ХАБАРИ ДОҒ

Ниқоб низ Тоҷиконро ба бою камбағал ҷудо кард!!!

  • Чоршанбе, Май 27 2020

 

 

Эволютсияи ниқоб

Пандемияи ҷаҳонӣ боиси он шуд, ки дар истифода ва фурӯши ниқобҳои тиббӣ агар гӯем, ки эволютсия ба вуҷуд омад, хато намекунем. Агар аз 1 тараф ниқобҳои тиббии стандартиро ширкатҳои дорусозӣ ва фармасевтиву дӯзандагӣ омода созанд, аз тарафи дигар худи мардум низ бо завқу тахайюли хеш аз ҳар гуна матову ҳатто ҷӯробҳои кӯҳнаву (маъзарат, вале) бюстгалтерҳо барои худ ниқоб сохта, онро рангу ороиши гуногун медиҳанду истифода мекунанд. Дар Амрико ва кишварҳои Аврупо дидан мумкин аст, ки рӯи ниқобҳо сар аз қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ то изҳори муҳаббат ва ҳатто татуву пирсингу тӯби футболро часпонида, истифода мебаранд. 

Агар нахустин ниқобҳои тиббӣ, ки дар асри 14 ҳангоми сар задани вабо пайдо шуда, шакли аввалинашон бо сарпӯш ва бинии дарози парранда буд, бо гузашти замон ниқоби тиббӣ ба он намуде, ки имрӯз ҳаст, мубаддал гашта, ба ҷойи ранги сафеду матои дока, рангоранг шудааст.

Аз ниқоби чакан то атласин

Рӯзҳои истироҳат дар дорухонаву марказҳои бузурги савдо, ки фаъоланд, ниқоб кофтем. Аз рӯи ҳисобам айни замон дар Душанбе 17 намуди ниқоби тиббӣ тайёр ва фурӯхта мешаванд. Бархе аз ширкатҳо амсоли маркази савдои «Пайкар» ҳатто ниқобҳоро бо рамзи худ тайёр намуда, бо нархи 9 сомонӣ ба фурӯш гузоштаанду мардум мехаранд. 

Ба ғайр аз ин ниқобҳои истеҳсоли ватанӣ, ба мисли ширкатҳои «Фарм Текс», «Суғд фарм» ва 1 қатор корхонаҳои дӯзандагӣ амсоли ИИ «Нассоҷи тоҷик», «Гулистон» ва «Ёқут-2000» боз даҳҳо корхонаҳои дӯзандагӣ сар аз Турсунзодаву Ваҳдату Бохтар то Дарвозу Хоруғу Панҷу Қубодиён дар фурӯш ҳастанду нархи онҳо аз 2 сомонӣ-дар дорухонаи «Сифат фарма» то 25 сомонӣ барои ниқоб бо респиратор, ки истеҳсоли Ӯзбекистон аст, арзиш доранд. Дар маркази савдои «Пайкар» нархи 2 ниқоби респиратордори истеҳсоли Ӯзбекистон 59 сомонӣ аст.

Дар баробари ин мӯдшиносон ва хайётони тоҷик низ аз атласу адрас ва ҳатто чакан низ ниқоб тайёр намуда, ба фурӯш гузоштаанду бархе истифода ҳам мекунанд.

Мини-противогаз бою камбағалро ҷудо кард!

1 ҳолати аҷиберо мо ҳангоми гаштугузор ва хариди ниқобҳои тиббӣ мушоҳида намудем-истифодаи ниқобҳои тиббӣ низ мардуми моро боз ба бою камбағал ҷудо кардааст! Инро аз ниқобҳои рӯи одамон дидан мумкин. 

Барои мардуми оддӣ, ки ҳоло дар карантин нишаставу пули зиёд надорад, харидани ҳамон ниқоби оддии докагии 2 сомона ҳам мушкил аст, вале бархе намоишкорона ниқоб, аниқтараш мини-противогаз кашида, худнамоӣ мекунанд, ки гуфти бибии 85 солаам «Мондан гиред!». 

Коршиносон мегӯянд, ниқобҳои респиратордор барои кор дар сохтмон равона шудаанд-барои эмин нигоҳ доштани даҳону бинӣ аз чангу хок, аммо онҳо кафолат намедиҳанд, ки микробу вирусро метавонанд пешгирӣ намоянд.

Воқеан ҳам ин тамоюл дар мо ҷой дораду мардуми пулдор саъй мекунанд ниқобҳои 25-35 ва ҳатто то 100 сомонӣ мини-противогаз, ки камёфт аст, бихаранду бипӯшанд, мардуми оддӣ бошад талош мекунад аз пораҳои мондаи матоъҳо ва ё куртаҳои кӯҳнаи мардона ниқоб тайёр намуда, худ ва фарзандони хешро таъмин кунад, ки ин ҳам ба назари мо беҳтарин кор аст.

Ниқобро ҳар 3 соат иваз намоед!

Истифодаи ниқоби тиббӣ аз ҳолату вазъият вобаста аст. Агар дар ҳолати пандемия қарор дошта бошем, бояд ҳар 3 соат ниқобро иваз намоем. Ниқобҳои латтагинро мешавад то 6 соат истифода бурда, сипас шуста, бо маҳлули спиртӣ безарар гардонид. Муҳимтарин омил ин аст, ки пас аз кашидан ва гирифтани ниқоб аз рӯй зинҳор ба чашму бинӣ ва даҳон даст нарасонида, аввал бо собун хуб дастонро шуста, бо маҳлули спирт иловатан пок кунем, зеро дар ниқоб ҳам метавонад микробу вирус ҷамъ шавад. 

Боқӣ, саломат бошеду худро ҳифз намоед, хоҳ ниқоб-противогаз доред ва ё хоҳ ниқоби чакану адрасу докагин. Мо Метавонем!

 

Ҷамила 

Ҳусейнова, 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter