ХАБАРИ ДОҒ

Насаби Тоҷикӣ ё танзи насаб?

  • Чоршанбе, Май 20 2020

(Памфлет )

(Тибқи дастури нави пешкашнамудаи Вазири Адлияи ҶТ дар кишвари мо 1 тан метавонад ба насабаш то 17 суффикси насабсоз интихоб ва илова намояд!!!)

Буд набуд, STOP! Ҳама медонад, будгор буд. Вале чаро СТОПи Тоҷикӣ неву STOP-и лотинӣ навиштам? Зеро матерсам! Аз чӣ, пурсидед уко, аз чӣ? Коронавирус? Неъ! Аз коронавирус баъди компанияи таъсиснамудаи псевдомуллоҳои авру-осиё-араб-туркман-яҳдиямон ҳама метарсад! Ва ин тарс ҳоло мӯд шудааст? Натарсӣ айб аст. Ҳатто вазирон бо муовинонашон бо телефон гап мезананд. Қабулгоҳ пури одаму вазир танҳо дар кабинет. Муовинон касал-пасал мешаванд, им на… Ҳой-ҳой, уко, қитиқ-қитиқ чӣ механдед?... «Наплевать» гуфтанӣ гап ҳаст. Шунидагитон не-мӣ?!

«Как это при чём, яҳудиён?». А при том, ки, уко, Ҳазрати Шакарбег ё Суккерберги еврей, ба ин бетутуруқҳои авруамрикоӣ майдони фаррох додаасту аспи беҷилав, ки маҳмез мезананду мардумро метарсонанд. Туркман ҳам доранд. Арабпарастанд, ҳарчанд шаурмаи урупоӣ мехӯранд. Вале 1 Тоҷики асил надоранд, ки гӯяд, ҳуй буродаро, о, бо ҳукумат ситеза кунед, агар оппозитсияед, вале на бо миллати худ охир... 

Вале дигар ҷо рафтем, уко, STOP. Ҳатман Стопи лотинӣ, ки метарсам, тоҷикии сирилик нависам, Кумитаи забон ва истилоҳот штрафам накунад. Чӣ хел Шарофзода дигар несту ҷони забон дамид? Ҳой, буродар, ун касо ҳоло депутат ва муовинашон низ дар ун ҷо. Дидед, ки чигуна аз лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», депутат Матробиён кам не-ғам не…13 хатоӣ ёфт, ҳарчанд ба онҳо аккурат фаҳмониданд, ки ин камбуиҳои ёфтаашонро бояд дар Шӯро баҳс мекарданд, на маҷлиси парлумон ва ин ташаббуси Ҳукумат аст! Фикр мекунед, наМетавонанд? 2-каса метавонанд,! Ва ещё как!-гуфти Бобои Ғулом.

Неъ, укои саросемаам, Бобои Ғулом ин фраза, яъне иқтибоси урусиро дар парлумон нагуфтааст. Ба кадом Гитлер? Ҳа, унаш-ми? Шояд ба Адолф-ако мегуфт, агар ахирӣ аз тарси омад-омади Бобои Ғулом ва дигар тоҷикон расо 70 сол, заҳри ҳалоил намехӯрду аловаш намезаданд. Бобои Ғулом бошад, барои он «Ещё как метавонанд!» гуфт, ки дар арафаи ана ҳамин 70-солагии ғалабаи фардияш бар Гитлери бетутуруқ, ба ӯ 15 сомонӣ ҷубронпулии барқ додаву ба сурат-ҳисобаш дар ш. Кӯлоби 2714 сола…аккурат 1143 сомонӣ «обсчёт» гузоштанд. Бечора барқчиҳо, боз аз кӣ қарзҳояшонро ҷамъ кунанд? Иштирокчиёни ҶБВ ва фотеҳони Гитлер мӯл мондагӣ-3 нафар дар 1 шаҳр. Киро ғорат, э, мебахшед, кидат, э воееее…ҳурмат кунанд, дигар? Инҳоро-де!

STOP! Ҳатман лотиниш. Дигар сӯ бурафтем. Бармегардем, уко. Ана ҳамин парлумоне, ки нав ба кор шуруъ кард, қабл аз карантин шуданаш, 3 ҷаласа баргузор намуд. Ва дар якеи он насаби нави Тоҷикони ориёиро баррасӣ сохт. Вазири нави адлия. Ҳа, офарин, Шумо ун каса мешносам, мегӯед, уко? Хайр ана гӯед, ки чӣ ном дорад?  Ашӯрян? Ҳа-ҳа-ҳаааа наёфтед! Ашӯриён! Чӣ-чӣ? «Ён»-и талаффузи мо дар асл ҳамон часпаки насабии «Ян»-и армЯНҳост? Ну, вот не знал! Яъне дар талаффузи дилхоҳ рус, ки шарики стротегии мостанду ҳамеша гузоришот аз Тоҷикистон ба урусӣ пахш мекунанд, касе дар ном суффикси насабсози «ён» дошта бошад, ӯро арман меҳисобанд? Канӣ мисол биор чӣ?

-Ашӯрян, Қурбонян, Сафолян, Армян, Ереван…

Ҳой уко, ун тарафтари бад наравед-дия. Ереван пойтахт аст, между прочем…

STOP! Ҳатман стопи лотинӣ… Ана ҳамин Музаффар Ашӯриён-вазири нави адлия болои даҳҳо суффиксу часпаки насабсоз боз 2-тои дигар илова намуд. Духт, Пур. Кадом духтарпур? А, кӯчаҳои пойтахт шабона аз духтар пур мешавад, мегӯед? Панел…Панелаш боз чӣ? Не, уко. Ин ҷо гап сари духтарони беш намеравад. Ашӯрян, неъ, уко, маҳз Ашӯриён (!) аз депутатҳои навтаъин дархост намуд, ки суффиксҳои насабсози Духт ва Пур-ро қабул кунанд. Э, медонам, медонам, ки бо исми Пури Ҷаҳонофарин нафаре ину онро танқид мекард. Ун аз тарс набуд. Ҳар нафаре имкон дорад, ки бар худ тахаллус, лақаб, куният, псевдоним гирад. Инро касе манъ кардагиш неъ! Вале акнун бинед, ки дар насабномаи 1 миллати 9 миллионафара минбаъд 1 ном бо чанд шева хоҳад омад. Мисол орам-мӣ? Пож…марҳамат:

Хирсзода, Хирсзод, Хирсёр, Хирсиён, Хирсиян, Хирспур, Хирсдухт, Хирсниё, Хирсон, Хирсфар ва табиист, ки Хирсова, Хирсева, Хирсев, Хирсов, Хирсский, Хирс-оглӣ, Хирс-гулӣ, де Хирс, Хирсман, Хирсовский (агар миллаташ ғайритоҷик бошад)

Ҳоло, насабҳои тозаро хонда, дигар намедонӣ, кӣ мард асту ким зан. Ба гуфтаи Ҳазрати Бедил «То пушт барнатобад, бар зан яқин, кӣ дорад?». Яъне то сураташро набинӣ, надонӣ, ба кадом ҷинс тааллуқ дорад?! Аз паспорт ва ё шунуфти исми ҳатто давлатмардон, ростӣ, намедонӣ, ким кию кӣ ктост? Масалан, уко, худи Шумо бо шунидани ин ному насаб кадом ҷинсро дармеёбед?

Завқизода Завқӣ,…Исматуллозода Ширини Исматулло…

То аксашонро набинӣ-намедонӣ. А, ту бошӣ бар Ашӯриёну Ашӯрян эрод мегирӣ.

1 мардаки баақл буд… Неъ, уко, намурдааст, ҳоло ҳам ҳаст. Просто дигар касеро насиҳат намекунад, зеро гапаш ҷое нагузашт. Чунки ҳоло калламағзиҳои забону миллатдӯст мӯл шудагӣ, зимнан ҳар касе сари кору вазифа омад, 1 навоварӣ бар забону грамматикаву ному насаб изофа мекунад. Ҳамин калламағзиҳоянд, ки худамон намедонем, чанд ҳарф дорему дар кӯҷо «ӯ» гузорему дар чо «у» хонем…

STOP! Ҳатман лотинӣ! Хуллас ҳамон баақл мегӯяд, забон бой аст, медонем (шумо, уко, ғайри забони эсперанто забонеро медонед, ки камбағал бошад?), вале барои насабсозӣ бояд 1 суффикси занонаву мардона интихоб намоему 1 часпак, кофист: Фарзи мисол СайёфИ Мизроб, ё МизробЗОД Сайёф, маълум, ки мард аст. Вале агар МизробЗОДА шуд, агар ришу бурут ҳам монад, донед, ки зан аст. Яъне ба исми бонувон суффикси насабсози ЗОДА ва ба мардон ЗОД навишта шавад. Олам Гулистон!

А, фарзи мисол, чун ба адабиёт рӯ оваранд, бигзор Мизробян, Мизробиён, Мизробёр, Мизробов, Мизробова, Мизробдухт, Мизробпур ва ҳатто Мизробкам бошанд. Шумо чӣ гуфтед, укои гиромӣ ва қанду асалаки серҷоғам?

Метавонем=ми-Пур-Духт?

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter