ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Мирзо: “Ба мо минбар диҳанд!!!”

  • Чоршанбе, Март 18 2020

 

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои ихвон ал-СССР ва дӯстдорони ҳафтанома воизи маъруф ва маҳбуби кишвар Ҳоҷӣ  Мирзоро ба ҳафтаномаи СССР даъват намудем ва инак мусоҳиба бо эшон пешкаши хонандаи гиромӣ

-Ҷаноби Ҳоҷӣ Мирзо сипоси беандоза, ки даъвати моро пазируфта меҳмони мо гардидед! Бори дигар Шуморо ба идораи редаксия хушомадед мегӯем! Мехостем роҷеъ ба ҳангомаҳое, ки рӯзҳои охир мардумро ба таҳлука овард, суҳбате дошта бошем. 

Бале, воқеан ҳам бо дидани таҳлука ва сарсониҳои мардум мо низ хело маҳзун гардидем, зеро ана ҳамин таҳлукаҳои охир маълум кард, ки мардуми мо ба ҳамон даъвои эътиқоде, ки нисбат ба дин дошт содиқ набудааст ё дигартар карда гӯем, эътиқоди онҳо руякӣ будааст. Мардуме, ки доимо бо забон таъкид мекарданд, ки “розиқи мо Аллоҳ аст!”, вале бо ин нобоварӣ исбот карданд, ки даъвои эътиқодашон бепоя будааст. Ана ҳамин таҳлукаҳои охир бори дигар исбот кард, ки душманони миллати мо ва душманони дини мо чунин инсонҳоро барои бесуботӣ низ истифода карда метавонанд. Барои ҳамин як бори дигар бояд мардумро огоҳ намоем, бояд мустаҳакам истодан дар эътиқодро ба онҳо талқин намоем. Ҳазрати Бедил мефармояд:

Ризқро рӯзирасон пар медиҳад,

Бе магас ҳаргиз намонад анкабут.

Худованд чунин қудрат дорад, ки пашшаро (ризқро) пар медиҳад, парида меравад ба назди анкабуду анкабуд ӯро мехӯрад. Нигоҳ кунед, анкабуд қудрати паридан аз қафои туъмаро надорад, вале Худованд ризқро ба наздаш меорад. Ана ин аст рӯзирасонии мардум! Вақте, ки Худованд рӯзии анкабудро мерасонад, пас чаро мо тарсем?! Чаро мо ба таҳлука афтем?!... Мустаҳакам истодан дар эътиқод муҳимтар аз ҳама чиз аст.

Агар ёдатон бошад пештар овоза гардид, ки коронавирусро Худованд барои кофирон офаридааст. Ҳатто мардуми мо ба ин чиз зиёд дода шуданд. Дар ин бора чи назар доред?

Ман фикр мекунам, ки ин ҳама овозаҳои дуруғ барои “лайк” мондану бештар ҷалб сохтани таваҷҷуҳи бинанда аст.  Аз паёмбари гиромии ислом Муҳаммад (с) ҳадиси саҳеҳе дорем, ки онро ҳам Бухорӣ ҳам Имом Муслим ҳам Абдураҳмон ибни Авф ва ҳам Усома ибни Зайд дар китобҳояшон овардаанд, ки вақте хабар ёфтед, ки дар замине “тоъун” (вабо ё вирус) омадааст, шумо онҷо наравед. Ва агар Шумо дар дохили он бошед аз он берун нашавед! Дар замоне, ки пайёмбари ислом Муҳаммад (с) зинда буданд ин суханро гуфтаанд, пас чаро ин вирусро ба кофирон нисбат медиҳанд? Вирус беморӣ аст ва ҳам ба мусалмону ҳам ба ғайримусалмонтаъсир расонида метавонад... Дар замини Шом дар замонҳои хилофати Умар (р) чунин беморӣ омад. Ҳазрати Умар (р) то назикии дарвозаи шаҳр омаданд, мири шаҳр Абуубайда ибни Ҷарроҳ ба амиралмуъминин хабар доданд, ки дар шаҳри мо беморӣ аст, дароед ҳазрат, тақдири илоҳӣ аст. Ҳазрати Умар (р) гуфт. “Мегурезам аз тақдири Худо ба суи тақдири Худо” ва дохили шаҳр нагардид. 

Ин гапҳо ки гӯё коронавирус махсус баҳри кофирону душманони ислом халқ гардидааст, ҳеҷ асосе надорад ва танҳо ба хотири бештар ҷалб кардани таваҷҷуҳи мардум аст. Шояд ман ба ин ҷавобҳоям ягон “лайк” нагирам, вале бояд ҳақиқатро гуфт. Ин дарди илоҳӣ аст ва шифои он низ дар дасти Худованди мутаъол аст.

Ҷаноби Ҳоҷӣ Мирзо, роҷеъи нафароне, ки овозаҳои беасосро, ки гӯё кадом як руҳонии бузурги исломӣ дар хоб паёмбар (с) дидааст ва паёмбар (с) ба ӯ гуфтааст, ки дар дохили саҳифаҳои Қуръон миҷа ё мӯйҳои сари маро меёбед, агар онро ҷӯшонида обашро нӯшед аз коронавирус шифо меёбед, паҳн меунанд, чи гуфтаниед? 

Рости се рӯз аст, ки ба ман низ занг мезананд ва аз ин боб суол мекунанд. Баъзеҳо ин хобро ба домулло Ҳикматулло рабт медиҳанд, баъзеҳои дигар ба домулло Хайршоҳии эронӣ, ҳатто баъзеҳо ба кадом як шайхи араб нисбат додаанд. Охир ҳамин рабт доданҳо ба ҳар кас худ исботгари дуруғ будани ин хоб аст, вале ман барои санҷидани дурустии хабар ба муридони домулло Ҳикматулло тамос гирифтам. Онҳо гуфтанд, ки домулло чунин хоб надидааст ва ин хабар дуруғи маҳз аст. Домулло Хайршоҳи Эронӣ низ бо пахши як навор дар ютуб дуруғ будани ин хабарро таъкид кард... 

 Як хонум ба ман занг зада гуфтанд, ки ман ҳамон миҷае, ки Шумо огоҳӣ доред, ёфтем ҳамроҳи кӯдакон хурдем, шавҳарам омада ҷангҷол дорад, ки бояд ин корро намекардед. Бубинед бародарони азиз хурофот ва ширке чи қадар таъсир гузоштааст. Охир инсон, ки Қуръон мехонад рӯяш тарафи Қуръон аст ва бешак чашмашро мехорад ё рӯяшро мемолад ва дар ҳамин ҳолат афтидани мӯй ё миҷаро аз куҷо эҳсос мекунӣ. Шояд дар Қуръони ман даҳҳо мӯйи сар ё миҷа аст. Баъдан охир хоби домулло ё ҳоҷӣ дар шариъат ҳукми шаръӣ намегирад, фақат хоби пайёмбарон эътибор дорад, хоби дигарон танҳо ба шахсияти худашон таалуқ дорад ба дигарон ҳеҷ нафъу зараре расонида наметавонад.

Домулло азиз сабаби тавсеъаи хурофотпарастӣ чист? 

Дар масъалаи тавсеаи хурофот Соҳиби Табрезӣ мисраҳо дорад, ки мегӯяд:

Махур Соҳиб фиреби фазли амомаи зоҳид,

Ки дар гунбад зи бемағзӣ садо биёр мепечад.

Мутаасифона мо дорем одамоне, ки амомаи бузург дораду дар дохили хурофоту бидъат ғутидаанд ва мутаасифона сухани онҳо эътибор пайдо мекунад. онҳо метавонад, ки барои ривоҷ додани бидъату хурофот ҳатто моро бадном кунанд. Дар онҳо хурофоту бидъат чунон ривоҷ ёфтааст, ки ҳатто агар чашмаш бипарад, онро ба чизе нисбат медиҳад ва мегуяд, ки ин аз хубӣ хабар намедиҳад. Ба фикри шахсии ман қисми зиёди  хурофотҳои мо аз аксар нафаронест, ки дар атрофашон маҳбубу мухлис доранд.

Домуллои гиромӣ! Ман ин суолро махсус медиҳам, зеро имрӯз душманони миллати тоҷик аз хориҷи кишвар истода ба мо эрод мегиранд, ки Тоҷикистон коронавирусро чун фурсате барои бастани масҷидҳо истифода намуд, дар ҳоле, ки ҳеҷ кишвари ҳамсояаш барои бехатарӣ аз гирифторшавӣ ба каронавирус бар дари масҷидҳо қуфл назадаанд. Ҳоҷӣ Миро дар ин бора чӣ мегуяд?

Дар воқеъ хатари коронавирус бузург буда метавонад. Барои пешгирии ин хатр ҳама корро бояд кард. Мо аз пайёмбари муаззами ислом Муҳаммад (с) ҳадис дорем, «Ислом динест, ки ба касе зарар нарасон ва аз касе зарар мабин». Бастани дари масҷидҳо низ маҳз ба ин хотир аст, ки муъминон мариз нашаванд.  Хатари коронавирус бузург аст, инро ҳама дарк сохтааст, бубинед, ки ҳатто тавофи Каъбаро муваққатан манъ кардаанд. 

Муҳаммадсоҳиби Эронӣ  мефармоянд:

Покон ситам зи ҷабри фалак бештар кашанд,

Гандум чу пок шуд, хурад  захми осиёб

Як замоне шудааст, ки тарғиботу ташвиқотро бештар бояд созем. Натанҳо тариқи матбуот балки тариқи тамоми шабакаҳои интернетӣ бахусус тариқи ютуб бояд таблиғу ташвиқ созем. Вазъият хуб имрӯз хеле печида ва мураккаб аст, душманони мо аз ин фурсатҳо истифода намуда истодаанд. Имрӯз бояд моро имконият диҳанд. Ҳар нафаре, ки дар ҷомеа шунаванда ва мухлис дорад бояд ба онҳо имконият диҳанд, ки барои беҳбудии ҷомеа, барои суботи ҷомеа талош намоянд. Онҳоро маҳдуд сохтан лозим нест! Гумонҳои нодуруст ва ғаразнокро бояд дур созанд. Мақсади мо ором сохтани ҷомеа, ҳифз сохтани суботу якдилӣ ва ҳифзи мазҳаби муаззами ҳанафист. 

Агар дар мо бошад нафароне, ки Абуҳанифа Нуъмон ибни Собитро хуб муаррифӣ кунанд, дигар мардуми мо на ихвонӣ мешуданду на салафӣ мешаванду на таҳририву на наҳзатӣ ва на шиа. Агар ба мо иҷозат диҳанду минбар диҳанд, Иншоаллоҳ, ки мазҳаби бузурги ҳанафиро муаррифӣ месозем. 

Саломат бошед устоди гиромӣ! Сипоси беандоза бузург, ки вақти қиммати хешро дареғ надошта ба суҳбати мо омадед!

Исмоилҷон Маликов 

махсус барои СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter