Принт

Ташаббуси вазир дастгирӣ наёфт…

Бо ташаббуси Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Насимҷон  Олимзода, ки худ зодаи маҳалаи Лағмони Ҷамоати деҳоти Кӯлоби ш.Кӯлоб аст, 2  сол пеш муассисаи таҳсилоти миёнаи №10-и маҳалаи Лағмон, ки вазир собиқ дастпарвари ин таълимгоҳ мебошад, таъмир карда шуд. Бинои дуошёнаи мактаб, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ ва роҳрави даромадгоҳи он хушсифат ва дар муддати кӯтоҳ аз таъмир бароварда шуд. Тирамоҳи соли 2018 Насимҷон хост, ки дар зодгоҳаш боз 1 ташаббуси навбатӣ нишон дода, 1 бунгоҳи  тиббии замонавӣ бо тамоми лавозимоти муосири тиббӣ сохта, ба ҳамдиёронаш инъом намояд. Мо-сокинони ин маҳал, раисони маҳалла, сарварони мактаб ва боғчаи кӯдакон, ки дар он ҷамъомад иштирок доштем ин хабарро шунида, бисёр шод гаштем. Аммо боиси таассуф аст, ки ин хурсандии мо сокинон дер давом накард-«неочиновникҳо» баъдтар бо баҳонаи набудани қитъаи замин ин ташаббусро рад карданд. Ин дар ҳолест, ки Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, ки зиёда аз 22000 аҳолӣ дорад, дар шаҳи Кӯлоб ягона ҷамоатест, ки табобатхона надорад. 

Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки агар чунин ташаббус дар ноҳияҳои вилояти Суғд пешниҳод мешуд, роҳбарони бонангу номуси ин вилоят на ин ки барои бунгоҳи тиббӣ, балки барои 1 беморхонаи замонавӣ ҳам майдони замин ва ҳам маблағи иловагӣ аз ҳисоби мардони саховатпеша, соҳибкорон ва ҳатто аз ҳисоби буҷаи маҳал пайдо карда, онро бунёд менамуданд…

Ҷаббор Раҷабов, хабарнигори мардумӣ, ш.Кӯлоб

 

Матлабҳои дигар