Принт

Сафаре ба “Ленинобод” ...

 

Надонем чаро, вале ҳар боре сӯи Суғд, Хуҷанд, Шимол... гузоре мекардем, бузургсолон мегуфтанд: 

-Ленинобод меравед? Ленинободиҳо мардуми вежаанд...

Биёед ин бор низ аз ин вилоят чун қораи зодаи даврони советӣ, яъне Ленин-ОБОД ёд кунем. Мо Метавонем!!! 

18.06.2020. Соат ба вақти Душанбе 05:02 дақиқа. Аз ҷониби пойтахт сӯи шаҳри бостонии Хуҷанд роҳ пеш гирифтем. Саргарми тамошои табиати зебоманзари Варзоб, кӯҳҳои сарбаланди Суғд ва шухиву латифаҳои намакини ҳамкорон гашта, хастагии роҳро эҳсос накардем. Ба вежа дар ҳолате, ки роҳ ҳамвор асту роҳат. Ҳини гузашт аз водии Зарафшон, чун ҷое наҳор кардем,  гуфтаи солхӯрдае ёдамон нақш баст, ки мегуфт:

-Ин мардуми мо шикваро дӯст дорандо. Замони пеш 24-30 соат то Айнӣ мерасиданду ҳама “доволный” буд. Ҳоло дар 2-3 соат ва зуқ-зӯқ дар авҷи фалак...

Расо соати 10:17 дақиқа вориди шаҳри Хуҷанд гашта, ҳамкасбамон Ҷамилабону Ҳусейнова, ки падару модарашон зодаи ин шаҳри бостонӣ будаанд, роҳбаладу роҳбари сафари мо гардид. Дар бораи ҷойҳои таърихӣ, урфу одат, фарҳанги мардуми минтақа маълумоти муфассалро низ аз ӯ гирифтем. 

Ҷамила хуҷандӣ будаву мо бехабар!

   Ростӣ, то ин сафар, мо намедонистем, ки апайи Ҷамила аз ин шаҳранд. Зеро фикр доштем, чун сардабирамон “урус” аст...Вале ӯ ҷилави роҳро гирифту моро бо ҳар хишту роҳу роҳраву кӯчаву паскӯча ошно сохт:Таърихи зиндаи Суғд!!!

Лаззати хоси хӯрокҳои шаҳри Хуҷандро наметавон ба навиштан баён намуд. Махсусан лаззати махсуси сихкабобҳои хуҷандиро. Акнун эҳсос намудем, ки чаро баъзе ошхонаҳои пойтахт ва минтақаҳои дигар бо номи “Ошхонаи Хуҷандӣ” ва ба ин монанд ном дар пойтахт фаъолият мекунанд. Ин ошхонаҳо ҳарчанд бо чунин номҳо фаъолият кунанд ҳам, бешак лаззати хӯрокҳои хосӣ ошпазҳои Хуҷандро дода наметавонанд. Кабоби хуҷандӣ дар худи Хуҷанд дигар будааст...

Ин чанд рӯзе, ки дар вилояти Суғд қарор доштем аз хӯрокҳои гуногуни онҳо ба мисли ҷаварӣ, хомшурбо, мастоба, сихкабобҳои гуногун, оши палав ва самбуса тановул намудем. Воқеан лаззати онҳо тамоман дигар буд. Хеле лазизу иштиҳоовар! Ва инҷо 1 чӣ нофаҳмо буд, ки чаро таъми хурокҳои хуҷандӣ дар Хуҷанду Душанбе аз ҳам фарқ мекунанд? Хуҷанд худ бренд аст, вале маълумамон шуд, ки муттаассифона бархе аз соҳибкорони номуваффақ аз ин бренд суистифода мекунанду дар Душанбеву Хатлон ба гуфти Бобои Ғулом “мегузаронанд”...

Сайри “Қалъаи Хуҷанд”

18.06.2020. Соат ба вақти Душанбе 16:41 дақиқа. Дар назди дарвозаи боғ моро омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов пешвоз гирифта, нахуст ба осорхона таклиф намуд. Толори аввале, ки мо аз он дидан намудем аз мусаввараҳои сангӣ иборат буд ва он аз санъати волои мардуми тоҷик дарак медод. Толори ҷолиби дигар толоре шуд, ки дар он ҳам санъати тасвирӣ ва ҳам ҳайкалтарошӣ омезиш ёфта, ҳайёти одамони асри сангро намоиш медод. 

Ин осорхона, ки дар он таърихи Суғди куҳану нав гирд оварда шудааст, таърихи беш аз 90 сола дошта, нахустин осорхонаи тоҷик ба шумор меравад. Сипоси беандоза ба роҳнамо (гид)-и осорхона, ки маълумоти муфассалу пурраро дар бораи бозёфтҳои таърихӣ ва мусаввараҳо ба мо доданд. Пас аз боздид аз ин осорхона назару диди мо нисбат ба таърихи Хуҷанд ва мардуми ин шаҳри бостони билкул иваз шуд. Сӯи самти мусбӣ, албатта...

Боғи Камоли Хуҷандӣ рӯзе баста набуд!

   Баъди сайри осорхона ба боғи зебои маркази шаҳри Хуҷанд, яъне боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ рафтем. Директори боғ аввал моро ба мақбараи рамзии устоди зиндаёд Камоли Хуҷандӣ раҳнамоӣ карданд. Баъди дуову фотиҳа, дар бораи таърихи зиндагии устод ва мақбараи рамзии ӯ маълумоти муфассал доданд. Иброҳим Иброҳимов зикр карданд, ки шаҳравандони хориҷӣ ба боғи устод Камоли Хуҷандӣ бештар аз кишварҳои Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, Узбекистон, Амрико, Русия, Укараина ва Молдавия меомадаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дӯстдорони ашъори оламшумули Камоли Хуҷандӣ дар ин кишварҳо зиёд аст. Онҳо аз тамошои боғ ҳаловат мебурданд, аксбардорӣ мекарданд ва кӯшиш месозанд, ки чизи наверо дар бораи ҳаёту зиндагии устод биомӯзанд. 

Инҷо ёдрас менамоем, ки  боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ аз 1 уми майи соли 1939 расман кушода шудааст ва тули 1 аср мешавад, ки ин макон ҳамчу ҷои истироҳату фароғати меҳмонон гаштааст.

Бояд гуфт, ки новобаста аз эълон шудани пандемия ва хуруҷу паҳн шудани бемории сироятии коронавирус дари осорхона ва боғ рузе ҳам баста набуд ва мардум ҳар бегоҳ барои тафреҳ ба инҷо меомаданд. Ин хеле хуб аст!

Сирри Дарвозаи Хуҷанд

Баъди сайругашт дар боғ ба осорхонаи канори он рафтем. Ин осорхона ба номи Камоли Хуҷандӣ номгузорӣ гардида, дар он намунаи хонаи тоҷикиро дар асрҳои гузашта нусхакорӣ кардаанд. Аз тамошои ин осорхона 1 ҷаҳон лаззат бурдем ва фаҳмидем, ки аждодони тоҷикон дар санъати меъморӣ низ хеле пешрафта будаанд. Ҳатто дар асри гузашта дар хонаҳои тоҷикӣ қубурҳои обпарто ё коррезӣ  будааст. 

Аммо чизи ҷолибе, ки диққатамонро бештар ҷалб сохт ин зангулаҳои назди дари даромадгоҳи осорхона буд. Дар як қабати дар зангула бо садои баланд ва дар паҳлуи дигар зангула бо садои паст насб гардида буд. Масъулин ба мо гуфтанд, ки агар занҳо ба хона ба меҳмонӣ меомаданд, зангула бо садои пастро мезаданд, агар мардҳо меомаданд, зангулаи баландро мезаданду аз ин соҳибхона мефаҳмид, ки дар пушти дар зан аст ё мард ва ба пешвоз мебаромад. Инро оё медонистед??? 

Махсусияти хонаи суғдӣ

Аҷдодони мо хонаро ба ду қисм ҷудо мекардаанд. Қисмати аввал барои мардҳо, қисмати дуюм барои занҳо. Ин ҳама барои нарасидани чашми номаҳрам ба занони хонавода будааст. Таъмири хонаҳо ҳам дар қисмати занона ва ҳам дар қисмати мардона қариб якхела ба назар мерасид. Фарқият ин аст, ки қисми занонаи хонаҳо дар назди ошхона ва анбор ҷойгир мешудааст. Дар он асбобҳои риштаресӣ ва атласбофӣ ҷой гирифта, дар қисмати  занонаи хона ҳатман ҳуҷра барои кӯдакон ва ҳарами хонадон ҷойгир мешудааст. Дар анбори хонавода бошад, ҳама маҳсулоти хӯрока барои зимистон захира карда шуда, сар карда аз донагиҳо то гушту гандуму равғану орд-ҳама маҳсулоти хӯрока дар хумдонҳои махсус нигоҳдорӣ мешудаанд. Ба забони имрӯза-холодилник...

“Панҷшанбе” ва савдогарони хушзабони он

19.06.2020. Соат ба вақти Душанбе 08:21 дақиқа. Субҳи рӯзи нав ба хотири дидани бозори марказии шаҳри Хуҷанд бозори “Панҷшанбе” рафтем. Мисли дигар бозорҳои кишвар “Панҷшанбе” ҳам серодаму пурғавғо ба назар мерасад. Дохил шудан баробар ҳамин холаҳои нонфурӯшро бо чеҳраи гарму хандон мебинед. “Панҷшанбе” бозори калонтарини на шаҳри Хуҷанд, балки вилояти Суғд  ба ҳисоб рафта, аксарияти мардум ба он ҷо барои хариди хӯрока ва либоса мераванд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки то роҳбандии коронавирус, қирғизу ӯзбекҳои ҳамсоя низ ба ин бозор меомадаанд!

Роҳбарияти бозор ҳама корҳои пешгирикунандаро барои пешгири аз сироятшавии шаҳрвандон ба бемории сироятии COVID-19 анҷом додааст. Аксарияти фурӯшандагон бо ниқоб ва либосҳои як намуда, дохили дуконҳои худ нишастаанд.   1 нуқтаи ҷолиберо мехоҳем аз ин бозор бароятон қисса кунем, ки ин бо чеҳраи хандон пешвоз гирифтани ҳамаи муштариён аз тарафи фурӯшандагон ва бо муомилаи хуш гусел намудани онҳо буд. Вақте, ки дар дасти мо суратгирак ва бо телефон навор мебардоштем ҳеҷ кас худашро пинҳон намекард. Баракс фаъолӣ намуда, бо мо гарм суҳбат мекарданд. Болои маҳсулоти хӯрока аз ҷумла нонҳо бо селофан пӯшида шуда буданд. Аз низоми хоси “Панҷшанбе” ва нархҳои дар низоми он маълум гардид, ки назорат дар бозор хуб ба роҳ монда шудааст. Ин ҷо нарх ягона аст!!!

Маркетинги хуҷандӣ 

 Ҳангоми гаштугузор дар маркази шаҳри бостонии Хуҷанд аз гузаргоҳҳои зеризаминии он дидан намудем. Фарқ аз гузаргоҳҳои зеризаминии пойтахт аз замин то осмон-хафа нашавед, душанбегиҳои мӯҳтарам. Ба гузаргоҳ даромадан замон мағозаҳои шишагину зебо ва равшану дилкушо табъи касро болида месозад. Муомилаву муносибати соҳибкорон бошад роҳгузарро водор месохт, ки боз аз ин гузаргоҳ гузар карда ҳатман чизе харидорӣ намояд. Воқеан олӣ! Мо сокинони пойтахтро мебояд аз хуҷандиҳо муоширату муомила бо харидорон ва низом дар гузаргоҳҳои зеризаминиро омӯзем

Биҳишт дар “Баҳри тоҷик”

19.06.2020. Соат ба вақти Душанбе 14:07 дақиқа. Баъди анҷоми корҳо ва хӯроки нисфирӯзӣ бо хоҳиши зиёди акои Идибек-саҳифабанди ҳафтанома ва “Шефи ташкилӣ”, ба соҳили “Баҳри тоҷик” сафар намудем. 

Вақте мошин дар болои купруке, ки зебоии баҳр аз он хуб намоён буд расид, акои Идибек бо ҳаяҷони зиёд “Анна биҳиштӣ воқеӣ”-гӯён хурсандӣ мекард. Ӯ дар миёни мо ягона нафаре буд, ки ин маконро маротибаи аввал медид. Бо хушҳолии зиёд мегуфт, ки дар Тоҷикистон чунин манзараҳои зебо низ будааст. Ин як хушбахтии мардуми Хуҷанд аст, ки онҳо ҳар рӯз инҷо меоянд. Ҳама кунҷу канори ватани азизамон зебост ва ҳар як шаҳру вилоятро бо мавзеъҳои таърихию табиати зебояш мешиносад. 

Мо аҳли гурӯҳ якҷо дар лаби ин баҳр каме нишаста ва як қисматамон оббозӣ намудем. Хулласи гап, хело ҳолати зебо моро фаро гирифта буд дар лаби баҳр. Дар ҳавои гарми тобистон мардум бо зану фарзандонашон ҷамъ шуда, хушҳолӣ мекарданд. Акои Идибекро бо ваъдаи бозгашт ба соҳили баҳр аз об берун карда, ба меҳмонхона равон гаштем. Хуҷандиҳо мисли аврупоиён, бо аҳли байт, дам мегирифтаанд, ки мо низ бояд аз ишон омӯзем.

Зардолуи қанди Канд

20.06.2020. Соат ба вақти Душанбе 06:27 дақиқа. Аз меҳмонхонаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ба сӯи шаҳри Конибодом ҳаракат намудем.  Дар боғҳои зардолуи қад-қади роҳ, духтарони ба зардолучинӣ бандро дида, хостем бо онҳо ҳамсуҳбат гардем. Вориди боғе гаштан замон Фотима ном занеро саргарми кор дидем. Холаи Фотима  бо аҳли  оилааш ба боғдорӣ машғул буда, аз ин соҳаи сердаромад зииндагияшонро пеш мебаранд. 

Ӯ мегӯяд ҳосили зардолуро ғундошта аввал бозорҳои доҳилиро бо меваи тару тоза таъмин намуда, баъд боқимондаи ҳосилро бо усулҳои хос мехушконем. Меваҳои хушкро аз рӯи сифат ва тамъ ба 3-навъ ҷудо намуда, бастабандӣ мекунем. Баъди таъмини бозори дохила бо хушкмеваи зардолу як қисми онро ба хориҷи кишвар, асосан Федератсияи Русия содир менамоем. Дарвоқеъ бояд зикр намоем, ки холаи Фотима бо аҳли хонавода ба чидан ва хушконидани зардолу машғул буданд. Аз дарахти зардолу мева чидану тановул кардани зардолуҳои ширини Конибодом лаззати хосу фаромӯшнашуданӣ дошт. Ягон суғдӣ намегӯяд, боғи ман надаро. Меҳмоннавозтарин мардум...

Ободии тоҷикӣ ва харобаҳои қирғизӣ

Чизи дигаре, ки таваҷҷуҳи моро ҷалб намуд мағозаву дуконҳои қирғизӣ (аз номашон маълум) ва парчамҳои кишвари ҳамсояи Қирғизистон дар роҳи Хуҷанд-Конибодом буд. Аниқтараш аз тарафи дасти рост ҳама мағозаву қаҳвахонаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар дӯконҳои тиҷорӣ бо қирғизӣ номгузорӣ гардида буданд. Тарафи муқобил яъне тарафи чапи роҳ бошад дӯконҳо ва мағозаҳо тоҷикӣ. Рангубору таъмири олии дукону мағозаҳо ва тозагии кӯчаҳову атрофи роҳро аз тарафи чапи роҳ дида бори дигар ба меҳнаткашу заҳматпешагии мардуми тоҷик қоил гардидем. Таҳқир намекунем, вале биёбонгарду гусфандчарон будани қирғизҳо (албатта баъзеяшон) аз намуди зоҳирии биноҳои онҳо маълум аст. То ҷое иттилоъ ёфтем шаҳри Конибодом бо Қирғизистон 41 км марз дорад. Хушбахтона дар ҳоли ҳозир муносибати ҳамсояҳои қирғиз бо мардуми ин минтақа хуб аст. Дар қад-қади роҳ неруҳои мусаллаҳи марзбони 2 кишварро мушоҳида намудем, вале пасон гуфтанд, ки ин амал ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва гаштугузори мардум дар маҳали наздимарзӣ буда, пас аз беҳбуд ёфтани вазъ бардошта хоҳад шуд.

Рейди Аҳмадзода ва хариди мо

21.06.2020. Соат бо вақти Хуҷанд 8:00 дақиқа. Ҳар нафаре, ки ба вилояти Суғд хосса ш.Хуҷанд сафар мекунад, ҳинни бозгашт ҳеҷ гоҳ дасти холӣ барнамегардад. Нони ширмолу мағзу мавиздор, нишоллову парварда, қурути равғанин, ҷаварию зардолуи қандак-бренди Хуҷанд аст. Мо низ бо мақсади хариди тӯшаи роҳу савғотӣ ба бозори “Панҷшанбе” омадему раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро дар саҳни Регистони назди бозор дидем, ки ҳам ситод баргузор мекарду ҳам аз вазъи санитариву эпидемиологии бозор санҷишу бо мардуми савдогару харидор суҳбат. Гуфтанд, ки Раҷаббой Аҳмадзода ҳатман ҳафтае 2-3 маротиба аз ин бозор рейд карда, ба вазъи тозагии ону танзими нарху навои маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Ин хуб аст вақте раиси вилоят шахсан ба бозор меояд, зеро агар хоҳӣ, ки донӣ дар шаҳр чӣ гап аст, ба бозор рав, мегӯянд. Раиси мардумӣ...

Дар шумораҳои баъдӣ хонандаро ҳатман бо дастоварҳои иқтисодӣ, молиявӣ, кишоварзии ин вилоят ошно хоҳем кард. Мо Метавонем!

 

Омиронаи Сайёф, Ҷамила Ҳусейнова, Исмоилҷон Маликов, Шералӣ Давлатов, Идибеки Маҳмудҷон, СССР

 

Матлабҳои дигар