Принт

Шоирон бегонапарастӣ мекунанд!

Салому дуруди шаҳдбор ба ҳама мухлисони газетаи мардумӣ-СССР! Дар аввал фикр мекардам, ки фақат дар деҳот, аз нофаҳмӣ бегонапарастон зиёданду шаҳри Душанбе, ки дар он ҷо олимон, донишмандон, шоирон, вазирону равшанфикрон бештаранд, аз ин камбудҳо дурр аст. Баъд ба хулосае омадам, ки ш.Душанбе маркази хурофотпарастон гаштааст. Бо он далел, вақте ки шоири умедбахш Рустами Ваҳҳоб аз муҳоҷират баргашт, якчанд намунаи шеърҳояш дар матбуот чоп шуданду онро навишта, азёд кардам. Хурсанд будам, ки як нафар худогоҳ дар ҷамъияти мо зиёд шуд.

Баъдтар чандин маротиба баромадҳояшро дар телевизор тамошо кардам. Гуфтаҳои имрӯзааш бо навиштаҳои пештарааш мувофиқат намекунад. Ба хулосае омадам, ки ӯро ҳам тобеи хурофот кардаанд. Ё даҳҳо номзади илму профессору доктори илму коргарони давлатиро мисол овардан мумкин аст, ки онҳо бегонапарастанд. Халқи авом бегонапарастӣ кунад, бахшиданист, лекин шоиру олиму коркуни давлатӣ бегонапарастӣ кунад, чӣ гуфтан мумкин аст? 

Эй бародарон! Таълимоти дини ислом мутааллиқ ба арабҳост, чунки онҳо нимваҳшӣ буданд. Ба воситаи ин таълимот кам-кам онҳо ҳам одамсират гаштанд. Ба мову шумо дахле надорад. Агар ин таълимотро пайравӣ кардан гирем, фаҳмиши мо ба фаҳмиши арабҳои асрҳои VI-VII баробар мешавад. Оё дидаед, ки дар ягон мамлакати мусалмонӣ ихтирооте ба амал омада бошад?  Нест ва минбаъд ҳам намешавад! 

Ҳаким Ғуломов, н.Дӯстӣ

 

Матлабҳои дигар