Принт

Ҳокими мутлақи Мискинобод кист?

 Раҷаб Назиров, собиқ директори хоҷагии ба номи А. Назиров аз мансаби хизматӣ истифода бурда, даҳҳо гектар заминҳои обии дурнамои картошкаро ба тағодорону пулдорон фурӯхтаву ҳадя кард. Хоҷагӣ то солҳои қаблӣ дар майдони зиёда аз 100 гектар картошка кишт карда ба ҳисоби миёна аз 1 гектар 350-400 сентнерӣ ҳосили фаровон рӯёнда, дастурхони аҳолиро ғанӣ мегардонд. Азбаски хоҷагӣ, хоҷагии тухмипарварӣ маҳсуб меёбад, Раҷаб Назиров ва собиқ директори хоҷагӣ Ғаюрбег Умратов заминҳои корами обии фаровонҳосили картошкаро ба тағодорону пулдорон фурӯхта маблағи ҳангуфт ба даст дароварда бошанд ҳам, танобкашон ба хотири «ёр наранҷаду лаъл ба даст ояд» пишаки онҳоро пишт нагуфтанд.

 Дар ростои идораи хоҷагӣ 0,50 га боғот ҷойгир буду соле 20 то 70 тонна меваи аълосифат ҷамъоварӣ мекарданд. Вале чӣ мегӯед Раҷаб Назиров ва ҳаммаслаконаш боғи ҳосилдеҳро решакан карда, ба манфиати шахсиашон дорухона, мағоза, дӯкони фитафурӯшӣ бунёд карданд, ки ба мақсад  мувофиқ нест. Соли 2017 барои хизмати мардумро осон кардан дар маркази деҳаи Мискинобод филиали Бонки «Амонатбонк»-ро сохта мавриди истифода қарор доданд. Раҷаб Назиров, ба воситаи тағобозӣ филиали «Амонатбонк»-ро дар мағозаи шахсиаш ҷойгир карда, бинои филиали «Амонатбонк»-ро аз худ карда, ҳамом бунёд карданист. Барои бинои филиали «Амонатбонк» садҳо ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Магар ин ҳолатро мақомот намедида бошанд?

Ҳокими Сафар, н.Файзобод

 

Матлабҳои дигар