ХАБАРИ ДОҒ

Ҳар нафаре бовар дорад, ки бо имзои Сулҳ ҷанг тамом мешавад, хато мекунад. Ҷангҳо давом доранд. Ҷангҳои иттилоотиву хабариву виртуалӣ…

Ба ҳама бовар дорем ва ба ҳеҷ кас бовар надорем. Бовари мо ба хостаҳои мо бастагӣ дорад. Ҳамин хел бояд бошад! Тамом вассалом. Касе зид ҳарфе зад-мурд. Тарафдор-зинда бод! Дигар ҳамин хел шудаем…

 Ростӣ, сафсаттаҳое, ки тоҷикон аз Амрикову Аврупо сари мо мерезанду гӯш мекунӣ…боварат намеояд, ки инҳо аз миллати шарифи моянд. 

Стоп! Боре фикр кардаӣ, хонанда, ки чаро маҳз аз Амрикову Аврупову Канада сари моро филтр мекунанд? Чаро онҳое, ки худро мусалмони барҳақ шумурдаву дар фикри сатру ҳиҷобу ришу фашанд, фарзи мисол, наоянд ва дар давлати исломие, мисли Афғонистону Покистон мақар гиранд?

Чаро инқилобҳои ба ном исломии Эрону Афғонистону Покистон маҳз аз Аврупо маншаъ мегирифтанд? Сари моҷаро, просто, фикр кун, хонанда….Танҳо фикр.

Ҳомиёни дину мазҳаби имрӯзаи мо дар хориҷаи насронӣ, на мусалмонӣ, комфорт мехоҳанд. Комфорти аврупоӣ, вале сари моро гаранг мекунанд, ки ришу фашу сатру ҳиҷоб кунемдддд. Яъне, чӣ? Яъне шумо дар шарқи ҷанҷолӣ зиеду мо аз Аврупо шуморо ҳодии роҳи рост мешавем…

 Мутаассуф дар ин гирудор нафаре нест, ки бо ин шайтончаҳо доду ситад кунад. Ку дигар Турсунзода, ки оламро мешӯронид? Канӣ Муъминшоҳи Қаноат, ки лаб мекушод, гавҳар мерехт? Куҷост Лоиқи маҳбуб, ки барояш дар кишвар ҳама дару тирезаҳо боз буд? Ку Бозори Собир, ки 1 умр проблема меҷуст, вале ҳабиби мо буд? Ашӯр Сафару Қутбикиромҳо куҷоянд??? Нестанд!

 Низом Қосим воқеан шахсият аст ва вораста. Ӯро бояд таблиғ кард. Турсунзода мехоҳед? Кор кунед, таблиғ кунед, реклама созед…

Бисёриҳо фикр мекунанд, мо ба ҳам зиддем. Ҳаргиз на! Ман Шахсиятҳоро арҷ мегузорам. Низом Қосим ҳатто пӯшишаш интеллигентист. Вале танҳост. Реформа кард? Кард! Кӣ дигар тобу тоқате дошт, ки бо андсад шоир дастугиребон гардад? Ӯ кард. Хуб кард. Ҳаргиз узви ИНТ набудам, шуданӣ ҳам нестам, зеро медонам, ки сазовор нестам. Вале чун Низом Қосим реформа кард...талхаи ҳама кафид....

Низом Қосимҳо лозиманд, эй мардум! Фардо аз мо чизе намемонад. Зиёиён мемонанд. Боре андешидаед, ки “Роҳи Абрешим”, ки Шарқу Ғарбро мепайваст, чанд миллион тоҷир дошту савдогар? Якеи инҳоро медонед? Неъ. Вале шоирону удабову уқалоро медонем. Конфутсий, Рӯдакӣ, Сино, Умар...ҳай номҳои гӯшнавозанд...

Дар олами интернет, ки торафт кӯчаку маҳдуд мегардад, мо бояд Низоми худро дошта бошем. Мо бояд Ҳоҷӣ Мирзову Ҳоҷӣ Исмоилҳои худро дошта бошем. Инҳо сутунҳои миллату мазҳабанд. Аз аҳли андеша наҳаросед. Онҳо сахт лозим мешаванд. Вале метарсам, ки дер нашавад. Мо Метавонеми!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter