ХАБАРИ ДОҒ

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии  воситаҳои ахбори омма» аз 07 феврали соли 2009, № 622 муроҷиати шаҳрванд Раҳматуллозода Абдураҳмон Ҳабибулло бо номи «Дар орзуи дидори падарем!», ки дар ҳафтаномаи «СССР» аз 5 декабри соли 2019, № 49 (586) нашр гардидааст, якҷоя бо маводи  парвандаи ҷиноятӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Муайян гардид, ки бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ  аз 24.02.2003 Раҳматуллоев Ҳабибулло Сафарович бо моддаҳои 249 қисми 4 бандҳои «б,в», 110 қисми 3 банди «а», 181 қисми 3 банди «а» ва 186 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор  дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум  сохтан аз озодӣ ба муҳлати 28 сол бо мусодираи молу мулк, бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шудааст. Писари маҳкумшуда Раҳматуллоев Ҳ.С. Раҳматуллозода А.Ҳ. тариқи ҳафтаномаи «СССР» муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки нисбати падараш Раҳматуллоев Ҳ.С. Қонун «Дар бораи авф» татбиқ карда шавад. Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019, №1648 иҷрои қонуни мазкур нисбати маҳкумшудагоне, ки ҳукми суд нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст ва дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доранд ба зиммаи муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби мақомоти судӣ нисбати Раҳматуллоев Ҳабибулло Сафарович татбиқи Қонун «Дар бораи авф» ғайриимкон мебошад.

Ш. Лутфуллозода, муовини якуми раиси Суди Олии ҶТ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter