Принт

Камбудиҳо тасдиқи худро ёфтанд

МИҲД ноҳияи Файзобод фелетони «Сафари Афандӣ ба Мискинобод»-ро, ки дар шумораи №10 (599) ҳафтаномаи «СССР» рӯзи 12 марти соли 2020, нашр гардидааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Бояд қайд намуд, ки дар ҳақиқат нафақахур Назиров  Раҷаб ба соҳибкорӣ машғул буда, дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш бинои хизматрасонии дуошёна дорад. Дар ошёнаи якуми бино мағозаи молҳои ниёзи ҳамарӯза ва дар ошёнаи дуюми он кошонаи ҳусн ва сартарошхона ҷойгир шудааст. Соҳибкор Қурбонов низ дар асоси қонун ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, дар мавзеи зикршуда, ба бунёди маркази хизматрасонӣ, ки сохтмонаш идома дорад, вобаста шудааст. Дар ҳақиқат дар ҳудуди номбурда аз тарафи сокинон ғайриқонунӣ чанд вагон ва хаймаҳо гузошта шудаанд, ки ба рафту омади одамон ҳалал мерасонанд. Бинобар ин дар маҷлиси назоратии раиси ноҳия ба масъулин супориш дода шуд, ки онҳоро дар муҳлати наздиктарин бартараф намоянд ва дар ин самт корҳои амалӣ рафта истодааст. 

Маълумот дар бораи он ки гӯё дар натиҷаи фаъолияти соҳибкорони номбурда роҳи байни деҳаҳои Мискинобод ва Заркамар халалдор гардида, садамаҳои нақлиётӣ рух дода бошанд, асоси воқеӣ надорад. Роҳи мазкур, ки деҳаҳои номбурдаро мепайвандад, беш аз 3 километр масофа дошта, 3 сол қабл аз ҷониби соҳибкорони деҳа пурра азнавсозиву  мумфарш шуда, дар ҳолати хуби истифодабарӣ қарор дорад.

Р. Сафаров,  муовини раиси ноҳия           

 

Матлабҳои дигар