ХАБАРИ ДОҒ

Аз Журналистика то журналистика

  • Чоршанбе, Март 18 2020

Мехостам тамоман чизи дигаре неависам…вале кӯлборамро варақ задаву гуфтам, дар Иди Матбуот аз ин матлаб дида, шахсан ман чизе навишта набитвонам. Ин мақола нест, хонанда, ин бонги изитроб аст ва онро ҳатман бихон!!!

Журналистикаи Тоҷик танҳо бо ин далел, ки дар тӯли 5 соли ҷанги гражданӣ 73 кушта бар ҷой гузоштаву мубориза бо ҷангсолоронро қатъ накард, метавонад 1 умр пеши оламиён фахр кунад!

Журналистикаи Тоҷик бо ин факт низ, ки бо маоши камтарин ҳатто 1 нафар аз окопи касбият ба хандақҳои бизнесу ҳукумат нагурехт, метавонад муфаххир бошад!!

Журналистикаи Тоҷик бо ин мадрак, ки танҳо дар 5 соли ахир беш аз 20 нафарашро дар айни авҷи камолот, дардҳои ҷамъият куштаанд, метавонад абадан ифтихор дошта бошад!!! Ин факт аз чӣ гувоҳӣ медиҳад? Журналистикаи Тоҷик бо мардум, халқ, авом аст ва ҳар дарди ҷамъиятро дар дили худ таҳлил кардаву нашр месозад ва дарди ҷамъият дарди журналистони мо шудаву зумраеро кушт, ки Худо раҳматашон кунад. 

Вале ҷамъият ин журналистикаро чӣ тавр қабул дорад, тамоман суоли дигар аст. Зеро дар ҳолате, ки журналист ҷамъиятро муттакост, ҷамъият парвои журналист надорад...Дур намеравем. Ҷамъияти мо сухани журналистро нашнида, худи ҳамин ҳафта, ба паникаи 3-4 бор бизнес-орд-мен… дода шуда, миллатро масхараи оламиён кард! Русу ӯзбеку қирғизу қазоқ то ҳол ба ҳоламон механданд ва хуб ҳам мекунанд. Зеро мо расман нишон додем, ки миллати тарсу, паникёр, зудбовар ва содаем…

…Аз ман зиёд суол мекунанд, ки мушкили журналистикаи муосир дар чист? Мушкил ҳам не, проблема ҳам не, Фоҷеаи журналистикаи миллӣ ин аст, ки дар ҷамъияти имрӯзаи мо фарқе миёни барандаи тӯй ва журналист, шоир ва журналист, ҳунарманд ва журналист, фейк ва журналист, гей ва журналист, сафсаттагӯй ва журналист, олим ва журналист ва 1001 касби дигар ва журналист надидаанд!!!

Ин даҳшати пирӯз аст! Ва мутаассифона, ҳар боре ман дар ин бора нависам, ҳатто ҳамкасбонам фикр мекунанд, ки ман бо дипломи журналистиям онҳоро наҳ мезанам. На, аслан чунин нест. Зеро дар даврони шӯравӣ дар мо факултаи журналистӣ набуд ва табиатан намояндагони дигар касб низ ба ин соҳа роҳ ёфтанд. Рӯиҳамрафта, ишон дар ин соҳа мастер ва бархе маэстро ҳам шудаанд. Чунки солҳои тӯлонӣ фаолият кардаву маҳоратро сайқал додаву омӯхтаву кор кардаанд. Вале ман 1 чизи дигарро намефаҳмам, ки дар тӯли 30 сол, ки қариб дар тамомии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар факултаҳои журналистика (дар Душанбе чанд факултети журналистика!!!) кушода шудаанд, чаро касби ман ҳирфаӣ на-ме-ша-ваддд?!!!!

Ман актерон, сарояндагон, шоирон, ровиёни тӯй ва кулли намояндагони дигар касбҳоро иззат мегузорам. Зиддашон ҳарфе надорам. Вале танҳо ба ин ҷамъияти муосир гуфтаниям, ки журналистика тамоман касби дигар аст, охир!

Боре дар 1 сӯҳбат бо журналисти саршинос, Самариддин Асозода, гуфтам, ки «журналистика адабиёт нест!» ва то ҳанӯз дар бало мондаам. Куҷое равам ҳамин суолро мешнавам. 1000 бор гуфтааму бори 1001 мегӯям:

-Адабиёт, шеър...дурӯғ аст, ташбеҳу истиора аст. Фарзи мисол, шоире мегӯяд, ман аз осмон Офтобро оварда бар гӯшат, Моҳро ба фарқи сарат мегузораму Ситораҳоро тукмаи камзӯлат мекунам. Беҳтарин дурӯғ аст, вале гуфтаанд, беҳтарин шеър-дурӯғтарини ӯст! Журналист бошад мегӯяд, Офтоб ситораи наздиктарин асту онро оварда намешавад, Ситораҳо аз Офтоб сӯзонтаранд, Моҳе, ки ҳамеша дар фарқи туст, духтараки хушрӯ, Сайёраи баробарҳуқуқ бо кӯраи Замин аст ва онро бар фарқи сари 3 млрд духтар ҳам гузошта намешавад: на-ме-гун-ҷаддд!!! Адабиёт кизби ширин, гиперболоиди шарқиёна мепарастаду Журналистика прагматизми холӣ!

Акнун фаҳмидед, ки журналистика адабиёт ва адиб журналист нест?

Ҷамъият то вақте фарқ миёни касбҳои дигару журналистика намегузораду дар вазифаҳои калидии рӯзноманигорӣ намояндагони дигар соҳаҳо сарварӣ мекунанд, журналистикаи мо шикастпазир аст, агар умуман варшикаста набошад!

Мо шояд дар олам ягона кишваре бошем, ки дар олами иттилоотии интернетӣ 1 расонаи фаромиллӣ надорем! Ё фикр мекунед, 2-3 сайти хонагии моро, бо шумули Ховар ва сомонаҳои ноҳиявимон дар тамомии олам мехонанд? Хоби хушшш!

Давлати мо бояд кайҳо дарк мекард, ки мо 1 кишвари баробарҳуқуқ бо Амрикову Ҷопону Русия ва ғ. ҳастем ва бояд дар фазои иттилоотӣ ҷои пайи худро дошта бошем. Дур намеравем, ҳамин Ӯзбекистони ҳамсоя даҳҳо сайти ба ном «оппозитсионӣ» дорад, ки дар асл манофеи ин кишварро ҳифз мекунанд. Қандашона зананд, ӯзбекҳо! Метавонанд!!! Қирғизҳо ҳам доранд чунин сайтҳои иттилоотирову туркманҳо низ. Аз қазоқу рус ҳарфе намезанам. Худ медонед, ки журналистикаи онҳо чигуна оламфарогир аст. 

Идеологҳои мо бошанд, дар даврони набардҳои бузурги иттилоотӣ, ки хатар бар сари давлати навбунёди мо мезоянд, илоҷи корро танҳо дар обунаи маҷбурӣ дидаанду рӯиҳамрафта, сар аз соли 2017 ҳатто гонорарҳои ночизи газетаҳои расмиро низ бурриданд! Гӯиё ҳаққи қалами ин газетаҳо, ки шояд барои рехтани 25 куб сементи 1 такхонаи сарватманде нарасад, буҷҷаро хароб мекардааст. 

Давлатро дар ҷанги иттилоотие, ки 3 дурӯғгӯ ҷамъиятеро талхакаф кард (моҷарои орди мартӣ) бе «аскари ихтиёрӣ-доброволец», яъне хабарнигорони ғайриштатӣ, намонед. Оқибаташ бад аст. Нафари ба килк одаткарда, ба газета нанавишт, дар интернет менависад. Аввал таърифӣ ва дид, ки он ҷо касе намехонадаш, оҳиста-оҳиста ба танқиду сипас ба тӯҳмату бӯҳтон сар мекунад. Касе бовар надорад, худ ба сайтҳои иҷтимоӣ саре занад. Задед? Дигар намебароед! Бо гарантияаш!!!

11 март-Рӯзи Журналистикаи Тоҷик муборак. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter