ХАБАРИ ДОҒ

Ман хеле марди ҷасурам! Ҳар нафаре бо ман дар сафар, хизмат, ғурбат ва ё тангдастӣ замоне будӣ, ин иддаоро 100% таъйид мекунад. Ман инро расман менависам, зеро нафаре нест, ки баракси ин гуфтаро тасдиқ кунад. Дар Армия 500 нафар аз ман меҳаросид (то «дед» шуданам!), зеро нанги Тоҷикӣ доштам. Дар марзи Ӯзбекистон, афсари ӯзбекро, ки гурезаҳои моро (!!!) таҳқир кард, маҷбур кардам сари зону зада, аз Тоҷикон бахшиш пурсад!! Дар Питери Русия ҳамкурсонам (Мухтору Абдухолиқу Равшану Амрихудо) тасдиқ мекунанд, ки буққаҳои авбошро барои ҳифзи номуси Тоҷикӣ сари зону шинонидаам. Дар Вахш боевикҳои фронти халқӣ барои пуштигирӣ аз Тоҷикони дигар манотиқ дар пешонаам таппонча гузоштаанду Сангаку Қурбон Зардак ҳукми маргамро хонда буданду оппозитсияи исломӣ ба ҷонам суиқасд кардааст. Вале ман сар нафаровардаам! Ба таъбири устод Салими Зарафшонфар ман «интеллигенти хулиган»-ам. Аммо паникае, ки ҳамакнун атрофи коронавирус фейку фейсҳои тарсу паркандан доранд, ҳатто маро тарсонид. Сахт. Бе шухӣ мегӯям, имрӯз ман метарсам дигар! 

Эй мардум! Вирус ҳаст ва кушанда аст, вале ким намемурад? Бас кунед, тарсондани одамонро. Ҷои тарсу таҳлука ба дили одамон тухмаи бовар коред. Ин матлабро чаро навиштам?

27.04.2020. Соат ба вақти СССР 16:33 дақиқа. Ҳамин ҳоло апаи Гулчеҳра-фурӯшандаи умдаи газетаи мо идора даромаду гуфт, «ёд дорам, солҳои 60-ум дар Сталинобод-пойтахти РСС Тоҷикистон вабо омад. Одамонро бо либосҳояшон барои дафъи бало гӯр мекарданд, месӯзонданд. Вале чунин воҳима набуд. Зеро интернет набуд, радиову телевизион набуд…». 

23.04.2020. Соат ба вақти Хуҷанд 09:35 дақиқа. Ҳангомае, ки атрофи номи адибони фарзонаи миллат-Фарзонаву Озарахш шуд, моро ба Хуҷанди бостонӣ кашид, то аз вазъи ин 2 ягонаи Офоқ дарак ёбем. Бо миёнчигии раиси ш. Хуҷанд, Маъруф Муҳаммадзода бо Фарзонабону ҳамсуҳбат шудем (шоира воқеан ҳам аз зангҳои бемаънии бархе «дилсӯзон» рақамашро дигар кардааст). Шоираи тавоно гуфтанд, «шукри Худо ман мариз нестам. Озарахш бистариянд. Бо илтиҳоби шуш-пневмания ва Худоро шукр, имрӯз хубтар шуданд ва рӯзҳои наздик аз шуъбаи эҳё ба ҳуҷраи умумӣ мегузаранд». А, шумо «дӯстони Фарзона» чи менавиштед дар борааш? Магар ӯро касал набаровардед? Худо кунад, ки Озарахш-бародари бузурги ман, нафаре, ки дар хобгоҳи Гипрозем табъи моро бо суруду тарона ва рубобнавозияш шод мекард, зудтар шифои оҷилу вофиру комил бинанд. Ва ин шоҳбайти шоир Мирзо Кенҷаи яғнобӣ, чун муноҷоти аҳли завқ, ин ҷо ҳаккокӣ шуд:

2 дасти ман ба домонат, Худои хайрбахши мо,

Ато фармо шифои комиле бар Озарахши мо!

 

27.04.2020. Соат ба вақти Душанбе 17:09 дақиқа. Воқеан ҳам хабарҳо зидду нақизанд. Садҳо, ҳазорон тан мубтало ба илтиҳоби шуш ва ё пневмания мегарданд. Чанд бемористон, бо шумули Беморхонаи Истиқлол ва 1-ум Советский ва 4 корпуси Қарияи Боло дар ҳолати карантин қарор доранду танҳо пневмания қабул мекунанд. Толорҳо, роҳҳо, фаршу бому девору нақлиёти ҷамъиятиро дезинфексия мекунанд. Ин хуб аст ё бад? Албатта, ки хуб! Зеро касал ҳаст ё нест, бояд аз он садд гузошт. Аз пайдоишаш набояд табли шодӣ навохт, мисле, ки Тоҷикистон давлатест, ки бояд маҳв гардад. Бо мардум бояд кор кард. Дили мардумро ба каф бубояд гирифт. Ба одамон бояд фаҳмонид, ки бештар бо ҳам муттафиқ шаванд, дасти ҳамдигарӣ гиранд, якдигарро ҳифз созанд.

27.04.2020. Соат ба вақти СССР 11:17 дақиқа. Шарикдарсам, полковники мустаъфӣ Бахтиёр Нурматов вориди дафтари корам шудаву матлаберо ба дастам қаппонда, ҳадаҳа бадар шуд. Ба саволи ман гуфт:

-Маризам, сулфа ва табб дорам. Метарсам сироят нашавӣ…-ва андаке ист фармудаву хандида гуфт:-Сайёф бо мо чӣ шудааст? 30 сол боз автомат гирифтаву бар зидди душман ҷангидаву сипас марзи Ватанро бо хун ҳифз кардааму имрӯз аз 1 вирус он қадар тарсонидаандам, ки ҳарос дорам…

Ӯро низ мо тарсондаем, соҳибмышкаҳо (оре, ҷои қаламро ҳоло мушак-мышкаи комп гирифитааст)…

Воқеан ҳам эй мардумони мард, эй Тоҷикон! Оё ҷадди мо набуд, ки Искандарро варшикаставу арабро торумору муғулро саргарангу русро ба зону шинонидаву саф-саф, миллион-миллион дар ҷабҳаи Самарқанду Хуҷанду Кӯлобу Ғарму Бадахшон мегузошт?...

Натарсед ва тан ба тақдири илоҳӣ диҳед. Синои Бузург, ки бо ӯ фахр дорем, мегуфт, «аз вабо натарсед ва ӯ аз шумо дур мегардад». Аз ҷасорат кор гиред ва Ҳатман мераҳем. Мо метавонем!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter