Принт

МИҲД ва ҳайкалсозон иштибоҳ мекунанд

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи “Ҳайкалҳои Сомониро канед!!!”, ки дар рӯзномаи “СССР” аз 27 феврали соли 2020, №8 (597), бо қалами Сайёфи Мизроб нашр шудааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Муаллифи мақола масъалагузорӣ намудааст, ки ҳайкалҳои Исмоили Сомонӣ ба дигараш монандӣ надоранд. Симо, устура, маҷмаа, талаботи архитектурӣ ва маданияти меъмориву ҳайкалтарошӣ дар баъзе пайкараҳои Исмоили Сомонӣ ба инобат гирифта нашудааст. 

 Бояд қайд намуд, ки дар назди Вазорати фарҳанг Комиссияи экспертизаи таърихию бадеӣ амал менамояд ва бояд мақомотҳои ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати эъмори ҳайкалу нимпайкараҳо бо комиссияи мазкур мувофиқа намоянд. Вале мутаассифона дар аксар маврид талаботи зерин риоя намегардад ва ин боиси номувофиқии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гардидааст. Ин иштибоҳи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳайкалсозон мебошад. Аз ин рӯ зарур мешуморем, ки мақомотҳои шаҳру ноҳияҳо ва муҷассамасозон  пеш аз оғози эъмори ҳайкалу нимпайкараҳо амсилаи онро тибқи муқаррарот бо комиссияи экспертизаи бадеии назди Вазорати фарҳанг мувофиқа намоянд.  

Ҳамзамон ёдовар менамоем, ки корҳои эъмори ҳайкалу муҷассамаҳо бояд тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими лоиҳакашӣ ва эъмори ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, нимпайкараҳо ва сутунҳои ёдбуд дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон” ба анҷом расонида шавад. 

 Мо тасмим гирифтаем, ки ин масъаларо бо ширкати аъзои комиссияи мазкур, бо иштироки кормандони мақомоти иҷроия ва шуъбаҳои фарҳанг дар маҳалҳо мавриди санҷиши ҷиддӣ қарор диҳем. Вазорати фарҳанг барои баррасии масъалаи мазкур ва назорат аз болои мушкилоти ҷойдошта пайваста тадбирҳои судманд меандешад ва онро таҳти назорати доимии хеш қарор медиҳад.

Ш.Хоҷаев, Сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии ВФҶТ

 

Матлабҳои дигар