ХАБАРИ ДОҒ

"Ов", "ев" ва "вич"-ро ба ҳолашон монед!

  • Чоршанбе, Июн 03 2020

 Салом СССР-и азиз! Имрӯзҳо дар тамоми рӯи олам садҳо ҳазор одамон аз ин вабои аср, яъне аз коронавирус мурда истодаанду садҳо ҳазори дигар дар тарсу ҳарос зиндагӣ доранд, аммо парлумони мо масъалаи ному насаб, яъне масъалаи "ов", "ев" ва "вич"-ро баррасӣ дорад. Барои чӣ русҳо як умр Иванову Сидорову Петров буданд, ҳастанд ва боре ҳам ному насаб иваз намекунанд? Агар ман ному насабамро Асоев нею Асозода, ё Асоиён ё Асозод кунам оё зиндагии ман хубтару беҳтар мешавад? Фикр мекунам ки ин бар зарари халқи камбағалу бечора аст, чунки вақте ки ному насаб иваз шуд, боз шиносномаивазкунӣ сар мешавад!            

А. Ғулом

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter