ХАБАРИ ДОҒ

Проблемаи миллӣ-9

«Аз ҳамаи санъатҳо муҳимтаринаш барои мо кино мебошад!»

 В.И.Ленин

Агар воқеан ҳам чунин аст, ки Ленин мегуфт, пас вой бар ин миллату ин давлату ин халқу ин қавм, ки кинои Тоҷик ӯро, яъне миллатро, гирёнчак кардааст! Кардааст? Кардааст, мекунад ва хоҳад кард!

Ман ростӣ, киноҳои нави Тоҷикфилму Суғдфилму Хатлонфилму дигару дигар ватанфилмро тамошо намекунам. Зеро зиқ мешавам, дилгир мешавам, КАСАЛ мешавам!!! Эй, мардум, ин чӣ гап, ки дар тӯли 30 соли Истиқлолият мо 1 кинои хубу диданиву сатҳи ҷаҳонӣ навор нагирифтаем, ки мунодии хушбахтӣ, башардӯстӣ, қаҳрамонӣ бошад?!

 Пул нест? Ҳаст! Ҳазорон ҳазор стадиону театру осорхона сохтем, масҷиду мадрасаву мактабу чойхонаву ресторан сохтем. Баландошёнаҳое, ки мо дар тӯли чанд соли ахир сохтаем, ҳатто дар Дубай ба ин миқдору вусъату паҳно насохтаанд, чӣ расад ба ҳамсоякишварҳо. Ва ин ҳама сохтусоз зери шиори «муаррифии миллату давлат бар сайёҳони хориҷӣ!». Намегӯям, насозед. Созед! Ош шавад! Вале оё намедонед, ки 1 кинои хуб беҳтару бештар аз саду ҳазор иншооти ватанӣ миллатро бар оламиён муаррифӣ хоҳад кард?

 Амрико медонед чаро оламгир шуд? Зеро Голливуд дорад! Ва ҳар сокини кӯраи Замин ақаллан 1 бор филмҳои хуби голливудиро, ки дар онҳо 1 янкӣ ҷаҳонро наҷот медиҳад, дидаасту дар сар ҳавои дидани Амрико парваридааст. Ин аст, ки барои «гринкорт»-и Амрико худро медарронем. На танҳо дар Тоҷикистон. Дар ҳама кишварҳои олам. Зеро «аз ҳама санъатҳои (таблиғӣ) муҳимтаринаш киност!». Дидед, гуфтаи Ленинро дар Амрико чигуна ҷомаи амал пӯшонидаанд?

Вале мо дар киноҳои тоҷикӣ чӣ мебинем? Ҳамон Аҳмади порина, яъне 2-3 режиссёре, ки худашон дар нақши асосӣ ҳастанду барои пӯшиши беҳунарии хеш аз кӯча «актёр» гирд меоранду ин аъмоли зишташонро зери номуси гӯшнавози «кастинг» сиррӣ мекунанд. О, кастинг ҳам бояд миёни ҳунармандон гузаронида шавад. Ё не-мӣ? Ва баъд чӣ мешавад? Муаллиф худам, сенарист худам, режиссёр худам, коргардон худам, дар нақши асосӣ худам, худам кино мегирам, худам мебозам, худам тамошо мекунам, худам ҳамаро мегирёнам! Зеро ҳатман дар ин филм нафаре падарашро ба хонаи пирсолон мебараду ошиқ мемираду маъшуқаро таҷовуз мекунанду модар…мемирад. Модар БОЯД дар кинои Тоҷикӣ ё мирад, ё аз гиря кӯр шавад, ё мошинаш занаду чулоқ созад. Зеро Модар предмети гиря аст, образи ашколуда аст…Шумо ягон модаре дидаед (дар филмҳои нави мо), ки қаҳрамон бошад, мубориз бошад, ҷонфидо бошад, ҷавону зебо бошад? Неъи қоқ! Модар (тире) гиря, мотам, сӯз, гудоз…

 Киногирёнчак шудем, мардум, киногирёнчак! Миллате, ки зери ҳамосаи ҷавонмардии Шоҳнома, корномаи достонҳои фолклории Гурғӯлӣ, Восеъ… ба воя мерасид, имрӯз филмҳои примитиви ҳузнангезу рӯҳафтодагӣ мебинад. Ва шумо фикр доред, ки фардо ин миллат дар ҳифозати марзу буми давлати хеш ҷонфидоӣ хоҳад кард? Гуфти Бобои Ғулом «хока!». Сабаби аз Армия гурезон шудани ин миллат, оре, маҳз миллат, на ҷавонон, ки волидайн,  ҳатто бобову бибиҳо пайвандони худро аз тарси Облава дар коҳдону оғилу сандуқ пинҳон мекунанд, кинои тоҷик аст!

 Имрӯз ТВ Синамо садҳо филми советии Тоҷикро ба намоиш мегузорад, ки сипоси вежа бар Набӣ Набизод-директори ин шабака расида бод! Дар ин киноҳо оё бо тарсӯҳо, гирёнчакҳо, ашки бари рӯй, модари мушти пари нолон, ноҷавонмардии густарда бархӯрде дидаед? Нест! Ва агар ҳаст, он образи манфист! Имрӯз бошад, тамомии қаҳрамонҳои мусбии мо гирёнчаканд, тарсончаканд, ақаллан 1 авбошро 2 мушт намезананд! 

Ман фикр мекунам, имрӯз соате расидааст, ки ба ин самти кор шахсан худи Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дахолат кунанд, то филме дар сатҳи ҷаҳонӣ сабт кунем. Режиссёри хуб дорем: Носир Саидов, Барзу Абдураззоқов, Валерий Аҳадов… Актёр ҳам дорем! Акнун дар бораи ҳунармандони синамо: Бовар кун, хонанда, ин миқдор актёри шоистае, ки имрӯз мо аз шӯравӣ мерос гирифтаем, дар 15 ҷумҳурии собиқ СССР нест. Қасами Голливуду Болливудро намехӯрам, вале дақиқан медонам, ки бо хазинаи ҳунармандони саршинос ва бисёр хуб, мо дар ҷаҳон, баъди Амрикову Ҳиндустон дар ҷои 3-ум меистем. Далел мехоҳӣ, хонанда? Марҳамат:

-Ҳошим Гадоев, Ҳабибулло Абдурраззоқов, Тӯрахон Аҳмадхонов, Майрам ва Сайрам Исоеваҳо, Раҷабгул Қосимова, Моҳпайкар Ёрова, Убайдулло Раҷабов, Раҳмондӯсти Қурбониён, Нурулло Абдуллоев, Қиёмиддин Чақалов, Шералӣ Абдулқайсов … Бо ин чеҳраҳо филме метавон сохт, ки дар баробари актёрони Голливуд фардо даъвии Оскар хоҳанд кард!

Вале ҷои ба филмофариниш ҷалб кардани ин хазинаи тилоии синематографи оламшумул, мо бо киноҳои примитив миллатро мегирёнем. БАС!!! Ба миллат кинои асил офаред, ақаллан дар сатҳи 60-70 сол пеши кинои советии Тоҷик. 

Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter