ХАБАРИ ДОҒ

Ман гумон мекунам, ки дар тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ воситаҳои ахбори омма ва махсусан телевизионҳо бояд фаъол бошанд. Дар нигоҳи аввал ҳамин тавр ҳам мушоҳида мешавад, лекин на ба дараҷаи лозимӣ. Яъне бонувон- «наттоқон»-и телевизионҳо сару либоси миллӣ, махсусан чакан ва атласро тарғибу ташвиқ мекунанду худашон либосҳои миллиро кам мепӯшанд. Ва агар пӯшанд ҳам куртаи чакани танг, беостин, бо сари луч, ва ё бо мини-юбка ва юбкаи чакани бе подоман... Ҳатто  бонуҳои мансабдор ҳам дар ҷаласаҳо бо сару либоси чакани танг, беостин, бе подоман ва бо сари луч иштирок менамоянд. Магар ин аст ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ? Охир кадом мансабдор ё санъаткору ровӣ гуфта метавонад, ки модарҷону бибиҷонаш куртаи чакани танг, беподоман, бо сари луч ва ё юбкаю мини-юбка дар тӯю тамошо мерафт? Ҳеҷ гоҳ!

Дар риоя ва пӯшидани сару либоси миллӣ модари Президент намунаи оллӣ буд!

Воқеъан ҳам ҳар 1 бонуи тоҷик, ки худро зани боору номус, миллатдӯсту ватандӯст меҳисобад бояд аз модари Президент ибрат гирад. Шахсан ман ҳар вақте, ки дар ягон гӯшаи кишвари маҳбубамон расми калону зебои ин модарро мебинам, садҳо маротиба ифтихор аз Тоҷик буданам мекунам ва дарҳол симои модару бибии худамро, ки бештар вақт куртаи читу докаи сафед ба бар мекарданд, пеши назар меорам. Чунки ранги сафед аз сафедии дили поки модари тоҷик аз нияту орзуҳои поки ӯ дарак медиҳад. Ҳар шахсе, ки худро модари тоҷик, зани тоҷики тоза меҳисобад, бояд чунин пӯшад, вале агар либосҳои аврупоӣ пӯшидан хоҳад, бигзор пӯшад, аммо на  либосҳои омехтаи чакану миниюбка, ки таҳқири пӯшокаи миллист! Мо-халқ, ин ҳамаро мебинем, Мо Метавонем!

 

Ҷаббор Раҷабов, ш.Кӯлоб, 

хабарнигори мардумӣ  

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter