Принт

Духтур бе чек қабул намекунад!

 

 Рости гап имрӯзҳо ба он духтуроне, ки муддати чанд моҳ боз ба ин касалии ногаҳонӣ даст ба гиребонанду ҷони худашонро дар хатар мемонанд, сари таъзим ниҳодан кам аст, онҳо ба ҳама қаҳрамонӣ ҳақ доранд. Баъзе духтурони мо гузаштанд, ки руҳашон шоду манзили охираташон обод бод.

Пойҳоям дард мекарду 1 духтури шиносам ба ман коғаз дод, ки ба беморхонаи шаҳраки тиббӣ ба назди фалон духтур равам. Аммо он шиносро наёфтаму ба шуъбаи ташхиси табобатӣ рафтам. Ҳамин, ки даромадам, хостам ба назди ягон духтур равам, аммо намонданд, гуфтанд аввал чек гиред-45 сомонӣ, баъд дароед. 

Хулас, даромадаму ба як утоқ. Утоқи А.Сайфиддинов ном 1 ҷавони паҳлавон-сардори шуъба будааст. Вай гуфт, ки духтури шиноси шумо ба ҷаноза рафтааст, мо қабул намекунем. Илтимоси зиёд кардам, лек бе натиҷа. Ба қабулгоҳи сардухтур рафтам. Дар қабулгоҳ духтараке нишаста буд, пурсу пос карду гӯширо гирифту як ҷавонро ҷеғ зад  гуфт, ин амакро фалон ҷо баред. Ӯ маро боз ба назди А. Сайфиддинов бурд…

Доктор Сайфиддинов худ шоҳу таъбаш вазир будааст. Баъд духтараке ба фамилияи А.Сафарова маро муоина кард. А.Сайфиддинов норозиёна ба ман нигоҳ мекард. Магар назди чунин духтурҳо сари таъзим фуруд овардан меарзад ё не? Барои чунин шахсон салом ҳайф аст! Дилам ба он месӯзад, ки чандин беморон назди вай мераванду ночор мемонанд, баъд фаҳмидам, ки шахсони чекдорро қабул намекардааст…

Наҷмиддин Худоиев  

 

Матлабҳои дигар