар гирифтааст.

Ҳамзамон маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки наздики 80% гирифторони сирояти коронавирус дар дигар кишварҳои ҷаҳон маҳз аз шаҳри Ухани музофоти  Хубейи Ҷумҳурии Халқии Хитой ба кишварҳои худ баргаштаву баъдан бемор шуда мебошанд. Ин омил шаҳодат медиҳад, ки  маҳз нафароне, ки дар музофоти Хубейи Ҷумҳурии Халқии Хитой қарор доранд,  ба ҳайси нафарони зери хавфи баланд қарордошта арзёбӣ гардида, метавонанд ин вирусро ба дигар кишварҳои ҷаҳон интиқол диҳанд.   

 

935 нафар дар карантин қарор дорад!

То ҳол вазъи кунунӣ, шароитҳои омодабошӣ ва раванди назорати беморхонавии шаҳрвандони барои мушоҳида ва ташхиси тиббӣ ба муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрии тиббии мутобиқкунонидашудаи пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо бистаришуда, ки аз музофотҳои гуногуни Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштаанд, мӯътадил буда, ба ҳолати субҳи  13 феврали соли 2020 шумораи умумии онҳо 935 нафарро ташкил намудааст. 

 Бо назардошти таваҷҷӯҳи хоса ва супориши Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сараввал вобаста ба вазъи воқеии 63 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 46 нафар донишҷӯёни тоҷик (5 нафар занон ва 41 нафар мардҳо), ки соати 6-и субҳи 11 феврали соли  равон аз шаҳри Ухани музофоти Хубейи Ҷумҳурии Халқии Хитой тариқи ҳавопаймои ширкати «СомонЭйр» ба ватан баргардонида, бо риояи шароитҳои карантинӣ дар асоси  талаботҳои Қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб ҷойгир карда шудаанд, иттилоъ медиҳем, ки ба ҳолати субҳи 13 феврали соли 2020 вазъи саломатии онҳо мӯътадил буда, онҳо дар   давоми ду ҳафта дар ҳолати карантинӣ бо назорати муттасили тиббӣ фаро гирифта мешаванд. Ду гурӯҳ табибон бо навбат ба муоинаи бистаришудагон пайваста машғул мебошанд. Бистаришудагон се вақт бо хӯроки гарм таъмин шуда, ҳамарӯза ҳолати саломатии онҳо тибқи тартиби муқарраргардида 3 маротиба муоина карда мешавад. 

Дар баробари шаҳрвандони аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба ватан баргардонидашуда 17 нафар шахсони масъул, аз ҷумла 14 нафар ҳайати экипаж ва 3 нафар ронандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки онҳоро ҳамроҳӣ намуданд, низ дар осоишгоҳи мазкур ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта шудаанд. Айни замон дар байни бистаришудагон ягон ҳолати ба нишонаҳои сирояти коронавирус монанд мушоҳида нашудааст. 

         

7 тоҷик дар Ухан бо таби баланд бистарист!

Тибқи маълумоти расмии Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 10 феврал муроҷиати 56 нафардонишҷӯён барои аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Тоҷикистон баргардонидан ба қайд гирифта, баъдан  3 нафар бо хоҳиши худ аз сафар худдорӣ намудаанд. Ҳамзамон 7 нафари дигар бо сабаби доштани табби баланд аз сафар боздошта шуда, мавриди ташхис қарор дода шудаанд. Бояд қайд намуд, тибқи талаботи карантинӣ, ки дар шаҳри Ухан ҷорӣ аст, нафароне, ки табби баланд доранд, дар ҳолати карантинӣ қарор дода мешаванд ва ин маънои гирифтори бемории коронавирус будани ин нафаронро надорад.

То имрӯз дар назди вазорат тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2020, №37 бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди доимоамалкунанда таъсис дода, ҷиҳати назорат ва коргузории нуқтаҳои назорати санитарию карантинӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва гузаргоҳҳои наздисарҳадии давлатӣ тибқи Қоидаҳои байналмилалии тибию санитарӣ (2005) тадбирҳои фаврӣ андешуда шуда истодаанд. Дар доираи таваҷҷӯҳу дастгирии Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати ташаккули шароитҳои фаъолият ва заминаи моддию техникии нуқтаҳои назорати санитарию карантинӣ, аз ҷумла муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизотҳои зарурӣ, ба монанди тепловизорҳо ва термосканерҳо барои муайян намудани ҳарорати бадани мусофироне, ки ба ҷумҳурӣ ворид мегарданд, инчунин, маводи ҳифзкунандаи истифодаи яккаратаи инфиродӣ пурзӯр гардонида шуд, ки ин барои назорат вобаста ба воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ тавассути нуқтаҳои зикргардида, хусусан аз Ҷумҳурии Халқии Хитой дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ таъсири мусбӣ расонидааст. 

Роҳбарони муассисаҳои табобатию профилактикӣ вазифадор гардидаанд, ки нисбати ҳодисаҳои бемориҳое, ки бо баландшавии ҳарорати бадан, дарди сар, сулфа, табларза, нафастангӣ ва варами гулӯ ба қайд гирифта мешаванд, маълумоти дақиқи эпидемиологӣ ҷамъоварӣ карда, ба махзани Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ворид намоянд. Айни замон чораҳои омодагӣ ва зиддиэпидемикӣ нисбати сирояти коронавирусӣ дар муассисаҳои табобатию пешгирии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз қабили таъмин ва омӯзиши истифодаи дурусти воситаҳои ҳимояи фардӣ ва риояи чораҳои назорати сироятӣ, инчунин, захираҳо ва дастрасии маводҳои зиддивирусӣ, маводҳои безараргардонӣ, омода намудани шӯъбаҳои эҳёгарӣ ва табобати интенсивӣ, банақшагирии хизматрасонии бетаъхир дар ҳолати интиқол ёфтани сирояти коронавирусӣ андешида шудаанд.

Бо мақсади назорати пайваста ва муайян намудани гардиши коронавирус озмоишгоҳҳои вирусологӣ ӯҳдадор гардиданд, ки аз ҳар як ҳодисаи гумонбарони сироятёфта бо ин вирус намунаҳои таҳлилӣ гирифта, саривақт ташхисгузорӣ намоянд. Дар ин самт ҳамкории самаранок бо Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонӣ тавассути мубодилаи иттилоотии озмоишгоҳҳои эътирофшудаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. 

 Фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат дода, корҳои ташкилию омодабошии даврӣ ҷиҳати анҷом додани сафарҳои хизматӣ  ва сайёҳӣ аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба музофотҳои зикргардидаи Ҷумҳурии Халқии Хитой то ба эътидол расидани вазъият манъ гардида, бо мақсади пешгирӣ ва интиқоли коронавирус ба ҷумҳурӣ шумораи нафароне, ки аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба кишвари мо ташриф меоваранд, ба таври қатъӣ таҳти назорат ва бақайдгирии мушаххас бо дарҷи ному насаб, суроға ва маҳалли будубоши онҳо дар махзани иттилоотии вазорат барои назорати минбаъда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзӯр карда шудаанд.

 

Парвоз ба Чин манъ ва ҳаракати мошинҳо маҳдуд шуд!

Ҳамзамон бо назардошти дар ҷумҳурӣ дар заминаи ширкату корхонаҳои муштарак фаъолият намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой ва рафтуомади онҳо ба хориҷи кишвар ва баръакс, бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар ва бошандагони муваққатии он Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукотибаи расмии мутақобиларо ба роҳ монда, мунтазам мубодилаи иттилооти омории сифатию миқдорӣ анҷом дода шуда истодааст. Дар ин раванд бо назардошти дар донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳсил намудани донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баръакс таҳсил намудани донишҷӯёни Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҷумҳурии мо бо мақсади таъмини амнияти аҳолии кишвар ва бошандагони муваққатии он, тибқи дархости вазорат рӯйхати донишҷӯён бо нишондоди маҳалли зист барои назорати тиббӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фаврӣ пешниҳод карда шуд. Дар асоси вазъи эпидемиологии сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Халқии Хитой дар асоси супориши алоқаманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби амалкунанда  парвозҳо тавассути хатсайрҳои ҳавоӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой муваққатан манъ гардида, ҳаракат дар роҳҳои автомобилгузари ҷумҳурӣ дар сарҳади давлатӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳаддалимкон маҳдуд карда шудааст.

 Айни замон барои тамоми корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ маводи аёнии иттилоотӣ, гӯшаву овезаҳои иттилоотонӣ дастрас гардида, ҳамзамон дар шабакаҳои телевизионӣ видеороликҳои маълумотӣ намоиш дода, тавассути радио барномаҳои тавзеҳдиҳанда пахш шуда истодаанд.    

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми саъю кӯшиши худро равона намуда, корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикиро барои пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, таъмини фаъолияти муназзами системаи назорати санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ идома дода, мунтазам барои тақвияти чораҳои зарурӣ тадбирҳои фаврӣ андешида истодааст.

 

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter