Принт

«Тибби Суҳайб» ё вақте духтур хона месозад…

 

Ҳафтаи гузашта ба идораи редаксияи газетаи СССР 1 гурӯҳ истиқоматкунандагони к.Н.Ганҷавии маҳаллаи Яккачанори пойтахт, ки қарор аст хонаҳои заминиашон бо мақсади бунёди маҷмааи наву муосири истиқоматӣ дар ин макон тахриб шавад, муроҷиат намуданд. Сокинони ин кӯча аз шароити пешниҳодкардаи ширкати сохтмонии ҶДММ «Тибби Суҳайб», ки масъули сохтмони маҷмааи нави истиқоматӣ дар ин минтақа, ки ҳамшафати х.С.Шерозӣ аст, норозӣ буда, аз раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ хоҳиш доранд ба қазияи пешомада таваҷҷӯҳ намуда, барои баррасии ин мушкил-байни ширкати сохтмонӣ ва сокинон изҳори назар намояд. Зеро масъулони ин ширкати сохтмонӣ бо номи раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ва муовини аввали ӯ Маҳмадсаид Зувайдзода мардумро ба ҳарос гузошта, ба онҳое, ки манзилашон тахриб мешавад, шароити ғайриқобили қабул пешниҳод карда, ҳуқуқи соҳибмулконро рӯирост бо истифода аз номҳои дар боло зикр гардида нақз доранд. Минҷумла дар варақаи ишон омада, ки «дар заминаи манзилҳои истиқоматии шахсии фарсуда»…онҳо баландошёна месозанд. Оё ин ҷанобон боре хонаҳоро дидаанд? Дар маҳалла, ки Дили Душанбе ба шумор меравад, хонаҳои нофарсуда низ ҳастанд!

 

Пул намедиҳем, дару тирезаҳоро ҳам набаред!

11.03.2020. Соат бо вақти Душанбе 17:30 дақиқа. Масъулони ҶДММ «Тибби Суҳайб» сокинони кӯчаи мазкурро дар дохили бинои ширкати «Суғуртаи тоҷик»-и н.Синои пойтахт, ки дар ҳамин ҷо ҷойгир аст, ҷамъ намуда, дар бораи шарту шароити ба сокинони пешниҳодкардаи худ гуфтанд. Масъуле бо номи Сафаралӣ (агар хато накунем) зимни муаррифиии лоиҳаи ин маҷмааи нави истиқоматӣ, ки аз якчанд биноҳои баландошёна иборат аст, афзуд, ки ширкат имконияти харидорӣ намудани манзилҳои мардумро надорад-аксарияти сокинон мехостанд, ки хонаҳояшонро ҳамин тавр ба фурӯш гузоранду аз дигар минтақаҳои пойтахт хона харида, минбаъд коре бо «Тибби Суҳайб» надошта бошанд. 

Ин таҷрибаи ҷаҳонӣ аст ва бархе аз ширкатҳои сохтмонии бузург ва баобрӯи кишвар имрӯз ин корро мекунанд. Вале «Тибби Суҳайб», ки дар маркази ш.Душанбе маконе барои бунёди биноҳои баландошёна гирифтааст ва бояд барои ин кор сармояи чандмиллиондоллара дошта бошад, ба сокинон мегӯяд, ки мо шароити харидани хонаи шуморо надорем! Бар замми ин «Тибби Суҳайб» аз мардум талаб дорад, ки ҳангоми кӯч бастан дару тиреза ва хишту чӯбу шиферу сангҳои хонаҳои тахрибшавандаро бо худ набаранд! Агар баранд, ширкат ба онҳо аз биноҳои дар оянда бунёдшаванда (агар бунёд шавад!!!) хонаҳои бетаъмирро хоҳад дод! Яъне, ин ширкат ин ҳама дару тиреза, чӯбу тахта, хишту шиферро чӣ кор мекунад? Мефурӯшад ё аз сари нав дар сохтмони муосир истифода мебарад? Дару тирезаҳои кӯҳнаро дар сохтмони биноҳои нав!? Ба як забон, коре, ки ин ширкат мекунад ва аз номи раёсати ш. Душанбе суистифода менамояд, бояд дар сатҳи баланди Додситонии кулл баррасӣ гардад.

На танҳо «Тибби Суҳайб», балки чанд ширкати дигари сохтмонӣ, ки ба тозагӣ вориди тиҷорати хонасозӣ дар пойтахт шудаанд, айни замон ба ҳамин кор даст мезананд. Яъне намегузоранд, ки мардум дару тирезаҳои хонаҳои худро бубаранд, аммо мо ҳеҷ сирри ин навгониро нафаҳмидем, ки нафаҳмидем…

 

1500 сомонӣ барои иҷора…

Дар идомаи сӯҳбат бо сокинон масъулон гуфтанд, ки то ба охир расидани сохтмони биноҳо, ки қарор аст то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти ҶТ ба истифода супорида шавад, ҳар 6 моҳ тариқи пешпардохт барои иҷораи манзил ба ҳар оила тибқи ҳуҷҷатҳои техникӣ 1500 сомонӣ барои ҳар моҳ дода мешавад. Оё  масъулони «Тибби Суҳайб» фикр карданд, ки имрӯз дар ш.Душанбе манзили иҷораи хуберо бо ин нарх-1500 сомонӣ пайдо намудан имконпазир аст! Ва боз ҳам ба оилаҳое, ки аз чанд оилаи дигар иборатанд!

 Ва чаро ин ширкат ба сокинони бинои истиқоматӣ дар к.Айнӣ. ки онҷо ҳам биное бунёд карда истодааст, маблағи иҷораро аз 2200 то 2500 сомонӣ барои ҳар 1 моҳ нарх гузоштаасту барои сокинони хонаҳои заминии Яккачанор танҳо 1500 сомонӣ? Ҳол он, ки ин минтақа яке аз минтақаҳои бонуфузи пойтахт буда, ҳатман нархи хонаҳои маҷмааи нав хеле гарон хоҳад шуд. Аз ин бармеояд, ки «Тибби Суҳайб» мехоҳад бо харҷи камтарин ва фиреби мардум киссаи худро пур карда, хонаҳои мардумро арзон аз худ карда, сипас онро бо нархи даҳчанд фурӯшад!

 

Кафили оянда кист?

Сокинони ин кӯча, ки барояшон ҳамагӣ 1 моҳ фурсат додаанд, то хонаҳоро холӣ кунанд, ҳанӯз ҳам намедонанд, кӣ кафили ояндаи хонаҳои навашон дар бинои бисёрошёна хоҳад шуд. Масъулони ҶДММ «Тибби Суҳайб» иброз медоранд, ки дар маҳаллаи 103-и пойтахт бино сохтаанду хоҳишмандон метавонанд рафта сифати онро бубинанд ва аз сокинон бипурсанд. Шояд ин ширкат бинои хуб сохта бошад, вале новобаста аз ин «Тибби Суҳайб» ва раҳбари он Бейгенов Тимур Назармамадовичро мардум намешиносанд ва ба ин ширкат итминон надоранд.

Намояндагони МИҲД дар н.Синои пойтахт низ дар маҷлис иштирок доштанд ва яке зимни суханронӣ худро кафили сохтмон номид. Вале вақте соҳибкор дасту нияти нопок дорад ва корашонро аз фиреби мардум сар мекунад, чӣ гуна ба ӯ метавон боварӣ кард? Дур намеравем, ҳафтаи гузашта директори ширкати сохтмонии «Сапеда-112» аз кишвар фирор карду мардуми аз ӯ хона харида сарсон монданд. Ба ғайр аз ин ҳамин ҳоло дар Душанбе беш аз 70 бинои истиқоматии навсохт ҳаст, ки бунёдгузоронашон фирор кардаву ё корашон дар суду прокуратура буда, сокинон солҳои тӯлонӣ аст, ки наметавонанд ҳуҷҷат бигиранду бинои истиқоматӣ аз комиссия давлатӣ бигзарад…Пас, шахсан Зувайдзода-муовини раиси шаҳри Душанбе кафили сохтмони нави ширкати «Тибби Суҳайб» мегардад?

 

Сарпарасти «Тибби Суҳайб» кист?

12.03.2020. Соат бо вақти Душанбе 11:15 дақиқа. Бо мақсади посух гирифтан ба суолҳои сокинони к.Н.Ганҷавӣ мо ба «Тибби Суҳайб» рафтем. Маъмурияти ин ширкат дар к.Айнӣ ҷойгир будааст ва боиси тааҷҷуб аст, ки чаро ширкати мазкур, ки худро яке аз ширкатҳои бонуфузи сохтмонӣ муаррифӣ мекунад, дафтари марказии идорӣ надошта, суроғаи худро ҳатто дар бланки расмӣ ва шартнома бо мардум маҳз ҳамин бунгоҳро ишора кардааст??? Директори ҶДММ «Тибби Суҳайб», ки дар хама ҷо Бейгенов Тимур Назармамадовичро, гуфта мешавад, дидем. Тимур Бейгенов бештар ба прораб ё сармуҳандиси сохтмон монанд буда, бо дидани ӯ дарҳол маълум мешавад, ӯ 1 шахси дур аз қоғазу пулу шартномаву ҳуқуқшиносӣ буда, кораш танҳо ҳисобу китоби сементу оҳану хишт аст.

Дар мавриди ҶДММ «Тибби Суҳайб» низ маълумоти зиддунақз хеле зиёд аст. бархе мегӯянд, ки ин ширкат қаблан бо воридоти доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ аз Чин ба Тоҷикистон машғул будааст-мо дар ин бора маълумотро дар бархе аз сомонаҳои чинӣ пайдо кардем. Қисмате мегӯянд, ки Тимур Бейгенов раиси ширкат набуда, сарпарасти «Тибби Суҳайб» умуман каси дигар аст, вале кӣ!? Ва умуман ин чӣ ширкат асту, аз куҷо пайдо шуду чӣ қадар сармоя дорад ва чаро раҳбари он, аз он ҷумла Тимур Бейгенов барои мулоқот бо мардум наомаданд.

 

Гирди номи Зувайдзода чӣ мегардӣ…

Бояд гуфт, ки масъулони ширкати «Тибби Суҳайб» ҳангоми сӯҳбат бо мардум пайваста номи раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалиро гирифта, мегӯянд, ки сохтмони бино ва фаъолияти ширкатро Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе назорат мекунад. Яъне, дар ҳама ҷо онҳо аз номи Маҳмадсаид Зувайдзода гап мезананд! То ҷое медонем, қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ барои бунёди биноҳои истиқоматӣ ба тамоми ширкатҳои сохтмонӣ пас аз баргузории тендеру озмунҳо дода мешавад. Назорати иҷрои ин қарорҳо бар дӯши муовини аввал Зувайдзода аст ва чунин нусхаи қарори раиси шаҳр имзокардаро ҳамаи ширкатҳо доранд. Шояд байни Маҳмадсаид Зувайдзода ва ҶДММ «Тибби Суҳайб» сирре бошад, ки мо ҳатман онро хоҳем фаҳмид. Ва боз ҳам ягон ширкати амсоли «Тибби Суҳайб» бо имзои раиси шаҳр мардумро наметарсонаду намеҳаросонад ва нусхаи қарори беимзоро нишон намедиҳад-дар нусхаи қарор имзои мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ нест, танҳо мӯҳри Раёсати коргузорӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандони МИҲД ш.Душанбе ҳасту халос.

Мо мавзӯро пайгирӣ дорем ва ҳатман дар шумораҳои оянда дар бораи ширкати ҶДММ «Тибби Суҳайб», таърихи пайдоиш ва фаъолияти он дар гузашта ва имрӯз, камбудиву мушкилии он, сарпарасту сармоя ва раҳбари асосии ширкат бештар хоҳем гуфт. Мо метавонем!

 

М.Аминзода, СССР

 

 

 

 

Матлабҳои дигар