Принт

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА: Ман сарбози Ватан ҳастам

 

8 март сарвазири кишвар ба синни 60 наздик шуд…Матлаби мазкур чандин сол пеш, вақте, ки мӯҳтарам Расулзода ҳанӯз раиси вилояти Суғд буданд, навишта шудааст. Вале СССР тасмим гирифт, дар арафаи ин ҷашнвора онро бознашр созад. Мо Метавонем!

Дар бораи шева ва тарзи роҳбарии Қоҳир Расулзода бардоштҳо аслан қариб ки яксонанд ва ӯро бештар менедҷери кордон, серталаб ва демократ медонанд ва дар ин замина ба вежа аз эҳтиёткориаш таъкид менамоянд. Ӯ  воқеан ҳам шахси эҳтиёткор аст ва ҳеҷ гоҳ ба амалҳои ғайри қобили пешбинӣ ё беандеша роҳ намедиҳад. Қоҳир Расулзода таъиноти хешро ба симати сарвазир бидуни изҳори ҳеҷ эҳсосоти чашмрас қабул кард ва дар ҷаласаи худоҳофизиаш бо кормандони дастгоҳи ҳукумати вилояти Суғд ҳамаро якояк барои ҳамкориҳояшон арзи сипос намуда, таъкид дошт, “ҳеҷ омиле вуҷуд надорад, ки ман дар вазифаи нав саҳлангорӣ намоям ва омодаам ҷавобан ба боварию эътимоди  Президенти кишвар барои рушду нумуи Ватани азизамон даҳчанд меҳнат кунам. Ман сарбози Ватан ҳастам”…

Қоҳир Расулзода дар саҳнаи театри сиёсии Тоҷикистон чеҳраи нав нест ва наздик ба 15 сол инҷониб дар ин саҳна нақшҳои ба уҳдааш вогузоршударо иҷро мекунад. Дар саргаҳи ворид шудан ба ин саҳна, шуруъ аз соли 2000-ум, дар сохтори сиёсӣ ва идории кишвар сарварии яке аз бойтарин вазорат, яъне вазорати хоҷагии об ва мелиоратсияро ба зимма дошт. Вай то ба ин симат нишастан, ҳеҷ гуна вазифаи баланди давлатиро ишғол накарда буд. Минбаъд ӯ яке аз вилоятҳои калидӣ, вилояти Суғдро, ки саҳмаш дар иқтисоди кишвар муҳим арзёбӣ мешавад, сарварӣ намуд. Ба ин мансаб бо номи Нозиров Абдуқоҳир Абдурасулович, вазири собиқ, вале чеҳраи ҳануз ҳам камшинохти саҳнаи сиёсии кишвар таъин шуд ва онро баъди даҳ рӯз кам 7 соли тамом бо номи Қоҳир Расулзода, шахсияти шинохташудашудаю бориз ва муассир тарк карда, ба мансаби боз ҳам баландтар — Сарвазири мамлакат нишаст.

Имиҷи Қоҳир Расулзода ба сифати Раиси вилояти Суғд аз рӯи ченаки вақт то андозае ба зудӣ шакл гирифт ва аз рузҳои нахустини фаъолият дар ин мақом алорағми аксари соҳибмансабону ҳамтоёни пешинаш корҳоеро анҷом дод, ки тибқи фаҳмиши эшон, чунин шеваи корбарӣ қобили қабул набуд. Ӯ аз виқору худпарастӣ даст кашид, ҳамчунин нисбати ҳамагуна оппонентҳои эҳтимолӣ чӣ дар сиёсат ва чӣ дар бизнес оштинопазирӣ нишон намедод, кӯшиш мекард, ки фақат ғамхори гурӯҳе аз писандидагон набошад, муносибатҳои қолабӣ ва дастнорасиро ба одамон бад медид ва бадгӯиро намеписандид. Аз ин ҷост, ки дар зарфи 1 соли аввали фаъолияташ аллакай аз ӯ ҳамчун роҳбари хоксор, кордон, боғайрат, серталаб, адолатпарвар, ғамхор, нотарс аз мушкилот, дар муносибат самимию дастрас ва хайрхоҳи соҳибкорон ном мебурданд. Дар баробари ин ӯ ҳамеша нишон медод, ки ба мулоқоти одамони оддӣ омода асту аз онҳо ҳазар ва ҳарос надорад, нисбати раҳбарони собиқи вилоят бадгӯӣ намекунад, бо расонаҳои хабарӣ дар ҳамкорӣ аст ва худро дастпарвару пайрави содиқи Президент Эмомалӣ Раҳмон медонад. 

 Амири хонавода …

Қоҳир Расулзода 8 марти соли 1961 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омада, фарзанди чорум ва ниҳоӣ ба ҳисоб мерафт. Падараш Абдурасул Нозиров, яке аз чеҳраҳои шинохтаи роҳбарии вақти вилоят ва модараш Муҳаббат Охунова, муаллимаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ҷигарбанди худро ба ифтихори бобояш Абдуқоҳир ном гузоштанд. Таърихшиноси машҳури тоҷик, профессор Усмонҷон Ғаффоров мегуяд, ки Қоҳир Расулзода нафақат номи бобояшро, ки солҳои тулонӣ дар сатҳи роҳбарии шаҳру ноҳияҳои Ашту Исфара, Қайроққум ва Чкалов қарор дошт, ба худ гирифтааст, балки пешаи ӯ, миробиро низ касб кард:

“Бобояш Абдуқоҳир Нозиров ходими намоёни ҳизбию давлатӣ ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарсулолаи оилаи Нозировҳо ба шумор меравад. Падараш Абдурасул Нозиров бошад, тайи 14 сол ба фаҳмиши имрӯз раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Дар хонаводаи Нозировҳо Абдуқоҳири хурдӣ ҳамзамон Амирҷон ном бурда мешуд, чунки аз номи падарбузургаш ҳаққи салтанат дар ин хонадонро дошт”, — таъкид менамояд Усмонҷон Ғаффоров.

Қоҳир Расулзода ҳарчанд дар деҳаи хушманзар ва маъруфи Хистеварз таваллуд шуда бошад ҳам, кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавониаш дар Хуҷанди бостонӣ, дар соҳили дарёи Сир гузаштааст. Мактаби таҳсилоти ҳамагониро бо забони русӣ дар ҳамин ҷо хатм кардааст. Аммо ҳеҷ гоҳ забони модариаш –тоҷикии нобро сарфи назар накардааст ва баръакс пайваста онро такмил медод. Таҳсилоти олиро дар Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон гирифтааст. Ихтисосаш муҳандис — гидротехник аст. Дар ҳамин давра пайваста бо варзиш шуғл меварзад ва чанде шомили ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба тӯби дастӣ низ буд. Фаъолияти меҳнатиаш соли 1982 ба сифати ёвари фаннии озмоишгоҳи сохтмонии иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз мешавад. Сипас тӯли 15 сол, шуруъ аз соли 1985 аз вазифаи устои колоннаи сайёри механиконидашудаи № 4 иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой»-и шаҳри Хуҷанд то сардори иттиҳодияи мазкур фаъолият бурдааст. Соли 2000 ба мансаби Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2006 Раиси вилояти Суғд таъин шудааст. Аз 23 ноябри соли 2013 то ба ҳол Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд. Ҳоло духтаронашон Меҳрангез ва Фарангиз оилаи худро барпо кардаанд ва ба қавле акнун фарзандони худро тарбия мекунанд.  Онҳое, ки оилаи Расулзодаро аз наздик мешиносанд, мегӯянд, ки ин хонавода бо муҳаббат, меҳрубонӣ ва ҳалимиву хоксорӣ ҳам барои хешовандон ва ҳам барои онҳое, ки эшонро мешиносанд, намунаи ибрат аст. Иқболой, зани раис Қоҳир Расулзодаро аксарият дар рӯзҳое, ки ҳамроҳ бо шавҳараш ва ҳамкорони ӯ барои кӯмак ба кишоварзон ба ҳашари пахта меомад, бештар мешинохтагӣ шуданд.

 Қолабшиканӣ, ҳарфҳо ва сукут …

Вақте вазир шуд, ӯро дар утоқи кориаш камтар медиданд ва роҳаткурсии вазир аксаран холӣ аз соҳибаш қарор дошт. Тамоми пойгоҳҳои обкашии кишварро аз ёд медонист, ки дар куҷо ҷойгир шудаанд ва чӣ зафъ доранд. Боре муаллифи ин сатрҳо шоҳиди 1 ҳодиса шуд, ки дар яке аз ноҳияҳои водии Зарафшон рух дода буд. Қоҳир Расулзода ба ҳайси раиси вилояти Суғд ба ин ноҳия сафари корӣ анҷом медод ва дар 1 мулоқоташ бо мардуми маҳал чанде аз намояндагони аҳолӣ арз доштанд, то вазъи пойгоҳи обкашии “Ёрӣ -1”, ки аз 4 дастгоҳи он ҳамагӣ яктоаш фаъол буд, беҳтар карда шавад. Зеро фаъолияти муназзами ин иншоот, ки наздики 2,5 ҳазор гектар заминро обёрӣ мекард, ба вазъи зиндагии мардуми чанд деҳоти ҷамоати Ёрӣ таъсири бевосита дошт. Вақте, баъди анҷоми мулоқот Қоҳир Расулзода шаҳрдорро ба мошини худ савор карда, ғайриинтизора хоҳиш намуд, ки онҳоро ба пойгоҳ роҳбаладӣ намояд, дуюмӣ саргум зад. Шаҳрдор намедонист, ки аз ин вазъияти ногувор чӣ гуна халосӣ ёбад. Ниҳоят Қоҳир Расулзода худаш роҳбалад шуд ва ҳамаро ба манзил расонд ва баъди боздид шӯхиомез шаҳрдорро “гӯшмол” дод: “Наход тайи панҷ соли раис шуданатон натавонистед, аққалан боре аз ин пойгоҳ, ки ризқу рӯзии мардум аз фаъолияти он вобаста аст, дидан карда бошед?!”…

Коҳир Расулзода маҳз дар мансаби Раиси вилояти Суғд қолаби маъмулии мансабдориро ончунон ба ҳам зад, ки ҳеҷ касе аз роҳбарони ин сатҳ накардаанд. Аввалин коре, ки анҷом дод, ин буд, ки дар бораи ҳамтои пешини худ ҳеҷ бадгӯӣ накард. Ӯ ҳам бо забон ва ҳам бо амал собит кард, ки аз ин шеваи ғалат кор нахоҳад гирифт. 

Дигар аз қолабшиканиҳои Қоҳир Расулзода ин буд, ки ӯ дар ҳукумати вилояти Суғд ба “командабозиҳо”, ки солҳои охир ҷанбаи манфии он бештар ҷилванамоӣ мекард, хотима бахшид. Аз рӯзи аввал гуфт, ки бо ҳамаи кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ омода аст, кор кунад ба шарте, ки онҳо “дасту дилу нияти пок” дошта бошанд. Онҳоеро, ки ҳамкориро қабул надоштанд, раҳо кард ва барои дигарон “шанс” ҳадя намуд.

Қоҳир Раcулзода мавқеашро нисбат ба ҳамкорӣ бо расонаҳои хабарӣ дар нахустин вохӯриаш бо рузноманигорон дар моҳи марти соли 2007 баён дошт: “Мо ҳамеша ҷонибдори ошкорбаёнию гуногунандешӣ ҳастем ва намехоҳем, ки ин рукни муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ халалдор шавад. Имрӯз шахсан ман ва ҳам роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз тамоми расонаҳои хабарӣ ва бидуни ҷудо кардан ба давлатию ғайридавлатӣ фаъолияти созандаро умед дорем”.

1 нуктаи муҳими дигаре, ки имрузҳо одамони зиёд дар бораи раиси собиқи вилояти Суғд зикр мекунанд, ин самимияти ӯст. Воқеан, ӯ самимияти баланд дошт ва онро ба ҳама-чӣ гадову чӣ подшоҳ нишон медод. Дар суҳбат бо мардум ба рӯяш ниқоб намекашид ва ҳамеша дар симояш самимияташ ҳувайдо буд. Ӯ гӯш карда метавонист.  Гоҳо сукути ӯ аз гуфтаниҳояш боло буданд ва ҳарфҳои ногуфтаашро ошкор мекарданд. Ин ҳама маҳбубияти ӯро дар байни мардум тақвият мебахшид.

Дар шаҳри Истаравшан рӯзи қабули шаҳрвандон доир мешуд, ки наздики 300 нафар барои муроҷиат номнавис шуда буданд. Маълум буд, ки ин пазироӣ то дер ва ба эҳтимолӣ қавӣ хеле бо мушкилот ва сангин пушти сар мешавад. Намояндагони ҳукумати маҳаллӣ андаке бетоқат ва дар пайи илоҷи ҷилавгирӣ аз муроҷиати шаҳрвандон ба раиси вилоят буданд. Ҳарчанд онҳо баҳонаҳои зиёд пеш меоварданд, аммо Қоҳир Расулзода пойфишорӣ кард: “то ҳамаро ба ҳузур пазируфта, арзашро гӯш накунам, кор тамом нахоҳад шуд”.

Тахминан соатҳои 11 шаб, як зани муштипар ба қабули раиси вилоят мушарраф шуд ва бо дили абгор ва чашмони пурашк ҳасрат кард. Гуфт, ки Маърифат ном дорад, истиқоматкунандаи ҷамоати Зарҳалол, шавҳараш вафот карда ва фарзандонашро бо азоб ба танҳоӣ тарбия мекунад. Хонаи истиқоматии ин шаҳрванд, ки пештар дар канори роҳи асосии шаҳр ҷойгир будааст, дар рӯзҳои таҷлили 2500 солагии шаҳри Истаравшан бо мақсади васеъ намудани роҳ вайрон карда шуда, шаҳрдорӣ ба ҷойи он иваз кардани манзилашро ваъда медиҳанд. Аммо масъулон ба аҳдшон вафо намекунанд. Дар натиҷа аъзои оилаи Маърифат Р. бесарпаноҳ монда, беш аз 10 сол инҷониб сарсону саргардонанд.

Пас аз ним сол дар маҳаллаи навбунёди Баҳористони Истаравшан, барои ин хонавода бо кӯмаки ҳукумати маҳаллӣ, соҳибкорон ва пуштибонии аҳолӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ 3 дар хона бунёд карда шуд, ки дар ифтитоҳи он Қоҳир Расулзода ширкат дошт. Шодии аҳли ин хонадонро ҳадду канор набуд…

 Ободкориҳои Қоҳир Расулзода

Дар соли 2007, соли аввали фаъолияти Қоҳир Расулзода ба ҳайси раиси вилояти Суғд, даромади буҷети вилоят наздик ба 150 миллион сомониро ташкил дод. Дар соли 2012 даромади буҷети вилоят ба беш аз 766 миллион сомонӣ баробар шуд. Маврид ба зикр аст, ки буҷети вилояти Суғд барои соли 2014 дар ҳаҷми зиёда аз 1 миллиард сомонӣ қабул гардид ва ин рақам аз он далолат медиҳад, ки Қоҳир Расулзода буҷети вилоятро солона аз ҳафтод то сад дарсад зиёд кардааст. Бешубҳа ин нишондиҳандаи воқеист ва чунин суръати афзоиши буҷетро коршиносон натиҷаи корбарии дуруст ва кадри шоиста будани Қоҳир Расулзода арзёбӣ мекунанд.

Тибқи омор дар вилоят дар ин давра дар ҳамаи соҳаҳо пешравиҳои назаррас ба қайд гирифта шудаанд. Масалан, агар дар соли 2006 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ дар вилоят 112 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас ин нишондиҳанда дар давоми 6 соли минбаъда 5 баробар афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, маблағгузории соҳаи маориф 3,7 маротиба, соҳаи тандурустӣ 7,2 маротиба, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1,9 ва бахшҳои фарҳангу варзиш 21 баробар бештар шудааст.

Дар марҳилаи солҳои 2006-2012 ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба соҳаи сохтмони асосии вилоят бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ нисбат ба нишондиҳандаи соҳа, ки дар «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар давраи то соли 2015» пешбинӣ гардидааст, бештар аз 5 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар ин муддат дар ҳаҷми беш аз 1,1 млрд. сомонӣ корҳои пудратӣ ба сомон расонида шуданд.

Ҳамчунин дар ин марҳила Варзишгоҳи марказӣ барои 25 ҳазор ҷои нишаст, муҷассама ва маҷмааҳои меъмории падари шеъри форсӣ — Абуабдулло Рӯдакӣ ва поягузори нахустдавлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ бо силсилаи фаввораҳо, «Кохи матбуот», “Қасри варзиш” ва маҷмаи варзишии муосири «Ҳавзи шиноварӣ», муассисаи беназири томактабии Кӯдакистони Президентӣ дар Хуҷанд, беморхонаҳои эндокринологӣ ва гемотологии бачагона, маркази вилоятии солимгардонии шараёни дил, навсозии Қасри маданияти Арбоб ва бунёди маркази фароғатию фарҳангӣ дар назди ин қасри овозадор, чойхонаи миллӣ ва боҳи миллии “Ваҳдат”, мактаби умумиҷумҳуриявӣ барои хонандагони лаёқатманд бо хобгоҳ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мактаби Президентӣ, хобгоҳ барои толибилмон ва манзили истиқоматӣ барои устодони ин мактаб дар шаҳри Чкалов, Маркази истироҳатӣ ва солимгардонии наврасону ҷавонон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва даҳҳо муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд гардидаанд, ки айни замон мавриди истифода қарор доранд.

Ростӣ, дар мавриди иншоотҳои бузург, ки сохта шуданд, гоҳо дар миёни аҳолӣ андешаҳое низ иброз мешуданд, ки зарурат ва суди онҳоро зери суол қарор медоданд. Боре дар ин маврид бо Қоҳир Расулзода сӯҳбат доштем, ки ҷавоби ӯ ба чунин иддао мантиқӣ ва қаноатбахш буд: “Ман ҳам шунидаам, баъзеҳо хостори он ҳастанд, ки агар ин маблағро ба одамон, бахсус камбизоатон тақсим мекардем, хуб мешуд. Биёед, барои мисол ҳисоб мекунем, агар маблағи барои варзишгоҳ сарфшударо ба ҳар сари аҳолии вилоят тақсим кунем, 10 сомонӣ рост меояд. Дар як оила ба ҳисоби миёна 7-8 нафар зиндагӣ мекунанд, яъне 70-80 сомон мерасад. Оё ин маблағ ба сатҳи умумии зиндагии онҳо чӣ таъсир мерасонад?… Таъсираш ҷиддӣ нест, вале варзишгоҳ зарур буд ва ин иншоот солҳои сол ба мардум хизмат мекунад…”

  Фарҷом…

Афлотун мегӯяд: “Руҳияи шахс дар 3 маврид иваз мешавад: ҳангоми наздикӣ ва тақарруб ба подшоҳон ва сарварон, пас аз оиладоршавӣ, вақти сохиби пулу мол шудан. Агар касе дар яке аз ин маврид худро набохт ва ахлоқаш иваз нашуд, қазоваташ саҳеҳ ва муъомилааш дуруст аст.”  

Қоҳир Расулзода ин 3 марҳиларо дидааст ва ҳанӯз касе намегӯяд, ки ӯ худбохта бошад. Боре дар 1 сӯҳбати хоса ишораи хубе кард: “баъзан одамро болои даст мебаранд, ки ин хубу лаззатбахш  аст. Вале бояд ҳушёр буд ва назорат кард, ки ӯро ба куҷо бурданианд…

ИлҳомҶамолиён

РаъноБобоҷониён

феврали 2015

 

Матлабҳои дигар