Принт

Душанбе ба «ҷанг» омода аст!!!

 

Танҳо дар пойтахт 8500 кат ва 3500 табиб омода ба набарди зидди коронавирус аст. Зимнан мардум набояд ба воҳимаҳои беасоси «исломгароҳои аврупоӣ» дода шаванд!

Айни замон дар ш.Душанбе беш аз 30 беморхона бо 5 ҳазору 284 кат ва беш аз 5 ҳазору 390 нафар табиб ва кормандони соҳаи тиббӣ ба беморони гирифтори коронавирус хизмат мерасонанд. Инчунин, ба таври илова якчанд беморхонаи муваққатӣ барои зиёда аз 3200 кат баҳри табобати гирифторони COVID-19 бо фароҳам овардани ҳама шароити зарурӣ доруворӣ ташкил карда шудааст. Бо забони дигар пойтахти кишвар ба ҷанг бо душмани нопайдо-вируси корона омода аст. Мо Метавонем!

Беморхонаҳои сайёри Душанбе-ҷой ҳаст!

Вақтҳои охир дар шабакаҳои ичтимоӣ арзу шикоят дар мавриди норасоии беморхонаҳо дар кишвар барои беморони гирифтори коронавирус ба маротиб афзуда, ин гуна шарҳу навиштаҳои беасос боиси пайдо шудани нобоварӣ ва овозаву гумонҳои манфӣ мегарданд. Вале вазъият ин тавре, ки шабакаҳои ичтимоӣ пешкаш мекунанд, нест.

 Дур намераем, ҳафтае қабл Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар ҶТ Коҳир Расулзода, бо фаъолияти 1 қатор иншооти таъиноти соҳаи тандурустии кишвар дар пойтахт шинос шуда, сокинон диданд, ки барои беморони минбаъдаи ин вабои нав ва шаҳрвандони кишвар, ки пайи ҳам аз Туркияву Дубай ва шаҳру вилоятҳои Россия оварда шуда истодаанд, ҷой барои табобат ва карантин ҳаст. 

Мо тасмим гирифтем аз бархе аз беморхонаҳои нави сайёри пойтахт боздид ба амал оварда, дар бораи онҳо ба шумо хонандагони азиз, маълумоти бештаре омода намоем, то ҳар гуна нобоварӣ ва нигарониатонро дур кунед. Аксарияти ин беморхонаҳо муваққатӣ буда, ҳамчун беморхонаҳои мобилӣ ва саҳроӣ ба ҳисоб рафта, барои сабук намудани сарбории беморхонаҳои кӯмак хоҳанд кард.

Госпиталҳои мобилӣ дар ҶТ

1. Беморхонаи муваққатии олимпӣ

Яке аз чунин беморхонаҳо беморхонаи муваққатӣ, ки дар МД “Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб”-и Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ таъсис ёфтааст, мебошад. Беморхонаи муваққатӣ ҷиҳати ба табобат фаро гирифтани 350 нафар беморони гирифтори коронавирус-COVID-19 аз тарафи роҳбарияти МИҲД ш.Душанбе ва 1 қатор соҳибкорон дар муҳлати 1 ҳафта созмон дода шуда, ҳамзамон он дорои ошхона барои 150 нафар, ҳаммом ва дигар таҷҳизоти тиббӣ мебошад.

Ба муассисаи мазкур табибони соҳибтаҷриба ҷалб гардида, дар он маводи доруворӣ таъмин гардидааст, ҳамчунин, рахти хоб, ҷойи либосивазкунӣ, ҷевон барои гузоштани маводи доруворӣ дар назди бемор ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин гардида, аз ду тараф бо дарозии 170 метр таҷҳизоти ҳавотозакунӣ насб шудааст. Дар ин ҷо 7 ҳуҷраи кории табибон ва духтурони соҳавӣ, шуъбаҳо барои қабул ва табобати беморон, ташхисгоҳ, ҳуҷраи махсус барои нигоҳдории доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, ҳуҷраҳои ёрирасони техникӣ, ҷойи шустушӯй ва дигар иншооти зарурӣ маҳайё мебошанд.

2.Беморхона дар ҷазира

Хобгоҳи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар маҳаллаи маъруф ба Ҷазира низ ба беморхонаи муваққатӣ табдил дода шуда, иншооти мазкур аз 12 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 650 кати хоб барои қабул ва табобати шахсони мубталои бемории нави сироятӣ ҷой омода шудааст. Ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоти тиббие, ки барои муолиҷаи гирифторони бемории сироятӣ зарур аст, таъмин буда, ҳамчунин мутахассисони баландихтисос дар беморхонаи муваққатӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Иншооти нав инчунин дорои 208 ҳуҷра буда, дар тамоми ошёнаҳо утоқҳои алоҳидаи ёрирасон мутобиқ ба талаботи замон бунёд гардида, дар ҳар 1 ошёна ошхонаи замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

3.Беморхонаи нави касалиҳои сироятӣ

Дар ояндаи наздик дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт Беморхонаи нави шаҳрии касалиҳои сироятӣ бунёд хоҳад гашт. Беморхонаи мазкур бо ғунҷоиши 1500 кати хоб ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи авввал барои қабули то 640 бемор омода мегардад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ҳамин сол оғоз меёбанд.

4.Беморхонаи «Ворисони Куруши Кабир»

Гимназияи ҳарбии ба номи “Ворисони Куруши Кабир”-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ низ ҳамин ҳоло ба беморхонаи сироятии муваққатӣ табдил дода шуда, барои барои бистарӣ кардану ба муолиҷа фаро гирифтани маризон дар 16 ҳуҷра бо 110 кати хоб таъмин карда шудааст.

Дар беморхонаи мазкур 4 кати функсионалӣ,10 кати муолиҷаи шиддатнок бо хати оксиген, 18 адад кати эҳёгарӣ тайёр буда, 2 адад оксигенатор, 1 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 2 дастгоҳи балғамкашакии барқӣ ва 2 дастгоҳи дефибриллятор барои муолиҷаи беморон мавҷуд аст. Беморхонаи сироятии муваққатӣ дорои шуъбаи мардона бо 55 кат ва занона бо 37 кат буда, дар он ҳуҷраи безараргардонӣ низ бо таҷҳизоти зарурӣ фаъолият менамояд.

5.Беморхонаи сайёри «Бофанда»

Дар варзишгоҳи «Бофанда»-и пойтахт низ тайи 2-3 ҳафтаи ахир 1 беморхонаи сайёр бунёд ёфтааст, ки он аз 144 контейнери махсуси тиббӣ якҷо бо таҷҳизоти махсуси нафасрасонии сунъӣ (ИВЛ) иборат буда, кӯмаки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба халқи тоҷик аст.

Беморхонаи сайёр дар масоҳати 3600 метри мураббаъ сохта шуда, барои муолиҷаи гирифторони бемории сироятии коронавирус пешбинӣ шудааст.

Беморхонаи сайёр бо муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз шуда, барои табибон ва беморон шароитҳои лозима фароҳам гардидааст. 

Ҳар 1 контейнер аз 1 ё 2 ҳуҷраи хурд иборат мебошад, ки дар он барои табобат ва зист шароити лозима мавҷуд аст. Дар контейнерҳо вобаста ба ҳаҷмашон 4 ва 6 нафарӣ бемор ҷойгир хоҳанд шуд ва дар маҷмуъ имкон аст, ки ҳудуди 1000 кас  (984 нафар) ба табобат фаро гирифта шаванд. Ба андешаи мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ  Беморхонаи сайёр сарбориро дар беморхонаҳои амалкунандаи пойтахт коҳиш дода, ба минтақаи карантинӣ табдил хоҳад ёфт.

Ҷой ҳаст!

Тавре маркази матбуоти Президенти ҶТ ва Раёсати таҳлилию итттилоотии Дастгоҳи Раиси ш.Дшанбе хабар медиҳад, айни замон дар ш.Душанбе беш аз 30 беморхона бо 5 ҳазору 284 кат ва беш аз 5 ҳазору 390 нафар табиб ва кормандони соҳаи тиббӣ ба беморони гирифтори коронавирус хизмат мерасонанд. Инчунин, ба таври илова якчанд беморхонаи муваққатӣ барои зиёда аз 3200 кат баҳри табобати гирифторони COVID-19 бо фароҳам овардани ҳама шароити зарурӣ доруворӣ ташкил гардид. 

Ҷой ҳаст ва дору низ дар дорухонаҳо пайдо шудааст!

Ин маънои онро дорад, ки мардум бояд нигарон набошанду ба ҳар гуна овозаву шарҳу комментҳои фейку гейкҳои интернетӣ дода нашуда, тарсу ваҳмро аз худ дур кунанд. Боз ҳам дар замоне, ки беморхонаҳои мамлакат аз кам шудани беморону холӣ шудани катҳо дар беморхонаҳо хабар дода истодаанд. 

Хушбин бояд буд!

Мо Метавонем!!!

Омодасоз Ҷамилаи Мақсуд, СССР

 

Матлабҳои дигар