Принт

Редаксия супориш дод: “Фаровон” рав!

 

03.05.2020. Бо супориши редаксия бозори “Фаровон” рафтем, то аз сатҳи хизматрасонӣ, нарху навои маҳсулот, муносибати фурӯшандагон бо харидорон ва риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологии бозори мазкур дар ин давраи ҳассоси беҳдоштӣ барои сокинони кишвар аз наздик огоҳ шавем. 

 “Фаровон” дигар бозори арзон нест!

03.05.2020. Соат ба вақти Душанбе 12:07 дақиқа. Аввалин чизе, ки таваҷҷуҳи моро ҷалб кард, ҳавзи сунъии назди дарвоза буд. Мошинҳое, ки дохили бозор медаромаданд, ҳатман аз дохили он гузашта, баъд вориди бозор мешуданд. Он гуна, ки тахмин карда будем, дохили ин ҳавз хлорпошӣ гардида буд. Ба гуфтаи нигаҳбони дарвоза ин кор ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус мебошад. Дохили бозор ба хилофи пешгӯйии ҳамкорамон Шералӣ камодам буд. Харидорон асосан ба маҳсулоти гигиенӣ, маҳлулҳои антисептӣ, собуну моеъҳои зарфшӯйӣ, коғазҳои ташноб ва амсоли он бештар таваҷҷуҳ доштанд. Назди мағозаҳои хӯрокворӣ низ серодам. 

Аксар сокинони ш.Душанбе бар он назаранд, ки нархи маҳсулоти хӯрока дар бозори “Фаровон” нисбат ба дигар бозорҳо арзонтар бояд бошад, чун бозори яклухтфурӯшист, вале мо ҳангоми рейд дар нархи маҳсулоти ин бозор нисбат ба дигар бозорҳо ва марказҳои фурӯш, қариб, ки фарқияте надидем. 1 халта орди 50 килоӣ дар ин бозор 250 сомонӣ, 1 баста тухми мурғ- аз 30 то 34 сомонӣ, 5 литр равған аз 57 то 63 сомонӣ арзиш дошт. Маъмулан, ҳамон нархҳое, ки дар бозорҳои “Саховат”-у “Бозори Деҳқон” аст. 

Гаронии нарх аз мо вобаста нест!

Аз соҳибкорон ва тоҷирон дар бораи нархҳо пурсон шудем. Яке мегуфт таъини нарх дар дасти мо нест, ҳоло ҳама бозорҳо гаронанд, дигаре сабабро дар талаботи зиёд ба маҳсулот медонист, аммо посухи яке аз фурӯшандаҳо Б.Тоҳиров таваҷҷуҳи моро бештар ҷалб сохт, ки гуфт: 

-Моро ҳам дарк кунеду аз проблемаҳои мо ҳам гӯед. Мо маҳсулотро аз соҳибкорон ва деҳқонон мехарем. Вақте аз ҳад боло рафтани нархи маҳсулоти хоҷагии қишлоқро дар сари замин аз деҳқон мепурсем, деҳконон сабабро дар гарон будани андозҳо (барои деҳқонон ва соҳибкорон) ва қиммат шудани нуриҳои минералӣ шарҳ медиҳанд. Илова бар ин аз арзиши маводи сӯзишворӣ, гази моеъ ва роҳҳои алтернативӣ (пулакӣ) шикоят намуда нарҳои гаронро ба ин омилҳо рабт медиҳанд”.

Бозори ифлос!

03.05.2020. Соат ба вақти Душанбе 13:17 дақиқа. Бо замми он, ки аксар фурӯшандагон бо хилъату ниқоб фаъолият мекарданд, боз ҳам ҳолати санитарӣ ва эпидемиологии бозор дар сатҳи паст аст. Баръакси дигар фурӯшгоҳҳо дар назди даромадгоҳҳои ин бозор ҳамшираҳои тиб бо маҳлули антисептӣ ба назар намерасиданд. Рафҳои маҳсулот дар баъзе мағозаҳои хӯрока пур аз чангу ғубор шуда, аз тарзи ҷо ба ҷогузории обҳои газноки зери офтоб маълум буд, ки духтурони бозор тамоман назорат намекунанд. Палетҳо-сандалиҳои чӯбин барои гузоштани мева ва хӯрокаи пӯсида, картону партовҳои зиёдатии назди мағозаҳо табъи касро хира месохтанд. Аксар тоҷирону савдогарон бе дастпӯшҳои муҳофизатӣ фаъолият мекарданд. Албатта ин омилҳо ба паҳн гардидани бисёр бемориҳои сироятӣ, хусусан коронавирус Ковид-19 сабаб гардида метавонад. 

“Пагоҳ биёед....”

03.05.2020. Соат ба вақти Душанбе 13:23 дақиқа. Пас аз мушоҳидаҳои дохили бозор ва сӯҳбат бо фурӯшандагон, маъмурияти бозорро кофтем. Дар назди даромадгоҳ нигаҳбон Сайшариф Хоҷаев моро пешвоз гирифт. Худро муаррифӣ намуда, гуфтем, ки бояд бо раҳбарияти бозор сӯҳбат намоем. Амаки нигаҳбон ба мо бо боварии комил гуфт: “Ҳоло ҳамаи муовинон дар дохили бозоранд,  каме сабр кунед”. Баъди 1-2 тамос гуфт, ки “ҳамаашон хона рафтаанд, пагоҳ биёед”. Ростӣ нафаҳмидем ки чаро масъулини бозор аз вохӯрӣ бо мо ҳаросиданд? Онҳо дар вақти корӣ дар ҷойи кориашон набуданд ё аз сӯҳбат бо журналистон фирор карданд?! Ба ҳар ҳол умед дорем, ки раҳбарияти бозори “Фаровон” баҳри ҳалли мушкилоти ҷойдошта, хоса тозагии бозор бештар  кӯшиш ба харҷ дода, дар наздиктарин фурсат камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ хоҳанд сохт. Мавзӯъро пайгирӣ мекунем. Мо метавонем!

 

Исмоилҷон Маликов, Шералӣ Давлатов, Омирона Достиева, Фирӯзи Маҳмадулло, СССР.

 

 

Матлабҳои дигар