Принт

Ҳайкалҳои Сомониро канед!!!

Проблемаи миллӣ-10

Намуда пайкари ман махзани 1000 озор,

Намуда синаи ман миҷмари 1000 озар…

(Садри Зиё)

Ин корро бояд ҳатман ва ҳарчӣ тезтар иҷро кунем! Бовар кун, хонанда, ҳайкалкании мо, шояд дар таърихи маданияти пайкаратарошӣ, барои нахустин бор, на вандализм, ки амали савоб дониста мешавад. Зеро ин ҳайкалҳо зеби шаҳру деҳоту давлату кишваре нестанд: инҳо куллан зеби кандану барангехтан доранд. Албатта, ба истиснои 1 ҳайкал!

 Фарзи мисол, пайкараи Исмоили Сомонӣ дар маркази пойтахт бояд истад, вале даҳҳову садҳо ҳайкалу ҳайкалчаҳои Исмоил оҷилан вардошта шаванд. Мефаҳмонам.

Аз барои Худо, ақаллан баъди хондани ҳамин пешниҳод, ҳар хонанда ба кӯчаи марказии шаҳраш барояду тамошо кунад ин ҳайокилро. Ақаллан 1-тои он ба дигараш монандӣ дорад? Неъи қоқ. Симо, чеҳра, устура, маҷмаа, комплекс, талаботи архитектурӣ ва маданияти меъмориву ҳайкалтарошӣ дар ягон пайкараи Исмоили Сомонӣ риоят нашудааст. Ба назар мерасад, ки масъулин аз рӯи меъёри замони ахир мӯдгардидаи «салла пурсидед-каллая гиред!» амал кардаву тибқи масали «қурбоқа ҳам пояшро наъл зад» оҷилан дар шаҳру навоҳии зертобеашон ин ҳайкалҳоро гузоштаанд. Исмоили Сомонӣ, ки намои давлатдорӣ ва паспорти миллати Тоҷик аст, набояд бо чанд чеҳра, чанд симо, сад қадду қомату шукӯҳу шаҳомати гуногун ба ҷилва ояд. Исмоили Сомонӣ бояд чӣ дар кӯча, чӣ дар хиёбон, чӣ дар китоб, чӣ дар сурат, чӣ дар САҲНА як хел бошад! Намешавад? Ещё как мешавад!

Шумо образи Ленинро дар саҳнаи театри Тоҷику ӯзбеку қирғизу русу укроин дидаед, ки тафовут дошта бошанд? Ё дар кино, Ленину Сталину Гитлерро дигар хел дидаед? Пайкараи Ленин дар тамомии гӯшаву канори СССР-шашяки олам гузошта шуда буд. Садҳо ҳазор бештар! Вале яки он аз дигар тафовут надошт. А, дар мо, шояд ҳамагӣ 20-30 ҳайкали Исмоил ҳасту ҳамаашон ҳархела!

Пайкараи Юлий Сезар, Петри 1, Екатеринаи Бузург, Людовики 16, Бонапарат Наполеон… ва саду ҳазорон нафари дигаре, ки дар сартосари олам гузошта шудаанд, симои ягона доранд. Вале дар мо чунин нест. Ҳоло шояд нафаре эрод гирад, ки акс-фото ё расми Исмоил вуҷуд надошту чунин шудааст. Дуруст! Аксаш набуд. Вале чун симояшро офаридем, бояд чеҳраву қадду қомат ва ҳатто аспаш ягона бошад! Мисле, ки аспи Пётр аст, мисле, ки аспи Людовик аст, мисле, ки аспи Бонапарт аст. Ва ё фикр доред, аспи ин чеҳраҳои таърихӣ паспорту шиносноснома дошту сураташро гирифта буданд? Аз Қосим Роҳбарович, собиқ раиси вилояти Ленинобод пурсед, ки акси аспи ғосиби кишвари хеш-Бутсефали Александрро аз куҷо ёфтаву дар бузургтарин толори осорхонаи Хуҷанд ҷо кард? Воқеан дар бораи ин осорхона. Чунин музей, ки Қосимов сохтааст, низ бояд валангор шавад. Зеро ин осорхона силлие бар рӯи миллат аст; миллате, ки Александр сари қаҳрамонаш-Спитамонро бо дасти занаш буррида буд. Мантиқи ин «шоҳкории Қосим Раҳбар» мисли ин аст, ки дар Питер Д.Медведев осорхонаи пирӯзии Гитлер бар Жуковро созад! На бешу на кам. Вале ба ким мегӯӣ???

…Ин ҳафта бисёр 1 хабари хубе хондам, ки ҳайкали Бобоҷон Ғафуровро аз маркази Бохтари Хатлон мекананд. Шояд онҳое ин «пайкараи нодир»-ро надидаанд, дар тааҷҷубу ҳайрату ғазаб монда бошанд, вале ман хурсанд шудам. Зеро шахсан ҳини ифтитоҳи ин ҳайкал дар авохири солҳои  90-и асри пор ҳузур доштам ва ҳамон замон, вақте парда аз рӯи Б. Ғафуров бардоштанд, ба дил гуфтам, «Худоё, вожгунии ин пайкараро бо чашми сар бинам!». Зеро он, яъне ҳайкал, ягон шабоҳат бар аллома Ғафуров надошт. 

…Ман ҳамакнун дуо мекунам, «Худоё, ману хонандаамро ба он соати саъд расон, ки тамомии пайкараҳои Исмоили Сомонӣ чаппагардон шаванду ҷояшон ҳайкалҳои якнамуди ин чеҳраи таърихофари миллати ман қомат кашад!». 

 Мо метавонем!

 

Матлабҳои дигар