ХАБАРИ ДОҒ

Дар 3-4 соли охир дар мамлакатамон корхонаҳои барқистеҳсолкунанда хеле зиёд шуданд ба мисли НБО «Сангтуда-1», «Сангтуда-2», 2 агрегати НБО «Роғун». Мо умед ва гумон доштем, ки мушкилиҳо дар кори таъмини рӯшноӣ бартараф мегарданд. Вале, чи  мегӯед, ки дар ҳудуди ш.Бохтар камбудиҳои солҳои гузашта боз такрор шуда истодаанд. Ҳодисаҳои саҳаргоҳон, рӯзона ва бегоҳирӯзӣ хомӯш сохтани қувваҳои барқ аз байн нарафтааст. Бахусус, дар фасли зимистон дар кӯчаҳои А. Қаҳҳоров, Ш. Зубайдов, Айнӣ, Сино, Кошевой ва ғайраҳо. Дар 1 худи моҳи декабри соли 2019 қувваи барқамон 7-8 маротиба моҳҳои январу феврали соли ҷорӣ қувваи барқ 5-6 борӣ хомӯш гардиданд. Давомнокии ин чорабиниҳои мансабдорони идораи барқ аз 30 дақиқа то 5-6 соатро дар бар мегирифтанд. Ҳар гоҳе занг зада, сабаби инро пурсон шавед, ҷавобҳо ҳам мисли порсола садама дар хатти барқдиҳӣ.

Ман-ку мутахассиси соҳаи барқ нестам, вале наход калоншавандаҳои идораи барқи шаҳр кори худро ба нақша надарорад, ки  кадом зеристгоҳ чи қадар  қувва дораду ба чи қадар аҳолӣ хизмат расонда метавонад, тору пуди онҳо чанд сол боз кор карда, кай онҳоро иваз намудан лозим аст, сӯзишвории он басанда аст ё не, агар зарур бошад, сари вақт сӯзишвориро дигар кунанд. Мавриде, ки трансформатори зеристгоҳ барои хизмат ба 2 ё 3 ҳазор оила пешбинӣ шуда бошад, болои ин садҳо корхонаҳои барқистифодабаранда бошанд, оё он зеристгоҳ ва трансформатор қудрате дорад, ки аз уҳдаи ин барояд. Ин кори 1-2 сола нест, 50-60 сол боз чунин аст. 

Комрони Далер, ш.Бохтар

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter