ХАБАРИ ДОҒ

Далелҳоро пешниҳод кунед!

  • Чоршанбе, Апр 15 2020

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма», аз 07.02.2009 , № 622 муроҷиати Қурбонова Раҳмия таҳти сарлавҳаи «Падари пир берун аз дар …», ки дар рӯзномаи «СССР» аз 26.12.2019, №52 (589) нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд. 

Муайян карда шуд, ки падари Қурбонова Раҳмия-Қурбонов Зувайд бо аризаи даъвоӣ бо ҷавобгарии Муқимова Сарагул, Қурбонов Далер ва Шаҳбози Изатӣ дар бораи кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ ба суди н.Восеъ муроҷиат кардааст.

Дар навбати худ Муқимова С., Қурбонов Д. ва Шаҳбози И. бо ҷавобгарии  Қурбонов Зувайд ба суд барои маскун кардан ба манзили истиқоматӣ, воқеъ дар н.Восеъ, Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов, Ҷамоати деҳаи ба номи Ҳ. Барот даъвои муқобили даъво пешниҳод намудааст.

Аризаҳои  даъвоӣ ба суди н.Восеъ 07.03.2019 қабул гардида, бо таъиноти маҷлиси судӣ аз 03.05.2019 оид ба парванда ташхиси сохтмонӣ-молшиноси таъин гардида, то гирифтани хулосаи коршинос баррасии парванда боз дошта шудааст. 

Баъди ворид шудани хулосаи коршинос бо таъиноти маҷлиси судӣ аз 24.10.2019 баррасии парванда аз нав оғоз гардида, мурофияи судӣ ба 30.10.2019 таъин гардидааст.

Суди марҳилаи якум талаботи қонуни мазкурро риоя намуда, бинобар бе сабабҳои узрнок ба суд ҳозир нашудани даъвогар Қурбонов Зувайд ва дар ғоибии ӯ баррасӣ намудани парвандаро хоҳиш накарданаш, даъвои ӯро бе баррасӣ монондааст. Минбаъд суди н.Восеъ дар асоси аризаи даъвогар Қурбонов З. рӯзи 31.12.2019 таъиноти бебаррасӣ монондаи аризаи даъвогиро бекор карда, айни замон парвандаи оилавии дар боло зикргардида мавриди баррасии суди ноҳияи Восеъ қарор дорад. Қурбонов Зувайд  ҳамчун тарафи иштирокчии мурофиа метавонад дар маҷлиси судӣ ширкат варзида, далелҳо ва ваҷҷҳояшро доир ба тақвият додани даъво ба суд пешниҳод намояд.

Исҳоқӣ А.Н.

муовини Раиси Суди Олии ҶТ  

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter