Принт

Макони истироҳат барои ҷавонон ҳаст

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Данғара мақолаи Бозорбой Пӯлодовро дар шумораи №6 (595) аз 13 феврали соли 2020 ба номи «Дискоклубҳои Данғара фаъоланд» мавриди омӯзиш қарор дод. Тӯли солҳои истиқлолият н.Данғара хеле ободу дигаргун гардида, барои толибилмони муассисаҳои олии ноҳия ҳамаи шароитҳо фаровам оварда шудааст. Онҳо дар лаҳзаҳои фориғ аз дарс, рӯзҳои истироҳат метавонанд аз мавзеъҳои истироҳатии ноҳия фаровон истифода намоянд. Имрӯзҳо дар ноҳия боғи марказӣ-фароғатии «Хуррамшаҳр», гулгаштҳо дар назди «Қасри фарҳанг», «Хушаи гандум», «Сари қалъа» дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара ба назар мерасанд. Шабонгоҳон кӯчаҳои ноҳия чароғон аст.

Донишҷӯён, ҷавонон метавонанд, ки аз китобхонаҳои дохили ноҳия истифода бурда, фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» иштирок намоянд. Деҳаҳо низ обод шуда истода, дар дурдасттарин деҳаҳо низ китобхонаҳо, марказҳои фароғатӣ бунёд шудааст. 

Б. Файзиддинзода, муовини раиси н.Данғара

 

 

Матлабҳои дигар