Принт

Террори президентӣ дар Хуҷанд

 

 

Расо 32 сол қабл, охири моҳи апрел ва аввали моҳи май, дақиқтараш рӯзи 30.04.1997 дар Хуҷанд ба ҷони президенти ҶТ суиқасд амалӣ шуд. Усулан президентамонро бисёр террор кардаанд.  Вале ӯ бо амри Худованд вораҳидааст. Ва аммо террори Хуҷанд аз ҳама хуношомтраин террори Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бар натиҷаи он президент сахт захмӣ шуд. Фармоишгари ин террор Абдумалик Абдуллоҷонов буд, пешкаҳояш-шодихӯрдагони сарвазири собиқ. Ва дар ин бора СССР навишта буд. Вале чаро сари мавзуъ баргаштем?...

Раҷаби Мирзо-журналист ва фаоли шабакаҳои иҷтимоӣ,  1 одати хуб дорад. Ӯ муҳимтарин воқеоти давронро дар саҳифаи «Ахбор барои Афкор»-аш, ки хеле серхонанда аст, дубора мекорад, фикрҳои тарафҳоро мегузорад ва онро ба чолиш мекашад. Ин бор низ, Р. Мирзо 1 пора матнеро аз ин террор бо русӣ дар сафҳааш гузошт бо ин мазмун:

30 апреля 1997 года в г. Худжанде было совершено покушение на президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмонова

Тогда ранения получили глава государства и несколько его приближенных, в том числе бывший министр внутренних дел Якуб Салимов. В 2012 году Салимов в интервью «Азии Плюс» – описывал этот случай так:

«Неожиданно тот человек бросил гранату, она упала в метре от президента. Глава государства был увлечен оживленной беседой с людьми и этот момент не видел. Я ударил по гранате правой ногой и, прикрыв собой президента, повалил его на землю. Раздался оглушительный взрыв, и началась стрельба. Через несколько секунд я поднял президента, положил его левую руку себе на шею и быстро повел его в сторону Дворца культуры. Четыре офицера, которые были со мной, встали вокруг нас щитом и сопровождали нас. Стало видно, что президент прихрамывает, он был ранен в ногу».

Кстати, это интервью Салимов давал уже из тюрьмы: в 2003 году в России по запросу таджикской стороны он был задержан и экстрадирован в Душанбе. В апреле 2005 года по обвинению в предательстве родины Салимова приговорили к 15 годам лишения свободы, он освободился по амнистии только в 2016 году.

В 2012 году газета «СССР» написал, что на самом деле в 1997 году жизнь президенту спас не Салимов, а личный телохранитель Рахмонова - Мурод Саидов. 

Ана ҳамин иқтибоси ахирӣ ва баъдан иддаои Ш. Қудратов-собиқ адвокати Салимов моро маҷбур кард, ки он матлабро бознигарӣ ва нашр созем. Аввал бишнавем, ки Қудратов чӣ менависад:

Шухрат Кудратов: Действительно что говорил Я.Салимов в своём интервью в 2012 году напечатанном в еженедельнике Азия-Плюс чистейшая правда. Читал также те статьи в еженедельнике СССР о том, что Мурод Саидов начальник службы безопасности Эмомали Рахмонова спас Рахмонова не соответствует действительности. Если действительно Мурод спас Рахмонова то они написали бы опровержение статье Я.Салимова, но они не только (не) написали опровержение но и молча проглотили данную статью по одной главной причине. Причина в том, что в 1997 году после теракта весь народ видел передачу где сам Рахмонов говорил что его спас Якуб Салимов и говорил своим детям чтоб они семь поколение Якуба уважали за то что благодаря ему их отец жив…

Ин даъвои Шӯҳрат Қудратов аллакай даъват ба баҳс аст. Мо, Ёқуб Салимовро иззат мегузорем ва чизе зиддаш на гуфтаему на дорем. Вале матлабҳое, ки дар ин бора нашр шудаанд, аз номи мо не, ки шоҳидони ҳодиса ва кормандони дастгоҳи президенту мақомоти қудратие буданд, ки ҳодисаро, мисли Шӯҳрат на аз забони касе, ки бо чашми сар дида буданд. Хулласи калом, СССР тасмим гирифт, он террорро бори дигар баррасӣ созад. Мо Метавонем!

Оне, ки мегӯед Мурод буд, на Ёқуб!!!

Он рӯзи суиқасд (30.4.1997) ба ҷони Сардори давлат мо низ ҳозир будем. Саҳни ҳавлии театри Пушкин, интизори омадани Сарвари давлатем. Майдон моломоли мардум. Соати 10:40 дақиқа ба вақти маҳаллӣ Сардори давлат аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пиёда ба тарафи маҷлисгоҳи навбатӣ, театри Пушкин меомад. Ману устод Мазҳабшо аз тарафи рост, дар ҳайати меҳмонон ба тахмин дар фосилаи 20 метр то бапоғундаҳои театр қарор доштем. Президент ба салому истиқболи нишотангези мардуми шаҳри Хуҷанд бо дастафшонӣ ҳаракат дошт. Аз 2 паҳлӯ: аз чап Мурод Саидов, аз тарафи рости Президент Ҳамрохон Алиев равон буданд. Аз пушт аҳли рикоб - ҳамроҳон, дар фосилаи 3-4 қадам раиси вилояти Суғд-Қосим Қосимов, муовинаш Оқил Оқилов, вазири маориф Мунира Иноятова, аз онҳо каме дуртар раиси кумитаи гумрук-Ёқуб Салимов бо 2- 3 нафари ҳамроҳон қадам мезаданд. Баногоҳ садои ҳуштакмонанде ба гӯш расид ва аз пайи он садои таркиш (норинҷак)...

Доду ғирев ба само дака зад. Дидам, ки сардори шӯъбаи муҳофизин- Мурод Саидов бо бадани хеш Сарвари давлатро пӯшонида, сӯи даромадгоҳи театр эшонро бардоштаву дар тоз аст. Аз ҷониби рост Ҳамрохон, муҳофизи дигар аз дасти Сардори давлат дошта медавиданд. Аз пайи онҳо чакраҳои хун мечакид. Ёкуб низ захм бардоштаву бо ёрии муҳофизин тарафи бинои театр медавид...

Бо устод Мазҳабшо лол мондем. Зуд моро ба толор ҳидоят намуданд. Ворид шуда, дар ҷойҳои худ хапу хомӯш нишастем. Ёрои сухан гуфтан набуд.

Аз он ки бар асари таркиш 3 тан ҳалоку 70 кас (аз ҷумла раиси Кумитаи гумрук Ёкуб Салимов, раиси вилоят Қосим Қосимов, муовинаш Оқил Оқилов) бар асари таркиш аз тиккаву резаҳои норинҷак захмдор шудаанд, баъдтар огаҳӣ пайдо намудем. Аммо дар он маврид фикру зикри ин ҷониб ба Cap¬вари давлат банд буд, ки Парвардигор эминаш бидорад...

Хезед президент меояд!!!

Аниқ ёд надорам, чанд лаҳза пас Президенти мамлакат- Эмомалӣ Раҳмон пушти минбар падид омад. Ҳозирин бо каф-кӯбӣ пешвозаш гирифтанд. Эшон аз воқеаи рухдода бо ҳарорат сухан ронда, сипас сари мавзуи хеш шуд...

Ман ба матонат, қавииродагӣ ва мардонагии Эмомалӣ Раҳмон қоил мондам...

Дар он маврид, Му¬род худро қаҳрамон наметарошид, зеро  онро амалкарди ҳамарӯзии хеш меҳисобид. Ва ин гуфтор низ нишон аз ҷавонмардист. Ман ба он қоилам, ки ин ҷавони таҳамтан 20 сол боз ягон маротиба аз он овон қисса накардаву сухан ба боди фано напартофтааст...

Бо гузашти 23 сол ва бо аён шудани рӯи дигари танга, бо боварӣ ва бе ягон стоп-кадр мегӯям, ки он ҷавонмарди муҳофиз, ғайюр, ки бо бадани хеш Сардори давлатро ҳини таркиш пушондаву дар тоз буд, Мурод Саидов аст...

Бале, дар зарфи ин чанд сол сол аз ин бобу дигар воқеаҳои пурхатар дар рӯзгори Президенти феълии кишвар бисёр гуфтаанду боз хоҳанд гуфт. Ба¬рои ин ҷониб, ки пешаи журналистӣ барояш бегона нест, то ба ин рӯз аз ин боб ҳарфе наафзудан танҳо аз рӯи таҳаммул буду халос. Чун маврид муносиб афтод, ба қавле 1-2 даҳан дар боби дӯсти ҷонфидо гуфтем, варна мӯҳре ниҳода бар лабу хомӯш кардан низ ҳунар будӣ...

 

Умари Шерхон

журналист, шоҳиди террори  1997 дар Хуҷанд махсус барои СССР

Аз СССР: Дар шумораи баъдӣ сари ин террор боз баҳс хоҳем кард. Ва хонанда бо дигар ҷузъиёти ин террор шинос шудаву худ ҳукм мекунад, ки нафари барои президент сина сипаркарда кӣ буд: Ёқуб Салимов ва ё Мурод Саидов? 

Гӯшбақимор бошед, ки Мо Метавонем!!!

 

Матлабҳои дигар