ХАБАРИ ДОҒ

Аз бузурге пурсидаанд, ки тарбияти фарзандро аз чандсолагӣ шуруъ бояд кард? Посухро медонем. Бузург гуфта, ки «3 рӯз дер кардед»… Вале шахсан ман, роқими ин сутури ҳақир, дар ин маврид дигар назар дорам:

-Тарбияти фарзандро аз интихоби модари ӯ бояд сар кард!!!

 Дар урфи табордории Тоҷикон 1 вожа буд, ки мутаассуф, ба доми фаромӯшӣ меравад:

-КУНДА…

Кунда ин танаи дарахт аст. Дарахт дар асотири аксарияти қавму миллатҳо ба маънои авлод аст. Дар Фаронсаи қадим барои шинохти аристократия «Дарахти насл» доштанд ва шоху барги дарахтро то решаи ашрофзодагон мушаххасан маълум мекарданд. Дар Тоҷикон маҳз кунда мегуфтанд. Кунда низ ба маънии дарахти насл аст. Дуруст аст, ки ислом ба мо танҳо 1 «Дарахти насл» дар шакли «Шаҷара» боқӣ гузошт (муллосабабҳо оҷилан наранҷед, ман худам чунин Шаҷара дорам-баҳс сари дигар чист!). Шаҷараро усулан авлоди паямбари ислом (с.) доштанду бас. Ба забони имрӯза Шаҷара паспорт аст. Вале на шиносномаҳои имрӯзин, ки 1-2 ҷаддат бештар дар он сабт нест. Балки насабномаи аждодист, ки дар аксари вақт то Муҳаммад (с.) мебарад. Воқеан ҳам, амирони муғулу манғит, ки ҳама муҳру васиқа дар дасташон будӣ, аз «момент» истифода карда, хеле турку муғулу манғитро «авлоди паямбар» карданд, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ онҳоро масхараи 2 олам намудаасту он мавзуъи тамоман дигар аст.

Барградем сари мақсад. Вожаи арабии «шаҷара» ба тоҷикӣ ҳамоно «дарахт» аст, яъне ба забони дигар кундаи тоҷикӣ ҳамон шаҷара, дарахт ва ё худ дарахти насл мебошад. Зимнан дар ҳини издивоҷ, Тоҷикони кӯҳистон мегуфтанд, ки «кунда партофтем» ё худ «кундагардонӣ» кардем, духтар ё писар аз кундаи бақувват, яъне насли соҳибобрӯст. Чаро гуфтем, ки интихоби ҳамсар ин шуруъи тарбияти фарзанд аст? Зеро аз «кундаи бақувват» насли бесамар, шохаи заъиф, барги зард намерӯяду ин бех гули атрогин меофараду меваи ширин. Фахриддини Гургонист, ки мегӯяд:

На ҳар зан зан бувад, ҳар зода фарзанд,

На ҳар БЕХ мева орад, ҳар найе қанд!!!

 Рӯиҳамрафта,  1 мард агар босавод бошад 1 нафар босавод аст, вале 1 зан агар донишманд бошад, 4-7 фарзандро донишманд мекунад. Ин низ гунае аз масалҳои халқии мост, ки ба таоруфи нажодӣ ва фарҳанги табордорӣ мекашад.

Ва акнун баргардем сари масалу фасонаҳоямон. Фикр намекунӣ, хонанда, оре маҳз туе, ки ҳамин ҳоло андеша кардӣ, «СМ маро дар назар дорад?», ки қиссаву афсонаҳои таоруфии мо низ метавонанд, бар зарар ё нафъи тарбият буда бошанд? Фарзи мисол, афсонаи дӯстдоштаи ҷопониҳо, ки модарону бибиҳошон ҳатман ба ҷопонбачча сари гоҳвораи ҷопонӣ мехонад, дар бораи мӯрчаякест, ки хонда, донишманд шуда, заҳмат кашида, бою бадавлат мешавад. Аҳамият деҳ, шоҳу шаҳзода ва домоди подшоҳ не, ки маҳз донишманду бою бадавлат.

А, дар мо афсонаи маъруфтарин кадом аст? Оре, аккурат, Кали Зирак! Кале, ки кӯдакро маҳкам болои сиба баста, баъди 2-3 суруди ғарибӣ, бемодарӣ, бепадарӣ, ки аз ашк аз дидаи тимсоҳ мерабоянд, ҳатман тавсифу таблиғаш мекунем: 

-Кали Зирак-қаҳрамони аввалини атфоли Тоҷик на мехонад, на дониш дорад, на фаросат ва на фарҳанг, 1 хар дораду 1 модари пир ва 1 табақ ош, вале бо роҳи фиреб…домоди подшоҳ мешаваду то охири умр аз ҳисоби хусур хӯрда хоб аст… Акнун дидӣ, хонанда, ки чаро ҷавонони мо сӯи сарвати муфт равонаанду ҷопонбаччаҳо сӯи самти дигар? Дар охири ин реалити-шоуи зиндагонӣ, ҳатман «калҳои зирак»-и мо, ки домоди ину он сарватманданд, охири кор варшикаставу вомондаи ҷопониҳо мешаванд! Ё не мӣ?

Зеро ҷопониҳо фарзандро дар руҳияи фаолият ва дониш тарбият мекунанду мо калҳои зиракамонро дар руҳияи мошенникӣ, муфтхӯрӣ, сарвати осмонӣ. Афсонаҳои мо, ки баъдан  воқеият мегарданд, ҳатто фарҳанги табордориро, ки бузургтарин дастоварди Ориёност, варшикаста кардаанд. Дигар ин баччаҳо ба хотири насл не, ки барои чизу мол издивоҷ мекунанд. Ҳоло вожаи ишқ, маъзарат, вале ҷуз секс дигар маъние надорад. Издивоҷ бошад ба маънии тӯйи дакаданг ва ҳамсари сарватманд асту бас. Нафаре нест, ё хеле кам аст, ки дар андешаи фарзанди донишманд бошад. Аксарият дар фикри фарзанди сарватмандем. Фаромӯш кардаем, бузургтарин сарват, ки ҳаргиз аз фарзандони мо касеву чизе кашида гирифта наметавонад, ДОНИШ аст. Ман дигар чӣ гӯям, ки Рӯдакӣ ин матлабамро, 1079 сол пеш, ҷамъбаст кардааст:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад (баъд не, бадӣ-СМ) бар тани ту ҷавшан аст!

Мо Метавонем!!!

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter