Принт

Нео-Фашизми тоҷикӣ дар Аврупо: КАСЕ БО МО НЕСТ-ЗИДДИ МОСТ ВА КАСЕ ЗИДДИ МОСТ-ДУШМАНИ ХАЛҚ АСТ!!!

Дастгоҳи идеологӣ бояд 1 чиро донад:

-Вақте патриотҳо зери фишор мераванд, ватанпарастон аз ҳукумат дилсард мегарданд. 

Ва маҳз ҳамин аст, ки ҳоло сафи ватанпарастон, патриотҳо, миллатхоҳон хеле кам шудааст. Фикр накунед, бо Фабрикаи ҷавоб, Авангард ва ё 5-6 фейки расмӣ аз Давлат метавон пуштигирӣ кард. Агар аҳамият додаед, манофеи ватану миллатро ҳоло ҳатто марказҳои матбуотии ин ё он вазоратхона, ки кори ҷонияшон аст, ҳифз намекунанд. Вале агар хабаре пахш ҳам созанд бо имзои «хадамоти матбуотӣ»... Имзои мубораки хешро корманди ягон вазоратхона на-ме-гу-зо-рад! Зеро аз «рӯзи мабодо» метарсанд. А, Ватанро бояд бо имзои хеш ҳифз намуд. Мисли Саъдии Маҳдӣ, Далер Мерганов, Нуралӣ Хоркашев, Сафват Бурҳонов, Додоҷон Атовуллоев, Саломиддин Мирзораҳматов. Аҳамият додӣ, хонанда, аксарият вазифа, сарват, мақоми расмӣ надоранд ва ҳатто дар ватан нестанд. Фарзи мисол, вақте Нуралӣ Хоркашев аз манофеи ватан пуштибонӣ мекунаду вазиру раиси шикамғафсе хап аст, душманони идеологӣ ҳатто намедонанд, ки Нуралӣ то ҳанӯз хона надораду дар хобгоҳе бо аҳли оилаи бузургаш иҷора мешинад ва истеъфои ӯро талаб мекунанд! Ватанхоҳӣ ана ҳамин аст, ки Нуралӣ, Сафват, Додоҷон, Саломиддинҳо доранд. Вале биёед сари ягона нафари ба фикри мунтақидонаш «вазифадор», яъне Саъдии Маҳдӣ андаке таваққуф кунем:

Ҳар баҳсе, ки устод Маҳдӣ дар гурӯҳи худ-Ормонҳо миллӣ меангорад, боиси вокуниши шадид мегарданд. Пештоз мегӯям, на ҳар чизе устод дар сафҳаашон мекоранд, писанди ин ҷониб аст. Ба вежа, ки Маҳдӣ лаҳни тунд доранд. Зеро дарк карда, ки:

Сахтгӯро сухани сахт ба ислоҳ орад,

Чирки пироҳани пӯлод ба собун наравад!!!

Вале иззати ман аз Саъдии Маҳдӣ чун аз 1 Шахсият аст, ки позитсияи худро дорад ва аз мавӯқеаш бо имзои хеш ҳифз мекунад, на чун дигарон тариқи мустаор, маъмултар бар фейк. Ин дар ҳолест, ки аксарияти Армияи устодону журналистони факулта хомӯшанд ва агар устод Маҳдӣ «диктатор» мебуд, ин армияро ба ҷумбиш меовард, зидди 3-4 шартакигӯйи авру-муллоӣ (ба д-ин масал, ки наход ишон аз чанд фейкак тарсанду аз декан на?)!

  Ҳафтаи пор баҳс сари журналистика ва профессионализм гарм шуд, зеро Саъдии Маҳдӣ дар «Ормонҳо…» луқма партофту нафаре аз «фаолони шабакаҳои иҷтимоӣ» (касби наве, ки бекорон барои худ дарёфтаанд, амсоли журналисти озод, хабарнигори мутсақил) бо усули ба худаш хос онро ба баҳс кашид ва каминаи камтарин (ибораи дӯстддоштаи Соҳиб Табаров)-ро ёд кард. Гуфтаам ва боз мегӯям:

-Шумо метавонед беҳтарин қаламро дошта бошеду беҳтарин матлабҳоро нависед, вале чун дипломи журналистика надоред, шахсан барои ман журналист нестед! Истеъдод ҳастед, нобиға ҳастед, бузург ҳастед, вале журналист неъ! Ин кредои ман аст. Зеро дар сурати акс, дар Аврупову Амрико ва Тоҷикистони азиз низ факултети журналистикаро бояд банданд!!! Ё не мӣ? Агар журанлистика профессионалӣ набошад, чаро АлифБеТеи онро бояд 5 сол омӯхт?

Рӯиҳамрафта, медонам, ки бархе зӯр менависанд. Вале агар онҳо боз такмили ихтисос кардаву дар факултаи журналистика мехонданд, фикр намекунед, ки боз ҳам журналисти беҳтаре мешуданд? Ё кӣ гуфта метавонад, ки Отахон Латифӣ, Додоҷони Атовулло, Шарифи Ҳамдампур, Хуршеди Атовулло, Раҷаби Мирзо, Адолати Мирзо, Раҳматкарими Давлат, Соҷидаи Мирзо, Саидқосими Қиёмпур ва ба гуфтаи Бобои  Ғуломи таърихӣ “конса до консов” Сайёфи Мизроб… журналистони раддаи аввал нестанд? Ва ё шумо фикр доред, чанд ба ном «блогер», ки 1 ҷумлаи саҳеҳ надоранд, анд «пранк-масхарабоз» ва энд мӯл камазисту тракторист, ки аз кабиинаи мошинашон бо «элитаи сиёсӣ» дар Аврупо сӯҳбати «созанда» мекунанд, журналистанд??? Назари профессионалҳо дар зимн бароям муҳим аст, зеро матлабамро барои «Лайк» нанавиштаам. Журнализми касбиро аз хатари фавт эман доштаниям!!!

Пештоз мегӯям, ҳастанд дар ин миён нафароне, ки доди сухан додаву диплом надоранд. Вале онҳо солҳои тӯлонӣ дар ин соҳа кор кардаву даҳу садҳо курси касбият гузаштаву мактбаҳои журналистони бузурги миллиро «ғоибона» хатм кардаанд. Вале дар ҳар сурат, агар дар қиёс гирем, афроде, ки ман барчидам, бақуваттар аз онҳоеанд, ки ҷонибдорони назарияи «гражданская журналистика» мепиндоранд, ки шояд журналист маҳз инҳоянд!

Мутаассифона, дар долонҳои бузургтарини ҳукумат низ то ҳанӯз бо ин хомхаёлони журналистикаи миллӣ ҳамфикранду профессионализми журналистикаро ба дираме намегиранд. Ин аст, сари кор афроде меоянд, ки актёранд, артистанд, муаллиманд, шоиранд, нависандаанд, сиёсатшиносанд, одами хубанд, вале ЖУРНАЛИСТ нестанд! Зеро журналист одами хуб буда на-ме-та-во-наддд!!!

Ин хатои фоҳиштарин ва бузургтарини ҳукумати имрӯза аст, ки фарқ миёни минбару дору расан ва мадҳияву журналистикаи касбӣ надидааст. Фирдавсист, ки мегӯяд:

Чу минбар ба тахт баробар шавад,

Ҳама ном Бӯбакру Умар шавад

...Ва акнун баргардем сари шахсияти Саъдии Маҳдӣ. Афроде ба махдуми Саъдӣ мерасанд, ки роҷеъ ба ӯ иттилоъе надоранд. Онҳо бояд донанд, ки Саъдии Маҳдӣ ҳарчанд дипломи аввалинаш аз ин соҳа нест, ки эродаш кардаанд, вале чандсад мақола навиштааст дар жанрҳои мухталиф. Ҳамзамон курсҳои вежаи касбиро низ тай намудааст. 33 мақолааш дар СССР нашр шудаву ба ҳайси китоби электронӣ низ дастарас аст (ниг. www.cccp.tj). Муҳимтар аз ин, гарав мебандам, ки дар дилхоҳ мавзуъ Саъдии Маҳдӣ аз ҳамаи муддаиёнаш беҳтару хубтару хуштар матлаб, дар дилхоҳ жанр (медонед, ки жанр чист???) менависад. Бовар надоред, мавзуъро шумо интихоб кунед, жанрро мо ва ба майдон бароед. 100% бовар дорам, метарсед ва бо устод панҷа нарм намекунед.

Ва баъдаҳу роҷеъ ба декани факултаи журналистика...Кадоме аз деканҳои собиқ, бидуни устод Иброҳим Усмонов-асосгузори ин факулта, ки боз шумогунаҳо ба ӯ  санги маломат ҳам меандозед, дипломи журналистика дошт? Тадрис дигар аст-кор дигар. Дар донишгоҳ педагогика боло меистад, ҳарчанд муаллимони факултаи журналистӣ 7-8 соли собиқаи кор дар ВАО дошта бошанд хуб аст (талаботи Донишгоҳҳои Амрико ва Аврупо). Саъдии Маҳдӣ аз хубтарин деканҳои ин факулта аст, бовар надоред бо студентон сӯҳбат кунед, ки мардумитар аз ӯ декане доштаанд???

 Ва аз хама охир: 1 муаллим ё олимаке буд дар Аврупо, ки танҳо ба хотири дӯсти дӯстони ман-Додоҷону Сафвату Бахтиёр Аминӣ буданаш, иззат мегузоштам-ш. Вале ин нафар низ истеъфоталаб шудаасту Саъдии Маҳдиро «душмани халқ» мехонад. О, буродарони евро-муллоям! Хайр, биоед, ҳар нафареро, ки бо кабириҳо нестанд ё ҳамфикри шумо наяд, ба истеъфо равон кунем ва Нео-фашизми нео-муллоӣ ва нео-аврупоиро дар ҶТ ҷорӣ созем. 

Дар асл, истеъфоталабии шумо ниқорхоҳие беш нест, ки мисатонро баровардааст. Мо метавонем!

 

Матлабҳои дигар