Принт

Муъминобод: Банкоматҳо кор намекунанд!

Нурулло Ҳасанов яке аз хонандаҳои доимии ҳафтанома аз н.Муъминобод занг зада (8 33 18 22 223) гуфт, ки банкоматҳоро қасдан вайрон мекунанд.

- Зиёда аз 1 моҳ мешавад, ки банкомати назди “Амонатбонк”-и ноҳия корношоям аст. Аз рӯзи 17 то имрӯз яъне 20-и майи соли равон соати 7:20 дақиқа бошад банкомати дуюм низ кор намекунад. Имрӯз аз сӯбҳи содиқ 6000 мардуми нафақахӯри ноҳия дар назди идораи “Амонатбонк” интизори кормандони бонк шудаанд. Охир дар пеш иди Рамазон-ку? Ҳам барои мардум ва ҳам барои кормандони бонк бо сарварии холаи Меҳриниссо Шарифзода пул даркор. Банкоматҳо низ зуд-зуд мешикананд, чаро намефаҳмем? 

 

Матлабҳои дигар