Принт

Имзо…ва мавқеъ

Муҳимтарин чизе, ки ин ҳафта хондам, матлаби Сафват Бурҳонов буд, ки 1 филми антиоппозитсиониро механдид. Профессионално механдид, заҳрханда дошт ва рост мегуфт:

-Агар 1 давлат бо тамомии дастгоҳи идеологияш зидди душманони №1 (Хиёнат) бе имзо ва бе муаллиф, бо садои кашидаву пӯшидаи ровӣ ва ғ. ва ҳ. суҳбат мекунад, боварии мардумро ба худ мекоҳонад…

Ман ростӣ, намефаҳмам, ки чаро бо доштани даҳҳо ҳазор журналист, идеолог, таърихнигор, сиёсатшинос, академик, Армияи ИНТ, Дивизияи АУ, даҳҳо институт, садҳо универ ва чандин ҳазор номзади илму доктору профессор…1 НАФАР НЕСТ, КИ БО ИМЗОИ ХУД АЗ МАНОФЕИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ ПУШТИБОНӣ НАМОЯД?!

Касе мефаҳмад ин моҷароро, гӯяд, нависад, мо чоп мекунем. Мо Метавонем!

Ва ана ҳамин бесарукалобагист, ки шахсиятҳои калидӣ ва низомӣ, ки усулан бояд «инкогнито» бошанд, худ сари кор меоянд ва моҷароро шарҳ медиҳанд:

-Интервюи генпрокурор…Матлабҳои бисёр хонданӣ ва илмии С. Ятимов…Мақолаҳои Абдуҷаббор Раҳмонзода…

Пурсида мешавад, чаро онҳое, ки нонашон аз ин ҳисоб аст, қафо нишастаанд? Метарсанд ва ё лаҳзае дигарро мунтазиранд, ки қаблан чандин бор гуфта будем, ки «Дар сессияи тақдирсози Хуҷанд касе ба ин ҳукумат бовар надошту аксарият он, яъне ҳукуматро, ба доми балову марг, ба Душанбе фиристоду худ позитсия гирифта истоданд?». 30 сол позитсия гирифта мешинем? О, мавқеатонро муайян кунед, ҷанобон!

Шахсан ман, ҳич гоҳ дар ҳукумат на кор кардааму на кор карданиям ва бо ин саркашии зотие, ки дорам, кор ҳам намегирандам-«отвечаю!». Вале ҳоло сухан танҳо сари ҳукумат ва вазифа намеравад. Гап сари Ватан ва Давлати Тоҷикон аст, ки сараш ҷангҳои бузурги идеологӣ шуруъ шудаву давлатҳои ниқорталаб бо пешандозии сакалтуе чанд ба ном тоҷик мардумро ба ҷанг даъват кардан доранд. 

Ман воқеан ҳам ҳайронам, вақте Гулназари бознишаста аз манофеи давлат ҳимоя мекунад, чаро 1 узви феълии раёсати ИНТ дар ин маврид ҳарфе намегӯяд? Шумо бовар доред, ки Айнӣ, Турсунзода, Лоҳутӣ, Улуғзода, Ғаффор Мирзо агар имрӯз зинда мебуданд, мисли дигар аъзои ИНТ хомӯш менишастанд?

Ё худ, чаро ИЖТ-муҳимтарин дастгоҳи идеологӣ хомӯш аст? Ман намегӯям, инҳо бароянду бо ура-ура «рӯи ҳамаро- гуфти бобои Ғулом- сияҳ кунанд!». Баракс, бояд бар мардум фаҳмонанд, ки даъват ба инқилоб ва ҷангу саркашӣ ин қатли миллат аст…

Никита Михалков-артисти рус 1 барномаи бисёр диданӣ дорад бо номи «Бесогон» (Ҳатман тамошош кун, хонанда-БесогонTV «Ich/Wir Besogon»). 70-80% барномааш ба ман писанд нест, зеро якҷиҳатаанд. Вале мавқеи ин мард ба ман писанд аст. Ӯ дар ҳимояти манофеи кишвар ва давлати хеш қарор дорад ва 1 мисқол аз ҷой намеҷунбад. Пас, чаро «Михалковҳои тоҷик», коргардону артисту фарҳангиёни мо, ки солҳои тӯлонӣ (30 сол!) аз ҳисоби ҳамин Давлату Ҳукумат ва Миллат дағ-даға доштанду доранд  («Бесогон» таъсис ҳам надиҳанд, чун потенсиали фикришон намерасад), ақаллан аз номи худ дар барномаву филмҳое, ки ин шабу рӯз нишон медиҳанд, баромад накунанд? Бо садои худ, имзои худ, мавқеи худ!

Ман мавқеъпарастам. Зеро Инсон бояд изи пои худро дошта бошад. Раҷаби Мирзо мавқеъ дорад, Раҳматилло Зойиров мавқеъ дорад, Шокирҷон Ҳакимов…мавқеъ дорад. Ҳатто онҳое, ки имрӯз душмани ин миллату ин ватананд мавқеъ доранд. Пештоз хидмататон арз кунам, ки мавқеи ишон аслан бо мавқеи ман, ки Тоҷикпараст, Миллатпараст, Давлатпараст ва Роялистам созгор нест. Вале чун мавқеъ доранд, ман ишонро бештар аз онҳое арҷ мегузорам, ки бемавқеанд, 2-погонаанд, 2-гунаанд. Зеро ахириҳо хатарноканд!!!

Саъдии Маҳдӣ, Абдуқодири Абдуқаҳҳор, Нуралӣ Хоркаш…мавқеъ доранд ва аз позитсияи хеш бо имзои худ ҷавонмардона ҳифз мекунанд. Ин ҷо сухан сари пулу мол намеравад, ки хонанда фикр дорад:

-Саъдӣ ва Абдуқодир 1 кулбаи одиву хоксорона ва ҳатто камбағалона доранду Нуралӣ онро низ на, зеро 30 сол шуд, ки дар 1 хобгоҳи умумӣ, бо аҳли байт иҷорашин аст! Вале вазиру кабиру раису академику депутату шоирҳои халқиву журналистони давлатро, чӣ орӯ газидааст, ки дар ин 30 сол, аз ҳисоби ҳамин Давлату Ватан кайфу сафо доранду мавқеъ ва имзо на???!!!!

Сафват Бурҳонов, Додоҷон Атовуллоев, Бахтиёр Аминӣ ва боз чанд ангуштшумор патриоте ҳаст, ки мавқеи ватанхоҳӣ ҳам доранду низ бо имзои хеш дар дили Аврупо бо оппозитсияи исломӣ дар набарданд. Яъне чӣ? Яъне агар гап сари тарс мебуд, евро-муллоҳо метавонистанд онҳоро тӯронанд. Пас сухан сари дигар чӣ намеравад? Фарзи мисол, ризоияти ботинӣ ё худ «ҳаммавқеии хомӯшона» бо ҳамон, ба масал «хиёнаткорони миллӣ»???

Сари ин масъала бояд хеле чуқур андешид. Вале бо ким…???

 

 

Матлабҳои дигар