Принт

Коронавирус: Нуқтаи авҷ паси сар шуд!!!...

(сӯҳбати ихтисосии газетаи СССР бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолии ҶТ)

 Вазири тандурустӣ: Беҳуда натарсед, ба воҳима дода нашавед, дору нахаред, зеро доруву дармон, кат, хизматрасонӣ, беморхона, хӯрокворӣ барои мубталоёни коронавирус 100% ройгон аст!!!

СССР:  Мӯҳтарам, Ҷамолиддин Абдуллозода, биёед сӯҳбатро аз он шуруъ кунем, ки нуқтаи авҷи бемории COVID-19 дар кишвари мо ба кадом рӯз рост омад, ва оё он паси сар шуд ва чӣ гуна омодагиҳо буд то он вақте ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дарк кард, ки ба Тоҷикистон ҳам ин хатар таҳдид дорад?

- Тавре шумо хабар доред нахустин беморони гирифтори COVID-19 дар кишвари мо рӯзи 30.04.2020 ошкор ва ба қайд гирифта шуда, нуқтаи авҷи он аз рӯи таҳлилҳое, ки мо ҳамарӯза мегузаронем, ба 15 майи соли ҷорӣ рост омадааст. Яъне 15.05.2020 нуқтаест, ки аз ҳама бештар беморон мушоҳида ва ташхис гардидаанд. Пас аз он раванди пастшавии авҷи беморӣ ба қайд гирифта шуда, шумораи беморон каму сиҳатёфтагон рӯ ба афзоиш ниҳод. Тавре мебинед рӯзҳои ахир фавт ҳам камтар ба қайд гирифта шуда, дар 2 рӯзи гузашта ягон ҳолати талаф ба вуқуъ напайвастааст. 

Бояд таъкид намоям, ки на ҳамаи он бемороне, ки ба воситаи тест ташхис мешаванд, сироятёфтаи COVID-19 ҳастанд. Ҳаст ҳолатҳое, ки дар ҳақиқат бемории пневмания натиҷаи мусбат медиҳад ва ин моҷаро ҳамасола буду ҳаст. Минтақаҳое низ ҳаст, ки дар онҷо тамоми аъзои оила гирифтори пневмания мешаванд. Мисли зуком-грипп, ки он ҳам ҳамасола ҳасту гоҳе гирифторонаш зиёдтару гоҳе камтаранд, дар баъзе ҳолатҳо он сабук ва баъзан вазнин мегузарад. Имсол бо хуруҷ ва паҳни COVID-19 пневмания ва зуком вазнинтар омаданд. Зеро тарс аз Ковид-19 мардумро мубталотар мегардонид.

 

Имунитет бояд қавӣ бошад!

СССР:  Мегӯянд, ки агар имунитети шахс мустаҳкам ва қавӣ бошад, COVID-19 ба он таъсир намекунад, то куҷо ин ақида дуруст аст?

- Барои сиҳатёбии на танҳо гирифтори COVID-19, балки ҳар беморие фактори асосӣ ин системаи имунитетии организм аст. Аз таҳлилҳое, ки мекунаму дар даст дорам, бар он назарам, ки маҳз тарсу воҳима сабаби асосии хуруҷи ин беморӣ дар кишвари мо шудааст. Ва мутаассуф, ин тарс беш аз ҳама аз сӯи корбарони сайтҳои иҷтимоӣ, ки фикр доранд, барои мардум кори хубе мекунанду дар асл чунин нест, мардумро фарогир мепечад.

 Тарсу воҳима ба майнаи сари инсон фишор оварда, вазъияти стресӣ метавонад на танҳо боиси хуруҷи зукому пневмания, балки дигар бемориҳои ҳамрадиф, амсоли диабети қанду фишорбаландиву инсулту инфаркт гардад. Ин аст, ки баъзеҳо каме сармо хӯранд ё тавассути шабакаҳои ТВ воҳима дар дигар кишварҳоро бубинанд, «ман коронавирус шудам!» гуфта, дарҳол воҳима мекунанд. Тамоми нуқтаҳои марказии организми инсон дар майнаи сар аст ва агар ба майнаи сар фишор оварем, ҳатман системаи иммунитет ва фаъолият сусттар шуда, он метавонад гирифтори ҳар гуна беморӣ гардад. Буданд ашхосе, ки ба хулосаи манфии тестҳо, яъне гирифтор набудан ба COVID-19 бовар накарда, худро бемор эълон мекарданд. Ин фишор ба майнаи сар мешаваду дар организм ба қавли мо табибон ҷанги микро ва макроорганизм оғоз гашта, он ба баландшавии ҳарорати бадан оварда мерасонад. 

Баъзе ҳолатҳои фавтро мо таҳлил карда баромадем ва исбот шуд, ки марги онҳо вобастагӣ ба COVID-19 нест, балки бемориҳои дигар будаанд. Масалан, ё қаблан ҷарроҳии дил, ё шунтпайванд ва ё диабети қанд доштанд. Маълум аст, ки диабети қанд системаи имунитетро аз байн мебарад ва камтарин тарсу ҳарос метавонад паёмадҳои нохуш биёрад. Маҳз ҳамин тарсу ҳарос буд, ки шумораи зиёди мардумро ба беморхонаҳо оварду навбатҳои дароз дар паси дари утоқҳои рентгену флюрография пайдо шуданд. Вазъият то он дараҷа иваз шуд, ки агар нохост нафаре, ки бронхити музмин дошту сулфае мекард, мардум аз ӯ ҳаросида худро дур мекарданд. 

 

Беморхонаҳо холӣ мешаванд!

СССР:  Беморхонаҳо, госпиталҳои мобилӣ ва саҳроие, ки дар муддати кӯтоҳ дар пойтахт бунёд ва омода карда шуданд, оё имрӯз бемор қабул мекунанд?

- На!!! Ин беморхонаву госпиталҳои мобилӣ, ки барои резерв тайёр карда шудаанд, ҳанӯз холианд. Хушбахтона, ин госпиталҳои мобилӣ то ба имрӯз ба мо лозим нашуданд  ва Худо кунад, ки лозим наоянд. Вале хонандагони муҳтараму муътабари газетаи мардумии СССР бояд донанд, ки аз рӯи масали «илоҷои воқеа қабл аз вуқуъ!» мо ин госпиталҳои саҳроиро таъсис додаем ва бояд хизмататон арз кунам, ки дар роҳандозии лоиҳа, бунёди ин беморхонаҳои муваққатӣ саҳми бевоситаи Президенти кишвар бармалост. 

 Агар то оғози ин пандемия дар ш.Душанбе ҷой барои 2000 кат буд, ҳоло 3500 кати резерв дорем. Беморхонаҳои мо айни замон холӣ шуда истодаанду шумораи беморон кам. Ҳатто агар гӯям, ки ҳоло иҷроиши кат-рӯз, яъне истифодаи пурраи онҳо ҳам сурат намегирад, хато намекунам. Масалан, дар шӯъбаи травмотологияи Беморхонаи №3-и пойтахт, ки барои 165 кат пешбинӣ шудааст, имрӯз танҳо 45 кат банд асту халос, ҳоло ҳатто касалони нақшавӣ, ки ҳар сол 2-3 маротиба омада, табобат мегирифтанд, кам шудаанд. Дар беморхонаи шаҳраки «Шифобахш»-Қарияи боло низ беш аз 1000 кат омода буд, аммо дигар бахшҳо холӣ шуда истодаанду дар ягон нишондодҳо баландшавӣ нест. 

 Ман ба беморхонаҳое, ки беморонашон кам аст, аз он ҷумла бахшҳои урология ва нейрохирургия дастур додам, ки утоқҳоро холӣ карда, корҳои безараргардониро пурра анҷом ва дар ҳолати омодабош нигоҳ доранд. Аз ин ҳафта танҳо 2 беморхонаи сироятӣ, қисман шаҳраки «Шифобахш» ва 2 корпуси Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» беморони гирифтори COVID-19-ро барои табобат қабул мекунанду халос, дигар беморхонаҳоро бо назардошти беморхонаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мо пурра холӣ кардем. Ноҳияҳое ҳаст, ки дар он танҳо 2 бемор мондаасту халос. 

Худо накарда, мавҷи дуюми хуруҷи коронавирус, ки баъзе коршиносони хориҷӣ дар бораи он тариқи матбуот бисёр  ҳадс мезананд,  ба вуқуъ биёяд, мо ба набард тайёрем. Мо ба чунин пешгӯӣ бовар надорем, вале ба ҳар гуна ҳолат бояд омода буд. Тавре, ки шиори шумост, Мо Метавонем!

 

Табобату дору ройгон аст!

СССР:  Аксари сокинон ва бемороне, ки дар касалхонаҳо табобат гирифта баромаданд ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр мегӯянд, ки дар Тоҷикистон дорувории лозима барои зидди вирусҳо нест, намерасад ва дар дорухонаҳо хеле гарон аст…

- Тамоми таҷҳизот ва доруворие, ки барои табобат бар зидди вирсуҳо лозим асту дар ҳамаи ҷаҳон истифода карда мешавад, дар анборҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба миқдори кофӣ ва ҳатто бештар аз он захира шудааст. Бо дастури Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми доруворӣ оварда ва дар анборҳо захира карда шудааст. Ҳамаи доруҳое, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ дар муолиҷа бо COVID-19 лозим аст, мо дорему ман ҳамарӯза ба сардухтурони шаҳру навоҳии гуногуни мамлакат супориш медиҳам, ки омада, тибқи дархост дорувории лозимаро гирифта, бурда дар анборҳои худ захира кунанд ва ба бемороне, ки бо чунин ташхис дар бемористон ва ҳатто хонаҳо табобат мегиранд, ройгон тақсим кунанд. 

Дар анбори вазорат ва муассисаҳои тандурустии кишвар миқдори лозимии «Арбидол»-у «Эргоферон», «Иммунал», «Левофлакцин», «Амиксин», «Азитромицин», «Гидроксихлорохин», «Делагил», витаминҳо, маҳлулҳо-он чизҳое, ки дар тавсия ва протоколи Созмони ҷаҳонии тандурустии пешбинӣ шудааст, вуҷуд дорад. Ба ғайр аз ин, 2-3 миллион ниқоб захира карда, айни замон дар таъминоти сарулибоси духтурон низ набояд мушкил пеш ояд, зеро истеҳсоли сарулибосро хуб ба роҳ мондаем. 

Таҷҳизоти дигари тиббӣ амсоли тестҳо ва ИВЛ- асбоби вентилятсияи механикии шушҳо низ ба қадри кофӣ мавҷуданду онҳоро ба табобати беморони вазнин истифода мебарем.

СССР: Маъзарат, мегӯянд ИВЛ гарон аст, ба вежа дар хориҷа ва ҳам зиён дорад ба шушҳои фарсудаи солхӯрдагон. Дар мо чанд пул аст?

-Не, мо ба шуш фишор намеорем, мо ҳавои мусоид равон мекунем. Ин 1 ва 2 ин ки дар мо ИВЛ ё худ ҳавогардиши сунъии шуш ройгон ба роҳ монда шудааст ва аз ягон нафар 1 дирам ҳам талаб карда намешавад.

СССР: Чаро сароғози пандемия дору хеле гарон шуд?

1 нуқтаро бояд зикр кунам, ки дар оғози ин пандемия, ки дар мо сироятшавӣ кам буду дар ҳамсоякишварҳо зиёд, буданд ҳолатҳое, ки аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя омада, доруворӣ мебурданд ва ин ҳам яке аз сабабҳои камчин шудани он гашта буд. Имрӯз ин дефитсит паси сар гардид. Хидмататон раз кунам, ки ҳоло тамоми доруворӣ ва табобати беморони гирифтори COVID-19 дар кишвар ройгон ва аз ҳисоби Ҳукумати ҶТ сурат мегирад, ҳатто агар бемор бо ин ташхис дар хона табобат бигирад ҳам. Ҳастанд ҳолатҳое, ки дар баробари коронавирус дигар бемориҳои ҳамрадиф низ хуруҷ мекунанд ва он гоҳ духтурон ба бемор доруи дигареро тавсия медиҳанд, ки бояд худаш харидорӣ намояд. 

 

Сӯҳбати пурраи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолии ҶТ  дар шумораи навбатии газетаи мардумии СССР дастрас кунед

 

Матлабҳои дигар